МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

экстремизм ва моҳияти он

экстремизм ва моҳияти он

Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд. Имрӯзҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанд ва тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд. Маънои аслии «экстремизм», «терроризм» чист ва он чӣ гуна намоён мешавад?»   

Экстремизм-аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

         Мутаасифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатњо ва созмонҳое  ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал омадааст. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? 

Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст: аввалан, афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ, дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), олами моро тағйир медињад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҳаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид нафрат, эътироз ва муқобилиятро ба миён меоварад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад. Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон ривоҷ ёфтааст-ин эҳсоси беадолатб нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати-дуруя. Меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаасифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин  андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро “Қуръони Карим”, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст: Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

 Мирзоев Ш-сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-07-2019, 14:13:29 | Диданд: 453