Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3937]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3927]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 53560
Назаров Қ.: «Аксари қотилони шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дастпарварони як таълимгоҳанд»
08-уми августи соли ҷорӣ, тавассути шабакаи аввали Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон филми мустанади Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси амалҳои террористии аз ҷониби аъзоёну роҳбарони ТЭТ ҲНИТ, зери сарпарастӣ ва дастуру ҳидоятҳои хадамоти махсуси ЧИЭ нисбат ба як қатор афроди маъруфу саршиноси миллати тоҷик содиршуда, намоиш дода шуд. Вокунишҳо ба филм гуногунанд. Аз ҷумла, баъзе ҷонибдорони ТЭТ ҲНИТ ва пуштибонони онон тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ кўшиш доранд дурустии далелҳои собитшударо дар қазияи мазкур зери шубҳа баранд.
Бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъала, сўҳбате доштем бо собиқадори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники мустафъии милитсия Қурбоналӣ Назаров, ки чандин сол ба таҳқиқи парвандаҳои марбут бо амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар ҳамин филм зикргардида, машғул буд ва бевосита дар ошкор кардан, таҳқиқ ва кушодани гиреҳи пурмуаммои ин ҷиноятҳои мудҳиш, дастгир намудани террористон ва ашхоси бо онҳо алоқаманд иштироки бевосита доштааст.
Шумо хуб огаҳ ҳастед, ки солҳои охир муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рў ба сардӣ оварданд ва то ҳаде расиданд, ки баъзе намояндаҳои расмии давлати Эрон рўирост Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳгор карда истодаанд, ки беасос ҲНИТ-ро ташкилоти террористӣ ва фаъолияташро мамнуъ эълон кардааст. Андешаи Шумо дар ин масъала чист?
Қ.Н.: Пеш аз ҳама мехостам ёдовар шавам, ки ман сиёсатмадор нестам. Намехоҳам дар бораи тарафҳои сиёсии масъала гап занам. Ин ҷо танҳо дар бораи факту далелҳое сўҳбат мекунам, ки ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои касбӣ, таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии бо амалҳои террористӣ вобаста бароям маълум шудаанд. Лекин қабл аз он ки дар бораи ҷиноятҳо сўҳбат кунем, бояд каме заминаҳои офарандаи ин ҷиноятҳоро ба ёд биёрем.
Манзуратон кадом сарчашмаҳост?
Қ.Н.: Ҳама медонанд, ки баъди аз байн рафтани давлати бузурги Шўравӣ, кишварҳои абарқудрат ба тақсимоти нави ҷаҳон ва зери таъсир гирифтани давлатҳои хурдтар шурўъ карданд. Дар ин давра, зиёиёни мо масъалаҳои худшиносии миллӣ ва баландбардории мақоми забони тоҷикиро ба майдонҳои баҳсу мунозира табдил дода буданд. Ин лаҳза барои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ҷаҳду талош дорад то худро ҳамчун қудрати минтақавӣ нишон диҳад, хеле мусоид омад ва бо истифода аз шиорҳои «ҳамзабонию ҳамдилӣ» вориди Ватани мо гашт. Аз як тараф алоҳида намояндагони қишри зиёӣ ба Эрон бурда мешуданду аз тарафи дигар руҳониҳо, хусусан роҳбарони ҳизби навтаъсиси наҳзати исломӣ зери таъсири идеологияи бо ном «инқилоби исломӣ» гирифта мешуданд. Дар ҳамон майдонҳое, ки буданд, оҳиста-оҳиста масъалаи забону фарҳанг фаромўш шуду ҷояшро сухан аз дину имон дар алоқамандӣ бо сохти давлатдории исломӣ гирифт. Майдонҳоро ришу ҷелак зер кард. Эшони Қиёмиддину мулло Абдуғаффор баринҳо шиорҳои эронӣ сар медоданду ҷавонони раҳгум аз пушташон қадам мезаданд. Сипас, майдонтақсимшавиҳо буду ҷангу бародаркушӣ ва ғайра. Ҳамаи ин дар пеши чашми мардум мегузашт.
Вале ба андешаи Шумо Ҷумҳурии Исломии Эронро бо ин ҳодисаҳочӣ нисбатест?
Қ.Н.: Ба саволатон бо савол ҷавоб медиҳам. Баъди ҳодисаҳои маълуми онрўза сарварони ҲНИТ Мулло Абдуллои Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода ва аҳли авлоди онҳо дар куҷо паноҳгоҳ ёфтанд? Дар шаҳри Теҳрон. Эшони Қиёмиддину дигаронашон низ дар кўча намонданд. Азобу уқубат дар сари онҳое буд, ки гуреза шуданд ва бо аҳлу аёлашон даруни хаймаю чоҳҳои сарди хокию лойолуд дар шимоли Афғонистон зиндагӣ мекарданд.
Тавре аснои таҳқиқи парвандаҳо ва пурсиши ҷинояткорон барои ману дигар ҳамкоронам маълум гашт, маҳз дар ҳамин давра бори дигар дар байни ҷавонону гурезаҳои камсаводу сустирода роҳбарону таблиғгарони ҲНИТ ба тарғиботи идеологияи ифротӣ пардохта, қисмате аз онҳоро барои таҳсил ба ҳар гуна мактабу таълимгоҳҳо, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бурданд. Абдуллои Нурӣ, Маҳмадалӣ Ҳайиту дигарон ҷавононро ба ҷиҳод даъват карда мегуфтанд: «Ояндаи Тоҷикистон шумоед!».
Ҳамзамон дар ҳамон рўзҳо гурўҳи дигар зери роҳбарии корманди Сафорати ҶИЭ дар ҶТ Алӣ Ризо Чеҳраоламӣ дар худи Тоҷикистон алоҳида ҷавонони тоҷикро интихоб, истихдом ва бо баҳонаи таҳсил ба қаламрави Эрон интиқлол медоданд.
Оё Шумо метавонед далелу мисолҳои мушаххасро дар ин мавзўъ пешкаш созед?
Қ.Н.: Албатта. Ҳар сухане дар ин сўҳбат баён медорам, ман онро аз касе нашунидаам. Худам шахсан дар таҳқиқи ин ҷиноятҳои террористӣ аз оғоз то анҷом ширкат кардаам. Чӣ хеле ки мегўянд, шахсияти зинда ҳастам. Инҳо ҳақиқате ҳастанд, ки ҳангоми коркарду таҳқиқи парвандаҳои бо амалҳои террористӣ алоқаманд бароям маълум шудааст. Чуноне, ки зимни ошкор намудан ва бозпурсии ашхоси дар кушторҳои рўзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур, ҳуқуқшиноси шинохта Сафаралӣ Кенҷаев, Раиси ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов)-и вилояти Суғд Бегиҷонов С., хабарнигори ОРТ В. Никулин, журналистон Хушбахт Ҳайдаршо, Давлаталӣ Раҳмоналӣ, хизматчиёни ҳарбии Россия, роҳбари равияи динии «Баҳовия» Абдуллои Муқаррабӣ (зодаи Эрону шаҳрванди Британияи Кабир), таркиши маркази масеҳии «Сонмин» дастдошта, инчунин нишондодҳои дастгиршудагон бароямон маълум шуд, ҳамаи аъзоёни ин гурўҳҳои террористӣ дар шаҳрҳои Қум, Машҳад, Ардабил, Караҷ ва Мозандарони ҶИЭ омодагии ҳарбию ҷангиро гирифтаанд.
Ҷангиёни наҳзатиро дар се давра (солҳои 1993 – 1994, 1994 – 1996, 1996 – 1998, дар ҳар даврае аз 80 то 100 нафарӣ) бо ихтисосҳои таблиғотчӣ (пропагандист), муайянкунанда (установщик), назораткунанда (наблюдатель), таҳиякунандаи воситаҳои тарканда ва нобудкунанда (киллер) омода намудаанд. Чизи ниҳоят муҳим он аст, ки хадамоти махсуси Эрон таваҷҷуҳи хоса барои тайёр кардани истихдомчиҳо (вербовшикҳо) медод. Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳазор зиракиву айёрӣ интихоб мекарданд ва меомўзониданд, ки чӣ тавр як тоҷики соддаи мусулмони суннии раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд. Аз як бандаи Худо террорист тайёр кунанд. Қабл аз бурдан ба марказҳои террористӣ, ба ҳар як нафар лақаби мустаор ва асноди қалбакӣ дода мешуд, то нисбати шахсияти якдигар маълумот надошта бошанд. Баъдан онҳоро ба ҳалқаҳо ҷудо намуда, як нафарро сардори он таъин мекарданд ва тавассути ў ҳалқа идора мешуду дастуру супориш мегирифт. Баъди гузаштани давраи омодагии ҷангӣ-диверсионӣ барои иҷро намудани амалиёти тарҳрезишуда ба Тоҷикистон фиристода мешуданд. Масири интиқоли ҳар гурўҳи 5-нафара гуногун буд. Онҳоро ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, Оши Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон интиқол медоданд ва аз он ҷо мустақилона худро ба Тоҷикистон мерасониданд. Вобаста аз масири ҳаракат, аз 800 то 2000 доллари ИМА роҳпулӣ мегирифтанд.
Аз гуфтаҳоятон бармеояд, ки Шумо маълумоти мушаххасеро нисбати ин ҳалқаҳо ба даст овардаед ва оё метавонед, ки бо ном бурдани ашхоси воқеӣ гуфтаҳоятонро тақвият бахшед?
Қ.Н.: Тавре дар боло таъкид кардам ҳангоми таҳқиқи ҳар як парванда маълумоти наверо дар вобастагӣ бо ин гурўҳҳои диверсионӣ-террористӣ дастрас мекардем, ки мисли занҷираи пайвастаи ҳам буданд. Бо ҳамин восита мо чандин панҷгона, аз ҷумла ҳалқаҳо зери роҳбарии Назиров А.Ҳ. – лақабаш «Шокир», Атовуллоев М.Р. – «Нусрат», Олимов М.С. – «Муҳсин», Тошев Н.М. – «Саҷҷод», Норкалаев М.Н. – «Хуршед», Ниёзбоқиев Ё. – «Алиакбар», Рустамов Н.А. – «Муртазо», Толибов З.Х. – «Фирўз», Манонов Ш.Ш. – «Асадулло», Комилов Ф.И. – «Фаттоҳ» ва ғайраро муайяну дастгир кардем. Миёни онҳо шояд чанд нафаре ҳам бошанд, ки то имрўз аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехтаанд, лекин ҳеҷ ҷиноят пинҳон намемонад. Чи хеле ки омилони куштори Сафаралӣ Кенҷаев ва хизматчиёни ҳарбии Россия чандин сол баъд ошкору дастгир карда шуданд ва мову Шумо дар филм дидем. Аз контингенти зикргардида, мо беш аз 100 нафарашонро барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин боздошт карда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидем. 21 нафарашон бо ҷурми хиёнат ба Ватан ба муддати ҳадди аксар аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Ҳангоми таҳқиқу коркарди парвандаҳо далели дигаре низ бароямон ошкор шуд. Аксари аъзоёни ҳалқаҳо, баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва таъсиси баталёни 25-ум дар сохтори Вазорати мудофиаи ҶТ, ки командири он Абдуҳалим Назарзода таъин шуда буд, ба сафи хизматчиёни ҳарбӣ ворид карда шуданд. Тибқи баёноти боздоштшудагон Холиқов Х., Миров Т., Зоиров А. ва ғайра як қисми онҳо бо даъвати бевоситаи А. Назарзода аз Федератсия Россия ба Тоҷикистон баргаштанд ва ба ин воҳиди низомӣ дохил карда шуданд.
Ҳамчунин, аз рўи нишондодҳои Манонов Ш., Олимов М., Рустамов Н., Атовуллоев М. худи Назарзода ва сардорони ҳалқаҳо мунтазам дар утоқҳои махсуси Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар ҶТ ва хонаҳои иҷора, ки ҳамчун мулоқотгоҳи махфӣ аз ҷониби Алӣ Ризо Чеҳраоламӣ ва ҳамкоронаш истифода мешуданд, бо онҳо вохўрӣ мегузарониданд ва дастуру супоришҳои мушаххасро, аз ҷумла дар хусуси аз байн бурдани шахсони зарурӣ, ба онҳо медоданд. Аз овардани суроғаи ин хонаҳо худдорӣ мекунам, зеро дар ҳолати имрўза дар онҳо шахсоне зиндагӣ мекунанд, ки бо ин ҳодисаҳо аслан иртиботе надоранд.
Тибқи шоҳидии номбаршудагон, корманди Сафорати Эрон Алӣ Ризо Чеҳраоламӣ дертар ба Абдуҳалим Назарзода як дастгоҳи алоқаро додааст ва аксар вақт онҳо ба воситаи он тамос мегирифтанд.
Шахсоне, ки бояд ҳамчун ҳадаф барои террор қарор мегирифтанд, чӣ гуна интихоб мешуданд?
Маълум аст, ақлу фаросати террористон, ки сад дар сад аз ҷавонони тоҷик интихоб мешуданд, барои интихоби ҳадафи террор намерасид. Ном, насаб, нишона, масири ҳаракат, рақами мошин, аломатҳои фарқкунандаи ононро корманди Сафорати ҶИЭ Алӣ Ризо Чеҳраоламӣ ва рафиқони сафоратии ў медоданд. Ҳадафи бечораро ба «кофирӣ» ва «зидди ислом» будан туҳмат мекарданд. Қотилро ба амали террористӣ руҳан омода месохтанд. Албатта, ҳар куштор нарх ҳам дошт. Террорист ҳатто намедонист, ки ин шахсият барои Ватан, Миллат чӣ хизмате кардааст.
Сафорати Эрон ҳар як шахсияти тоҷикистониро меомўхт. Бо зиёиёни соддалавҳи мо пардапўшона, бо лафзи ширин дар бораи шахсиятҳои муътабари тоҷик, ки куштори онҳо тарс, ваҳм, вокуниши ҷамъиятӣ ва сиёсиро ба вуҷуд меовард, суҳбат намуда, маълумот мегирифт. Онҳоро оҳиста ба рўйхати ҳадафҳое, ки бояд мавриди террор қарор гиранд, ворид мекард.
Оё имконият доред, ки дар бораи якчанд ҷинояти ошкорнамуда ва унсурҳои ҷиноятии дар онҳо дастдошта ин ҷо хотиррасон гардед?
Қ.Н.: Албатта, ман метавонам ин ҷо барои исботи фикр чанд амали террористӣ ва кушторҳоеро қайд кунам, ки шахсан дар коркарду ошкор кардани онҳо бевосита ширкат доштам. Масалан:
27-уми октябри соли 1994 дар ҳудуди техникуми Осиёи Миёна дар шаҳри Чкаловск, бо истифода аз силоҳи оташфишон, хизматчиёни ҳарбии қисми низомии №28095-и ВМ ҶТ капитан Бобохонов И.С. ва лейтенанти калон Садриддинов А.А. аз ҷониби гурўҳи Ниёзбоқиев Ёқуб (лақабаш «Алиакбар») ба қатл расонида шуданд. Ба гурўҳи номбурда Тошев Наим («Саҷҷод»), Шарипов Саид («Саттор»), Файзиев Ғайбулло («Рауф»), Комилов Ҷамил («Саид») шомил буданд. Аз ҷониби ҳамин гурўҳ 10-уми майи соли 1995, дар даромадгоҳи ҳуҷраи 33, хонаи 25-и маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Исоев Казбек Максимович ва ҳамсараш Давлатова Н. кушта шуда буданд. Куштори хизматчии ҳарбии ФР Пивнов А.М., ҳамсараш Архипова ва шаҳрванд Сергиенко 17-уми майи соли 1995 дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 18, хонаи 18, ҳуҷраи 3 (баъд аз паррондан сарашонро аз тан ҷудо карда болои миз гузошта буданд) кори дасти ҳамин гурўҳ буд. Аксари дастгиршудагон нисбат ба Ниёзбоқиев Ё. ҳамчун ташкилкунанда ва дар бораи Алиризо Чеҳраоламӣ ҳамчун супоришдиҳанда нишондод доданд.
Кушторҳои полковники ВМ ФР Шкипкин Ю.В. дар таърихи 01-уми июни соли 1994 дар кўчаи Ғафуров, хонаи 6/1, хизматчиёни ҳарбии ФР Христофоров С.Е., Захаров А., Кленова Ф. ва Анишук дар таърихи 02-юми июни соли 1994 дар кўчаи Маяковский, хонаи 2, ҳуҷраи 32 аз ҷониби Қузратов Саймуҳриддин («Зайналобиддин») ва се нафар ҳамдастони ў сурат гирифта буданд. 05-уми августи соли 1994 аз ҷониби ҳамин гурўҳ дар анбори сўзишвории қисми ҳарбии 2445-и қушунҳои сарҳадии ФР таркиш ба амал оварда шуд. Натиҷаи ташхиси баллистикии гилзаҳои дар ҷои ҳодисаҳои мазкур гирифташуда нишон дод, ки ин ҷиноятҳо, ҳамчунин кушторҳои Директори телевизиони ҶТ Давлаталӣ Раҳмоналӣ дар таърихи 18-уми июли соли 1994 ва хизматчии ҳарбии ВМ ҶТ М. Назаров (02-юми феврали соли 1995) аз як силоҳ иҷро шудаанд. Боздоштшудагон аз Абдуҳалим Назарзода ҳамчун ташкилкунандаи ин кушторҳо ва аз Алӣ Ризо Чеҳраоламӣ чун супоришдиҳанда ном бурданд.
Амали террористӣ нисбати вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев, ки 30-юми марти соли 1999, соати 17:30 дақиқа дар даромадгоҳи бинои 32, воқеъ дар кўчаи Ғафурови шаҳри Душанбе, бо силоҳи оташфишони тамғаи АК-74, муҷаҳаз бо дастгоҳи овозпахшкунӣ ва таппончаи тамғаи «ПМ» анҷом дода шуда буд. Дар ҷои ҳодиса ҳамроҳони ў шаҳрвандон Комилов Ҷ., Насриддинов С. ва Холов А. низ кушта шуда буданд. Дар раванди коркарди ин ҷинояти мудҳиш, муайян намудем, ки иҷрокунандагони ин амали террористӣ Пираков Диловар Шоҳович («Муслим») ва Ашрафов Тағоймурод Сироҷович («Алӣ») мебошанд. Маълумот аз рўи нишондодҳои Холиқов Х.Д., Сулаймонов У.А., Азизов М.Х., Қодиров А. ва дигарон пурра тасдиқ гардид. Худи ҷинояткорон ва дигар ҳамдастонашон ҳамчун ташкилкунандагони ин амали террористӣ нисбат ба Абдуҳалим Назарзода ва дар бораи Алӣ Ризо Чеҳраоламӣ ба сифати супоришдиҳанда баёнот доданд.
Дар рафти таҳқиқи ҷиноятҳои болоӣ, инчунин бозрасии парвандаҳои куштори хабарнигорони ватанпарасту миллатдўст Хушбахт Ҳайдаршо, Муҳиддин Олимпур, В. Никулин ва дигарон роҳу равишҳои амалӣ кардани актҳои террористӣ то андозае бароямон маълум шуд. Тавре дигар ҳамкоронамон дар рафти ошкоркунӣ, баррасию таҳқиқи чиноятҳо вобаста ба амалҳои террористӣ нисбат ба шахсиятҳои муътабаре мисли Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, Сайф Раҳими Афардӣ ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик маълумот гирифтанд, равиши содир намудани ҷиноятҳо шабеҳи якдигар аст ва собит мекунад, ки қотилон аксаран дастпарварони як таълимгоҳанд.
Ба фикри Шумо ангеза ва мақсади асосии ин кушторҳо чӣ буд?
Қ.Н.: Мақсад як буд. Задани зарба ба қудрати интелектуалии миллат, тарсонидани аҳли зиё, бедор кардани ҳисси нобоварӣ, норозигӣ дар қалби сокинон ва ба ин васила заиф нишон додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини амнияти мардум. Ҳамзамон, ҷудоиандозӣ, ангехтани зиддият, низоъ байни маҳалҳо, минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон. Чизе ки лозим ба таъкид аст, бояд қайд карда шавад, ки то анҷоми куштор, ривоятҳои гуногун дар бораи сабабҳои он коркард ва овоза карда мешуданд. Яъне хабарҳои дурўғ дар бораи душманони шахсӣ ва хизматии афроди терроршуда. Бо ин васила, онҳо мехостанд ҳам қотилро пинҳон кунанд ва ҳам нақшаи кушторро таъмин созанд. Лекин кушторҳое низ ҷой доштанд, ки ангезаашон қасосгирӣ буд. Масалан, куштори Раиси ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов)-и вилояти Суғд Бегиҷонов С., ки тавассути квотаи 30-фоиза таъин шуда буд. Дар ҳамон рўзҳо роҳбарони сатҳи болоии мухолифин бо баъзе меҳмонони худ ба назди ў мераванд. Онҳоро хуб пешвоз намегирад ва хоҳишҳояшонро амалӣ намекунад. Барои ҳамин дастур барои аз байн бурданаш дода мешавад. Алоқамандии ин кушторро бо амалҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе аз рўи силоҳи истифодашуда – таппончаи «Макаров» муайн кардем. Қотилон онро ба дарё партофта буданд, вале тибқи нишондоди онҳо силоҳро пайдо кардем. Санҷиши баллистикӣ нишон дод, ки ин таппонча дар дигар ҷиноятҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе низ истифода шудааст.
Ба андешаи Шумо далел ҳои овардаатон метавонанд онҳоеро, ки ба таҳқиқу ошкорсозии ин ҷиноятҳои вазнин бо назари шубҳа менигаранд, муътақид созанд?
Қ.Н.: Тавре дар боло зикр кардам, он чӣ аз ҷониби банда қайд шуд, танҳо ва танҳо дар бораи ҷинояту ҳодисаҳое иброз гардид, ки худам дар таҳқиқу ошкор намудани онҳо иштирок доштам. Аз ҷониби дигар, ҳамаи ин дар парвандаҳои ҷиноятӣ бо далелҳои собитшуда, ҷадвалҳои вақт, замон, макон ва тарзу усули анҷом додани амалҳои террористӣ нишон дода шудааст. Хулосаҳои коршиносӣ, санҷишу ташхисоти баллистикӣ раднопазирии фактҳои исботшударо пурра таъмин намудаанд. Касе агар худро ба кариву кўрӣ ва нофаҳмии мақсадноку ғаразнок занад, марҳамат, ҳоло ин парвандаҳо бо далелҳои мушаххас, дақиқ, аниқ, иштироки шахсони холиси тасдиқкунанда дар бойгонии судҳо ба пуррагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Баръакс, оне ки худро ба гунгиву нодонӣ мезанад, далелҳоро зери шубҳа мегузорад, як далеле ҳам дар муқобил оварда наметавонад.
Сабаб чӣ буд, ки баъди таҳқиқу кушодани алоҳида амалҳои террористӣ роҷеъ ба дастдории хадамоти махсуси Эрон ягон сухан гуфта нашуду акнун имрўз ба ин масъала баргаштем?
Қ.Н.: Сабабаш маълум аст. Риояи одоби давлатдорӣ ва назокатҳои равобити дипломатӣ. Дар сатҳҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ба ҳамкорони эронӣ расонида мешуд, ки аз ҳама кору кирдорашон огоҳем. Вале тавре раванди ҳодисаҳои минбаъда, аз ҷумла ҳодисаҳои сентябри соли 2015 нишон доданд, онҳо хулосае набароварданд ва аз мақсадҳои худ даст накашиданд. Ба замми ин баъзе намояндагони доираҳои расмӣ-давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба монанди Сайидрасули Мўсавӣ, Муртазо Саффори Натанзӣ ва дигарон рўирост ба ҳимояи ҲНИТ бархоста, террористӣ ва мамнуъ эълон шудани фаъолияти ин ташкилотро аз ҷониби Суди Олии ҶТ беасос хонданд. Чунин шеваи гуфтору рафтор ишора ба он аст, ки тарафи ҶИЭ имрўз ҳам аз ниятҳои худ пас гаштанӣ нест. Боиси ҳазор афсўс аст, ки ташкилот ва ашхоси дар амалҳои террористии зикргардида дастдошта, мисли пештара дар канораш боқӣ монданд. Яъне кирдорҳоеро, ки чандин дафъа дар муқобили миллати тоҷик раво диданд, мехоҳанд идома диҳанд. Гарчанде огоҳанд, ки мо аз ҳама амалкардҳояшон бохабарем. Бигузор бародарони эронӣ далеле пеш оваранд, ки Тоҷикистон нисбаташон раво дида бошад. Пас бадӣ дар муқобили Тоҷикистону миллати тоҷик ба хотири чист? Дар чунин маврид додани ҷавоби муносиб тақозои замон аст.
Миллати тоҷик аз ин аъмоли террористӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зарари гўшношуниде дид, ки асрҳои аср онро фаромўш намекунад. Тоҷикон масале доранд: «Хушбахтӣ набуд, бадбахтӣ ба он кўмак кард». Ман ҳамчун собиқадори Вазорати корҳои дохилии мамлакат бояд таъкид кунам, он кореро ки ташкилоти террористии ҲНИТ ва пуштибонони он дар ҳар кунҷу канори дунё, таҳти суханпардозиҳои гуногун оғоз кардаанд, хатари ҷиддӣ барои сулҳу суботи Тоҷикистон дорад. Кишвари пуштибони он қувва, пулу мол дорад. Мардум, махсусан ҷавонони соддаву гумроҳу камсавод кам нестанд. Мақсад боз ҳамон аст, сохтани Давлати исломӣ. Оне ки мардумони Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ғайраро ба нобудӣ расонида истодааст.
Аз филми Вазорати Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фикр мекунам аз ин мусоҳибаи банда маълум гашт, ки ҷониби Тоҷикистон бо вуҷуди ҷавон буданаш роҳ, восита, усул, тарзи корбарӣ, методҳои амалӣ кардани аъмоли террористии хадамоти махсуси Эронро аз кадом мавқее, ки набошад (дар дохили мамлакат, дар кишварҳое, ки тоҷикон бо сабабҳои гуногун буду бош доранд – кор, таҳсил, сайругашт, бекорӣ ва ғайра), хеле хуб омўхтааст. Акнун зарурати талх пеш омад, ки ин аъмоли хадамоти махсуси Эрон ба мардуми тоҷик, пеш аз ҳама ҷавонону зиёиён, аҳли башар расонида шавад. Инро набояд то охир фаромўш кард. Мо бояд бо ҳама дўст бошем, аммо «ҳусни хати» на худӣ ва на бегонаро дар роҳи дўстию душманӣ фаромўш накунем.
Муҳтарам Қурбоналӣ Назаров, ба андешаи Шумо баъди ин ҳама куштору ҷиноятҳои содиршуда, ки зикрашон рафт ва бешак боиси сард гаштани муносибатҳои ду кишвар гаштанд, минбаъд чӣ бояд кард?
Қ.Н.: Дар ин масъала ман танҳо ва танҳо андешаи шахсии худро баён медорам. Дар муносибатҳои байнидавлатӣ чунин воқеаҳо гоҳе иттифоқ меафтанд, вале роҳи берунравӣ аз ин буҳронҳо пайдо карда мешавад. Дар вобастагӣ бо муносибатҳои Тоҷикистону Эрон як роҳи асосӣ ҳамин аст, ки бояд тарафи Эрон муносибати худро бо ин ташкилоти террористӣ муайян созад, онҳоро аз зери қаноти худ дур кунад ва муносибатҳои дуҷониба бо варақи тоза оғоз карда шаванд. Дўстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамзабонӣ бояд аз ду ҷониб самимӣ буда, пушти онҳо ғаразу манфиатҳои якҷониба пинҳон набошанд.
Мероси ниҳоят бузурги таърихӣ, ки гузаштагони ду миллат тавассути абармардонамон дар тўли таърихи на кам аз ҳазорсола гирд овардаанд, набояд дар як лаҳзаи кўчаки замонӣ зери суол бурда шавад.
Ба фаҳми ман, ҳукуматҳо на танҳо дар назди мардумон, миллати худ, аз он муҳимтар, дар назди таърих ҷавобгаранд.
Мусоҳиб: Насими Кароматулло
Шарҳ:
Полковники милитсия Назаров Қурбоналӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1971 то соли 2006 хизмат кардааст. Соли 1974 омўзишгоҳи техникӣ-зиддисўхтории ВКД ИҶШС-ро дар шаҳри Свердловск ва соли 1987 Мактаби олии ВКД ИҶШС-ро дар шаҳри Тошканд, бо ихтисоси ҳуқуқшинос, бо дипломи дараҷаи аъло хатм намудааст. Аз вазифаи корманди фаврӣ то сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Хизматҳои содиқонаи ў ба Ватану миллати худ, бо зиёда аз 10 ордену медали давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж», №33 (559) аз 16-уми августи 2017
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-12-2017, 08:57:58 | Диданд: 848