МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.

Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем.

Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст.

Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад.

Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.

Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем.

Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод кард.

Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.

Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад.

Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд.

Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориҳоямонро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, якҷо бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.

Итминон дорем, ки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад.

Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соли 2018 ба дӯш гирифтааст.

Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли оянда дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабиниҳои раёсати мо арзёбӣ мегардад.

Дар мамлакати мо, ҳамчунин, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд дошт.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодаанд, ки далели равшани ҳадафҳои созандаи мо мебошанд.

Мо минбаъд низ ҳамкориҳоро дар чунин рӯҳияи созанда бо ҳамаи кишварҳои Осиё идома хоҳем дод.

Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад.

Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳанд.

Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ҳамаи ин соҳаҳо тақвият бахшад.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Амрико дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад.

Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳимми байналмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошем.

Дар баробари ин, кишвари мо бо мақсади фаъол гардидани муносибат ва ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ тадбирҳо меандешад.

Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир боиси афзоиши аҳаммияти дипломатияи иқтисодӣ гардидаанд.

Аз ин рӯ, истифодаи муассир ва самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои дахлдори он бошад.

Ҳукумати мамлакат бояд дар татбиқи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ҷалби беҳтари ин созмонҳо ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳимми кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Зарур аст, ки дар самти пешбурди ҳамкориҳои минбаъда бо мамлакатҳои хориҷӣ вазорату идораҳо фаъолияти худро ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ва технологияҳои нав ҳарчи пурсамар роҳандозӣ намоянд.

Дар марҳалаи кунунӣ бояд ба фаъолияти давлати мо дар самти густариши ҳамкориҳои башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё боз ҳам вусъат бахшида шавад.

Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.

Ба ин хотир, Вазорати корҳои хориҷӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати пешбурди самарабахши ҳадафу вазифаҳои сиёсати хориҷӣ ва густариши робитаҳои бисёрсамта бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳарчи бештар талош намояд.

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!

Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст.

Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем.

Бо ин мақсад дар кишвар заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.

Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.

Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Паёми соли гузашта дастовардҳои Тоҷикистонро дар давраи бисту панҷ соли истиқлолияти давлатӣ муфассал баён карда будам.

Ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳо барои соли оянда ҷалб намоям.

Соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки натиҷаи ду соли татбиқи барномаро ҳаматарафа таҳлил карда, минбаъд ҳамаи имкониятҳои мавҷударо барои сифатнок амалӣ гардонидани он сафарбар намояд.

Ҳамзамон бо ин, самаранокӣ ва қобилияти рақобати ҳамаи иқтидорҳоро ба таври назаррас баланд бардошта, ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллиро идома диҳад.

Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.

Ҳарчанд ки дар 11 моҳи соли 2017 содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 фоиз афзоиш ёфта, воридот 10 фоиз кам шудааст, вале ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад, зеро ҳоло ҳам қисми зиёди маҳсулот бе коркарди ниҳоӣ содирот карда мешавад.

Бинобар ин, ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳаммияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.

Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорат ва таъмини шаффофияти хароҷоти он ҳоло ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар раванди татбиқи ин ислоҳот мо буҷетеро роҳандозӣ мекунем, ки он ба рушди мамлакат нигаронида шудааст.

Буҷети рушд дар баробари иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии афзояндаи давлат ба густариши фаъолияти инноватсиониву сармоягузорӣ, татбиқи босифати барномаҳои соҳавӣ ва бунёди иншооти инфрасохторӣ мусоидат менамояд.

Барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо зарурати тақвият бахшидани корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда пеш меояд.

Дар ин раванд, бояд ба усулҳои муосири арзёбии стратегияву барномаҳои қабулгардидаи рушд эътибори ҷиддӣ дода, маблағгузории барномавӣ минбаъд аз рӯи натиҷа ва самаранокии он татбиқ карда шавад.

Амалӣ намудани чорабиниҳо вобаста ба танзими тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ имкон медиҳад, ки самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ беҳтар гардида, назорати истифодаи шаффофи молияи давлатӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ таъмин карда шавад.

Чунин тадбирҳо ба такмили раванди маблағгузорӣ дар маҳал низ мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2017 ба 5,3 миллиард сомонӣ расида, дар он ҳиссаи дастгирӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 16,7 фоизро ташкил намуд.

Бо вуҷуди ин, таҳлили сифати иҷрои буҷет ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо нишон медиҳад, ки имкониятҳои воқеии маҳалҳо ба назар гирифта намешаванд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, инчунин, ташаккули сарчашмаҳои иловагии буҷетҳои маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо мақсади боз ҳам содда, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ Ҳукумати кишварро зарур аст, ки вобаста ба такмили низоми маъмурикунонии андоз чораҷӯӣ намояд.

Дар баробари ин, бояд шаклҳои пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва механизми ҷамъоварии маълумот мукаммал гардонида шаванд.

Вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешем.

Соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёфт.

Чунин вазъ дар натиҷаи фаъолияти суст ва саҳлангории роҳбарону масъулони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба амал омад.

Баъди сармоякунонии давлатии ду бонки низомсоз ҷиҳати беҳтар намудани вазъи молиявии онҳо ва пардохти пасандозҳои мизоҷон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Вале корҳои иҷрошуда барои пурра солим гардонидани вазъи молиявии ин ду бонк кофӣ нестанд.

Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дар муҳлатҳои кутоҳтарин таҳия ва амалӣ намояд.

Пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ ба санаи 30 ноябри соли 2017 маблағи қариб 9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 464 миллион сомонӣ ё 5 фоиз кам шудаанд.

Таҳлили сохтори қарзи ҷудогардида дар 11 моҳи соли 2017 нишон медиҳад, ки ҳаҷми он ба соҳибкории истеҳсолӣ ҳамагӣ 4 фоиз ва ба соҳаҳои хизматрасонӣ 43 фоиз зиёд шудааст.

Чунин вазъ ба суръати рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва махсусан, ба раванди саноатикунонии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Вобаста ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, сатҳи нархҳо, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ чораҳои мушаххас андешад.

Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин самт инфрасохтори зарурӣ бояд бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ташаккул дода шавад.

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде соли сипаришуда шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 5,5 фоиз зиёд шуда, 1,7 миллион нафарро ташкил додааст, вале то ба ҳол 95 фоизи амалиёти кортӣ бо гирифтани пули нақд вобаста мебошад.

Дар робита ба ин, Бонки миллӣ бояд назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохтро пурзӯр карда, доир ба насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо чораҷӯӣ намояд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин, ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис, ки ҳоло 80 миллион сомониро ташкил медиҳад, 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шавад.

Тайи ду соли охир ба иқтисоди миллӣ аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона ва аз худ карда шудааст, ки 6 миллиард сомонии онро маблағи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҷиҳати амалӣ гардонидани 26 лоиҳа барои рушди инфрасохтори энергетикӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ 40 созишномаи қарзиву грантӣ ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ба имзо расида, татбиқ шуда истодааст.

Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд назорати ҷиддиро дар самти татбиқи босифату шаффоф ва саривақтии лоиҳаҳо ба роҳ монад.

Тибқи санадҳои барномавӣ ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармоягузории умумӣ то соли 2020 ду баробар афзоиш дода мешавад.

Чунин ҳадаф моро водор месозад, ки ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар маҳалҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо бояд таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ фаъол гардонида шавад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат бояд усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро аз рӯи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ ҷорӣ намояд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкили марказҳо ва курсҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон, сатҳи касбият ва малакаи онҳо чораҳои мушаххас андешад.

Дар баробари ин, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор бояд тақвият дода шавад.

Ҳукумати кишвар бояд мушкилоти ҷойдоштаи минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳаматарафа омӯхта, барои тақвият бахшидан ба фаъолияти онҳо ва ташкили дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.

Дар мулоқоте, ки 14-уми октябри соли ҷорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор шуд, масъалаҳои вобаста ба бурду бохти соҳа муфассал таҳлил гардида, ҳамаи пешниҳодҳои соҳибкорон омӯхта шуданд ва ҳоло нақшаи чорабиниҳо амалӣ шуда истодааст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки бо вуҷуди дастгирии ҳаматарафаи давлат ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузорӣ аз ҷониби баъзе субъектҳои соҳибкорӣ ба назар мерасанд.

Дар натиҷаи санҷишҳои дар солҳои 2016 - 2017 гузаронидашуда маълум гардид, ки маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор пинҳонкардашуда 1,6 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Дар асоси қарори Ҳукумати мамлакат аз 27 майи соли 2017 бояд аз ҳисоби чор сохтору хадамоти Вазорати кишоварзӣ - Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи се хадамоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолӣ таъсис дода шавад.

Таъсис додани сохторҳои зикршуда ба кам кардани такроршавии вазифаҳои ба ҳам монанд, ҳамоҳангсозии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Бо сабаби он, ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст.

Аз ин лиҳоз, зарур мешуморам, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад.

Вакилони муҳтарам!

Бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад.

Хотиррасон менамоям, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад.

Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ барномаҳои соҳавиро фаъолона татбиқ намояд.

Барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, зарур аст, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ густариш дода шавад.

Соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои гуногун 150 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 3 ҳазор ҷойи кор бунёд ва ба истифода супорида шуд.

Дар ин давра истеҳсоли риштаи пахтагин 2,8 баробар, қолин ва маҳсулоти он 1,6 баробар ва газворҳо 42 фоиз афзуд, ки натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати кишвар дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти ватанӣ мебошад.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки барои таъмини коргоҳҳои нассоҷӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани нахи пахта тадбирҳои иловагӣ андешида, истеҳсоли пахта дар мамлакат мунтазам афзоиш дода шавад.

Таҳлили сохтори маҳсулоти саноатӣ нишон медиҳад, ки дар кишвар истеҳсоли ангишт бомаром афзоиш ёфта, соли ҷорӣ бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1,7 миллион тонна расонида шуд.

Дар соли 2017 бо вуҷуди 21 фоиз таъмин шудани рушди саноат истеҳсоли 36 намуди маҳсулот кам шудааст.

Чунин вазъ иҷрои барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкуниро мушкил мегардонад.

Тибқи таҳлилҳо рушди содирот асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатии солҳои охир бунёдгардида таъмин шуда истодааст.

Танҳо дар зарфи солҳои 2016-2017 содироти маҳсулоти маъдан дуюним баробар афзуда, ҳиссаи он зиёда аз 45 фоизро ташкил додааст.

Яъне гуногуншаклии содирот ҳоло ҳам дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидааст, ки ин вобастагии кишварро аз омилҳои берунӣ зиёд мегардонад.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат бояд ҷиҳати гузаронидани таҳлили имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бо арзиши баланди иловашуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот чораҷӯӣ карда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат»-ро таҳия намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди нерӯи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд.

Лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт.

Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад.

Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз куҳнатарин нерӯгоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад.

Барои таҷдиди ин нерӯгоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд.

Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” соли 2017-ум аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, ҳоло барои навсозии системаи энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ (яъне 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ) равона гардидааст.

Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо нерӯи барқ бе маҳдудият таъмин намоем.

Дар баробари ин, истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он,

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-12-2017, 08:02:42 | Диданд: 891