МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Роҳҳои пешгириҳо аз Коронавирус КОВИД-19

Роҳҳои пешгириҳо аз Коронавирус КОВИД-19

Роҳҳои пешгириҳо аз Коронавирус КОВИД-19 Бояд қайд кард, ки умуман вирусҳо дорои намуди ҳаёти ғайриҳуҷайравӣ мебошанд. Онҳо мавқеи ҳудудиро байни табиати ғайризинда ва зинда гирифта, хосияти организмҳои зиндаро танҳо дар ҳолати паразитӣ (муфтхўрӣ) зоҳир мекунанд. Вирусҳоро соли 1892 олими рус Д.И. Иванов кашф кардааст. Вирус - организми хурд мебошад, ки ба воситаи микроскопи рушноӣ дидани он ғайриимкон аст (андозаи аксари вирусҳо аз 200 то 350 нм), мебошад. Таркиби вирусҳо аз кислотаҳои нуклеинии КДН, КРН иборат мебошад. Вирусҳои растаниҳо одатан КРН дорад; вирусҳои бактерияҳо (бактериофагҳо) ва ҳайвонот бошанд КРН ва КДН доранд. Кислотаҳои нуклеинии вирусҳо аз рўи гуногунӣ аз ҳам фарқ мекунанд ва молекулаҳои КДН ва КРН ҳамчун занҷири дуқабата пайдо мешаванд. Геноми вирусҳо аз 4 то садҳо генҳо дорад. Пардаи сафедавии вирус ё капсид аз миқдори зиёди сафедаҳо - капсомерҳо иборатанд, ки онхо аз як ё якчанд намуди сафедаҳо таркиб ёфтаанд. Масалан, ба таркиби вируси гулдоғи тамоку зиёда аз 1000 капсомерҳои як намуди сафедаҳо дохил мешаванд. Ба сафедаҳои капсид хосиятҳои антигенй ва ферментативӣ хос мебошад. Пардаи сафедагии баъзе вирусҳо, ки дар хуҷайраҳои хайвонот муфтхурӣ мекунад, аз берун бо пардаи вирусӣ пушида шудааст, ки аз ду кабати чарбӣ ва молекулаҳои вируси сафедаю чарбӣ иборатанд. Тамоми равандҳои фаъоле, ки бо фаъолияти ҳаётии вирусҳо ва афзоиши онҳо алокаманданд. дар ҳуҷайраҳои шахс (сохиб-бемор) мегузаранд. Афзоиши вирусҳо аз хисоби захираҳои энергетикии заҳролудшудаи ҳуҷайра ба амал омада, се равандро дар бар мегирад: репликатсияи (дучандшавии) кислотаҳои нуклеинии вирусҳо, синтези сафедаҳои вирусӣ ва пайванд кардани хиссачаҳои онхо. Тарзи муайяни дучандшавии геноми вирусӣ ва синтези сафедаҳои вирусӣ дар намудҳои гуногуни вирусҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Ду намуди таъсири байниҳамдигарии вирусҳоро бо ҳуҷайраҳои сохиб-бемор аз ҳам фарқ мекунанд: 1) сирояти сермахсул, 2) сирояти нихонй (латентй). Дар натиҷаи сирояти сермаҳсул, вируси геномӣ мубодилаи моддаҳои ҳуҷайраро ба ҳосилшавии сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинии вирусиро бо ҳосилшавии миқдори зиёди хиссачаҳои навъи вирусӣ иваз мекунад. Дар натиҷа ҳуҷайраи заҳролудшуда одатан нобуд мешаванд. Дар ҳолати сирояти ниҳонӣ маводи ирсии вирус ба хромосомаҳои ҳуҷайраи хучаин дохил шуда, ба тақсимшавӣ шуруъ менамояд, ки он ба ҳуҷайраҳои духтарӣ интиқол дода мешавад. Ба гайр аз ин бо таъсири омилҳои гуногун вируси геномӣ мумкин аст фаъол гардида, сирояти сермаҳсул ва миқдори зиёди вирусҳоро ба вуҷуд биёрад. Хамин тариқ вирусҳо сохтори худмухтори генетикӣ ба хисоб рафта, муфтхуриро дар дараҷаи генетикӣ ба вуҷуд меоранд. Масъалаи пайдоиши вирусҳо ба пуррагӣ маълум нашудааст. Баъзе олимон тахмин мекунанд, ки онҳо аз намудҳои қадимаи тохучайравӣ, ки ба муфтхурӣ дар организмҳои примитивӣ (сода), ки дар таҳаввулоти минбаъда якҷоя бо организми хуҷаин мутобик шудаанд, ба вуҷуд омадаанд. Гуруҳи дигари олимон пайдоиши вирусҳоро бо таҳаввулоти баъзе ҳуҷайраҳои организм, ки дар натиҷаи мутобиқшавӣ ба тарзи ҳаёти муфтхурӣ дубора сохтори ҳуҷайравиро аз даст доданд, нисбат медиҳанд. Вирусҳо дар навбати худ аҳамият низ доранд. Аҳамияти вирусҳо аз он иборат аст, ки аз руи онҳо қобилияти пайдоиши бемориҳои гуногунро дар растанихо, ҳайвонот ва одам муайян мекунанд. Масалан, зиёда аз 500 намуди бемориҳои сироятии одам (нагзаки табии, сурхак, зарпарвини сироятӣ, ВНМБ ва гайраҳо) дарёфт шудаанд, ки барангезандаи онҳо вирусҳо мебошанд. Онхо ҳамчунин сабаби пайдоиши гуруҳи омосҳои бад дар одам ва ҳайвонот мебошанд. Аҳамияти биологии вирусҳо ин қобилиятнокии мутатсияи онхо барои ҳосил кардани ахбори ирсӣ байни намудҳои гуногуни организмҳои зинда мебошад. Табиати Коронавирус ҳануз пурра омухташуда нест. Духтурон то хол дар бораи сироят чандон хуб намедонанд, аз ин ру бо кушиши муштарак роҳҳои нави ташхис ва табобати онро меҷуянд. Шуъбаи маориф

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-05-2020, 15:13:53 | Диданд: 442