ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9482]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6101]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5812]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4968]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4297]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4270]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4253]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4239]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3905]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 61813
Хатару таҳдидҳои муосир ба сулҳу субот ва амнияти миллӣ

Ифротгароӣ маънои тундравӣ, маҷораҷӯӣ, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифратгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задании низоъу муноқишаҳо гардиданд ва имрӯз ба хатари чиддӣ табдил шуд.
Тавре,ки ба расонаҳои иттилоти мақомоти амниятии Афғонистон аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтаанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби наҳзати исломии низ ҳастанд. Ин бори аввал аст, ки мақомоти баландпоя дар Кобул ба таври расмӣ аз ҳузури афроди ин ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон дар хоки ин кишвар, сӯҳбат мекунанд. Масъулини ҲНИ, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, ин гуфтаҳои мақомоти афғонро рад карданд. Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, ки рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал оид ба натиҷаҳои "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" сухан мегуфт, дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), "Ансоруллоҳ"-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИ) низ ном бурд. Ӯ гуфт, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони шарқӣ (Чин) аст. Ба гуфтаи ӯ, афроди ин гурӯҳҳо асосан дар шимоли Афғонистон ҷойгир ҳастанд. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки гурӯҳи Толибон бо Ал-Қоида, ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрави Осиёи Миёна робитаҳои худро ҳифз кардааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон, Ал-Қоида ва ДОИШ асосан дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Покистон ва гурӯҳои дигар вобаста ба Осиёи Миёна дар шимоли он кишвар ҷойгир мебошанд. Бар асоси созишнома миёни Амрико ва Толибон, ки рӯзи 29-уми феврали соли гузашта дар Давҳа имзо шуд, Толибон бояд робитаи худро бо Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои тундрав қатъ кунад. Ҳарчанд гурӯҳи Толибон мегӯяд, ки ба ин созишнома амал кардааст, аммо ҳукумати Афғонистон ба ин бовар надорад ва мегӯяд, ки дар пушти хушунатҳои рӯ ба афзоиши як соли ахир ин гурӯҳ меистад. Коршиносони соҳаи низоъшиносӣ яке аз хатарноктарин ва таҳдидовартарини онро барои давлат ҷангу низоъи дохилидавлатӣ меҳисобанд. Зеро ҷанг миёни ду давлат метавонад, ки миллатро муттаҳид созад, то ки аз болои душмани худ ғалаба ба даст оранд. Вале ҷанги дохилидавлатӣ ё ҷанги шаҳрвандӣ бошад, миллатро аз рўи мансубияташ ва маҳали ҷойгиршавӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ҷудо намуда, метавонад онро пароканда ё ба нестӣ оварда расонад. Дар баробари ин оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ тўлонитар аз дигар намудҳои ҷанг ба ҳисоб меравад. Зеро аҳолии як давлатро, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хеле душвор аст, ки онҳоро дубора ба ваҳдат оваранд. Барои ба ваҳдат расидан чунин давлатҳоро лозим аст, ки мардум ин вазъиятро зудтар дарк намуда, худи онҳо аз давом додани ҷанги шаҳрвандӣ даст кашида, ҳамдигарро бубахшанд. Минбаъд барои такрор нашудани ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд. Насли ояндаро ҳушдор созанд, то ки ин ҳодиса дубора дар давлат сар назанад.
Коршиносони соҳаи низоъшиносӣ яке аз хатарноктарин ва таҳдидовартарини онро барои давлат ҷангу низоъи дохилидавлатӣ меҳисобанд. Зеро ҷанг миёни ду давлат метавонад, ки миллатро муттаҳид созад, то ки аз болои душмани худ ғалаба ба даст оранд. Вале ҷанги дохилидавлатӣ ё ҷанги шаҳрвандӣ бошад, миллатро аз рўи мансубияташ ва маҳали ҷойгиршавӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ҷудо намуда, метавонад онро пароканда ё ба нестӣ оварда расонад. Дар баробари ин оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ тўлонитар аз дигар намудҳои ҷанг ба ҳисоб меравад. Зеро аҳолии як давлатро, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хеле душвор аст, ки онҳоро дубора ба ваҳдат оваранд. Барои ба ваҳдат расидан чунин давлатҳоро лозим аст, ки мардум ин вазъиятро зудтар дарк намуда, худи онҳо аз давом додани ҷанги шаҳрвандӣ даст кашида, ҳамдигарро бубахшанд. Минбаъд барои такрор нашудани ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд. Насли ояндаро ҳушдор созанд, то ки ин ҳодиса дубора дар давлат сар назанад.
Кишвари мо низ аз сари худ як маротиба ин ҷанги мудҳиштаринро гузаронида бо хиради азалии худ тавонистанд, ки пеши роҳи онро ҳар чи зудтар гиранд ва давлату миллатро аз парокандашавӣ ва нестӣ эмин доранд. Вале мутассифона имрўз низ ёфт мешаванд шахсоне, ки аз ин ҳодисаҳои рўйдода ибрат нагирифтаанд. Гарчанде, ки худи онҳо ва наздиконашон чи рўзҳои мудҳишро аз сар гузарониданд. Онҳо ҷои он ки мардумро ба ваҳдату якдилӣ, муттаҳидию бародарӣ, ҳифзи якпорчагии меҳан даъват намудан аз хориҷа, аз кишварҳои бегона истода, мардумро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданиянд.
Аз ҷумлаи онҳо Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў ба ҳисоб мераванд, ки дидаю дониста корҳоеро бо дастгирии хоҷагони берунаи худ анҷом дода истодаанд, ки ба нафъи мардум нест. Онҳо манфиатҳои худашонро аз манфиатҳои давлату миллат болотар мегузоранд. Барои онҳо ҳодисаҳои солҳои 90-ум рухдодаи кишвар дарси ибрат нашудаанд, зеро худи онҳо ва наздиконашон дар ин ҷангу низоъҳо иштирок карданӣ нестанд. Онҳо наздикони худро аллакай ба хориҷи кишвар бурда, ба ҷою макон таъмин намудаанд. Онҳо мехоҳанд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ фарзандони дигаронро истифода баранд. Барои онҳо муҳим нест, ки чи қадар ҷавонон, модарону падарон, хоҳарону бародарони мо ҷони худро аз даст доданашон мумкин аст. Зеро онҳо як маротиба ин амали разилонаи худро алакай ба кор бурданд, ки дар натиҷа чиқадар одамон ҷони худро ё наздиконашонро аз даст доданд. Вале онҳо ба мақсад нарасиданд ва имрўзҳо аз хориҷи кишвар истода, барои амалӣ намудани нақшаҳои худ кўшиш доранд.
Онҳо бо ҳар роҳу восита шаҳрвандони кишварро гумроҳ намуда ба доми худ афтониданиянд, токи дар амалӣ намудани нақшаҳои худ аз онҳо истифода кунанд. Асос он ки дар ин бозиҳои худ онҳо фарзандони худро не балки фарзандони дигаронро истифода карданиянд. Фарзандони худро ба давлатҳои тинҷу амн бурда ҷо ба ҷо кардаанд. Инчунин худашон низ дар чунин кишварҳо панаҳ бурда, мехоҳанд, ки фарзандону наздикони моро миёни худ ҷанг андозанд ва бо ҳамин васила да Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Дар чунин шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.
Имрӯз дар ҷаҳон садҳо ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ омадан нерӯҳои имониро дар ҳамин самт сӯйистифода мекунанд. Худованд дар Қуръони карим мусалмононро ба ваҳдат, ягонагӣ ва дур будан аз парокандагиву нифоқ даъват намудааст. Аммо бар хилофи ин маънии Қуръон дастгоҳ, гурӯҳ, ташкилот ва афроди мансабхоҳ садҳо созмон ва ҳаракатҳои фитнаангезро дар байни уммати исломӣ таъсис дода, ба онҳо номҳои исломӣ гузоштаанд, то аҳли имон аз нақша ва барномаҳои ҷаҳонсӯзашон воқиф нагарданд. Ҷавонони ноогоҳу ғофил ба доми пешвоёни каззоб, воизони нопок ва мубаллиғони созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ афтида, қурбони дасиса ва ақидаи ботили онҳо мегарданд.Имрўз бояд ҳар як шаҳрванди кишвар ва хусусан ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, нагузоранд, ки бозичаи дасти дигарон бошанд, нагузоранд, ки дигарон бо ҳаёти онҳо ва наздиконашон бози карда, дар нақшаҳою амалҳои нохалафи худ онҳоро истифода ва қурбон кунанд.Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳуввияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.Кулли шаҳрвандони Тољикистон нағз дарк менамоянд, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро ба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.
Шарифхон Тиллоев-рӯзноманигор,
собиқ сиёсатшиноси ҳарбии ИҶШС
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-07-2021, 14:57:38 | Диданд: 272