МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Итиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Итиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Итиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият ғами қабули Сарқонунро мехурд. Албатта Сарқонуни Ҷумҳурии Шуравӣ Сотсиалистӣ Тоҷикистон , ки соли 1978 қабул шуда, ба талаботи ҷомеаи баъди шурави, яъне ба талаботҳои истиқлолият ҷавобгу набуд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами навини худро ба даргоҳи истиқлолият пой ниҳод. Ва ҳар давлат истиқлолиятро ба даст гирифта саъйю кушиши худро ба сохтмони давлати ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд равона карданд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири сарнавишти хуро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда онро бевосита (тавассути интихоботи бевоситаи Президент, ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ё бевосита (намояндаги, мисол, Маҷлиси милли) амали мегардонад. Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан давраи пойдории ҳаёти конститутсиони, ҷустуҷуи ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхурии ҷамъияти сотсиалисти буд. Ҷомеа ба дурнамои инкишофи таърихи ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Ҳамасола 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст. Санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодисаи дақдирсоз аввлин моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеъи фароҳам овард роҳи имрузу ояндаи миллати кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи демократи, ҳуқуқбунёд, дуняви интихоб намоед. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандори бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақим кору пайкорҳои пайгиронаи созандагиӣ азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсииқтисоди ва фарҳангиро омӯзондан меъёрҳои ҷомеай шаҳрвандиро таҳким бахшидан ва дар як вақт ҳайёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат бақои симои миллат рамзи асолату ҳувият мазҳари идеалу ормонҳои таърихи шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори баҷаҳони мутамаддим пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. 30-сол муқадам миллати соҳибфарҳангу тамадунофари тоҷик бо дастоварди муққадаси таърихӣ истиқлолияти давлатӣ мушараф гардид, ки ҳоло мо ин руйдоди бузургро бо эҳсосҳи ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири таърих мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳони этироф гардид. Ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳасти намуд. Аз ҳама нангинаш он буд, ки бо айби гуруҳои ҳизбҳо афродӣ алоҳида ва дахолати бевоситаи ашхос ва гуруҳои алоҳидаи хориҷӣ кишвари мо ба коми оташи ҷанги таҳмили шаҳрванди кашида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии Президанти мамлакат ҷиҳати таҳмини сулҳу ваҳдати миллӣ хомуш кардани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандагии миллат ба ин абарманди миллат мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат лоиқ дониста шуд. Миллати тоҷик дар симои Эмомалии Раҳмон шахси хирадманду дурундеш, роҳбари оқилу тавоно қаҳрамони асил ва пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Сокини ноҳияи Восеъ Д. Абдулҳақзода

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-09-2021, 12:16:05 | Диданд: 242