МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ (Қисми 2)

ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ (Қисми 2)

ИСТИҚЛОЛ,  ПОЙТАХТ ВА ҶАВОНОН

Муҳимтарин масъалаи давлатдорӣ ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ аст. Моҳияти онро истиқлоли давлатӣ, таъмин намудани тамомияти арзӣ, қонунсолорӣ, сулҳу субот, рушди иқтисодии кишвар дар бар мегирад.

Мушкили кор дар раванди амалисозии чунин ҳадафҳои олӣ дар ҳар давру замон барои миллатҳои соҳибдавлат омилҳои субъективӣ ва объективӣ мебошанд, барои он ки «одамон (аз лиҳози назарияи антропологияи сиёсӣ ҳамзамон хонда шавад: давлатҳо – С.Я.) якдигарро намефаҳманд, ба хотири он ки ба як забон гап мезананд: ба забони рамзии манфиатҳо, идеалҳо – он чизе, ки мехоҳанд» (В. В. Ильин. Политология. – М., 1999. – С. 3).

Ҳангоми таҳлили таърих «Аз ҳама талаботи ҷиддӣ - талаботи донистани ҳақиқат аст» (Г.Ф.В.Гегель. Энциклопедия философских наук. т.1., Наука логики. М., 1975. -С. 81). Вақте сухан дар бораи падидаи тоҷикии давлатсозӣ ва рушди миллат меравад, омили ҳокимияти сиёсӣ бори дигар пеши назар меояд, ки тақдири халқ маҳз аз он вобаста аст.

 Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симати сарвари вилоят ва баъдтар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳаёти миллати тоҷик падидаи фавқулода муҳим ва гардиши кулливу сарнавиштсози умумимиллӣ буд. Яке аз олимони тавонои Ғарб менависад: «Таърихи худро худи одамон месозанд. Аммо онҳо ин таърихро на ба он тарзе, ки худашон тарҳрезӣ мекунанд ва дар ҳолатҳое, ки онҳо интихоб кардаанд, балки дар он шароити воқеие, ки мустақиман рӯ ба рӯ мешаванд ва аз гузашта ба онҳо ба мерос мондааст, роҳандозӣ менамоянд».

Барҳақ, давлатдорӣ кори саҳл ва роҳи ҳамвор нест. Ҷараён ва маҳсули андешаи олии инсонист. «Ҳукумат бояд ба беҳтарин шахсиятҳои мунтахаб мансуб бошад. Ба ононе, ки масъулияти бузург вогузор карда мешавад ва ононе, ки бар дӯши худ уҳдадориҳои бузург вогузор мекунанд» (Н. Бердяев).

Абармарде, ки вориди ин ҷараёни ниҳоят масъулиятнок мегардад, ҳаёт ва манзалати шахсии худро дар рӯ ба рӯи миллат ва дар саҳнаи байналхалқӣ мегузорад. Таҷрибаи таърихи гузашта ва муосир нишонгари иштибоҳоти раҳбарии сиёсии бисёре аз кишварҳост. Натиҷаи он - фоҷиаҳои оламшумул, ислоҳнашаванда ва умумимиллии онҳост.

 Ҳамзамон инсоният шоҳиди давлатҳои муваффақ ва миллатҳои хушбахт ҳам ҳаст, ки фарзандони ҷоннисор ва азхудгузаштаи онҳо – шахсиятҳои барҷаста дар давраҳои муайян кишварро сарварӣ кардаанд. Дуруст аст, ки «Шарафи одамони бузург бояд тавассути роҳ, усул ва воситае, ки чунин мартаба насиби онҳо гаштааст, баҳогузорӣ карда шавад» (Л. Ларошфуко. Максимы и моральные размышление. М., 1958. - С.123).

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷиконро асос гузошт. Мактаб ва усули раҳбарии мабно бар дониш, хирад, мардумсолорӣ, тавоноии дарки орзуву омоли халқи заҳматкаш, додрасӣ, намунаи рафтори раҳбарӣ, қудрати волои суханварӣ, фурӯтаниву хоксорӣ ва олиҳимматии ҷавонмардонаро дар амал нишон дод. Бо беҳтарин сифатҳои давлатдорӣ – азамати худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ, кордонӣ, ғаюриву далерӣ, бурдборӣ ва нексириштӣ дар минтақа ва арсаи олам ному манзалати қадимии миллати тоҷикро барқарор намуд. Мардуми олам Тоҷикистонро бо номи ӯ шинохт.

Мо борҳо таъкид кардаем, ки то замони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳазорсолаи ахир тоҷикон, асосан, бо ҳувияти фарҳангӣ ва дар замони шӯравӣ бо истиқлоли нисбӣ шинохт пайдо карда буданд. Ин абармард тавонист тоҷиконро дар арсаи олам ҳамчун миллати соҳибдавлат, мустақил, номвар муаррифӣ ва ҳимоят намояд.

Президенти кишвар бо қотеияти сиёсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои асосии сохти давлатдориро муваффақона ҳифз, ҳимоя ва дифоъ намуд. Бо сиёсати ҳуқуқӣ ва тадбирҳои амалӣ татбиқи онро ҷасурона ба роҳ монд.

Мактаби давлатдории Пешвои миллат – сиёсати амалӣ, рӯшод ва ошкоро аст. Назария ва фаъолияти рӯзмарраи ӯ бо мардум, дар байни мардум ва барои мардум мебошад. Ба хотири гузаштаи таърихӣ, барои имрӯз ва таъйиноти амал барои ояндаи миллат, барои наслҳост.

Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки ҳангоми кор бо омма, суханронӣ, мусоҳиба бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар толор, дар майдон, дар коргоҳ, дар саҳро, дар кӯчаву хиёбонҳо Раҳбари давлат одамон, махсусан, ононеро, ки бо инсон сару кор доранд, сарваранд ё умеди сарварӣ дар дил мепарваранд, дарси намунавии сиёсат ва сиёсатмадорӣ, давлат ва давлатдорӣ меомӯхта бошад.  Санъати  тавони  муошират бо мардум - санъати бузурги раҳбарӣ аст: «Таъсиррасонӣ ба рӯҳи иҷтимоӣ маънои таъсир расонидан ба раванди ҳодисаҳои таърихиро дорад» (Г.В. Плеханов. Сочинения. Т. 1-24. М., 1923. –С. 24).

Эътиқод бар он назар аст, ки табиат ва тақдир ин шахсиятро маҳз барои ҳамин манзалати бузурги таърихӣ – Пешвои миллат будан офаридааст.

 Аз лиҳози дигар, «Дар тули таърих ягон табақаи иҷтимоӣ (хонда шавад миллат - С.Я.) ба ҳокимият ва сарварӣ нарасидаанд, агар онҳо доҳиёни худро, ки ҳаракатҳои мардумиро ташкил ва роҳбарӣ кардаанд, рӯи саҳнаи сиёсӣ набароварда бошанд» (Составитель С.Х. Карин. «Мысли и изречения». Алма-Ата,1964. – С. 657).

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди миллӣ аст.

Роҳбари давлат доимо мантиқеро таъкид месозад, ки муҳтавояшро бо иқтибос аз мутафаккирони бузург ифода кардан мумкин аст: «Таърих чизи дигаре нест, ғайр аз батадриҷ иваз гаштани наслҳо».

Воқеан, дар замони истиқлол насли нав ба камол расид.

 Тавассути  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони ҳамсоли давлати соҳибистиқлол ва  таҳсилдидаи  ин  марҳала,  зина ба зина дар система ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти хислатҳои шахсӣ, тахассусмандӣ, таҷриба, дониш ва малака дар сатҳҳои роҳбарикунанда ба кор ҷалб гардиданд.

Чунин тағйирот талаботи рӯзмарра, объективӣ ва ҳаётан муҳим мебошад. Маҳз ҳамин муносибат устувории ҷомеаро, ки доимо дар таҳаввулоти диалектикӣ буда, ҳамқадамии иваз гаштани наслҳоро вобаста ва дар мутобиқат бо такмили воқеӣ дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт – сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо дар бар мегирад, таъмин мекунад. Аз нигоҳи илмӣ дигаргунсозии сифатӣ ва табиӣ дараҷаи олии рушд ва тараққиётро мадди назар дорад.

Мусаллам аст, ки худи давлат барои ҳаллу фасли манфиатҳои ба ҳам муқобил ва гуногуншакли синф ва гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, танзим ва тақсими фаъолияти инсонӣ, бо кулли имконот амалӣ кардани иродаи сиёсӣ дар қаламрави кишвар барои таъмини амният, дифои мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва тавони манзалати шоиста бахшидани миллат дар арсаи байналхалқӣ арзи вуҷуд кардааст.

Аз диди амалияи давлатдорӣ ҷавонони солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта қисмати асосии кишвари моро дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсати дохиливу берунӣ, илм, маориф, сиҳати омма, соҳибкорӣ, қувваҳои мусаллаҳ, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ - муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти мамлакат муаррифӣ мекунанд. Онҳо қувваи бузург – чилу ҳашт фоизи аҳолии кишварро дар бар мегиранд. Қисмати солим ва ҳаракатдиҳандаи ҷомеа мебошанд. Аммо «миқдор ҳамон вақт масъаларо ҳал мекунад, ки муташаккил ва бо дониш фарогирифта бошад». Дониш ҳам замоне самара мебахшад, ки бо андеша ва муҳокимаи баробарвазн ба воқеият иртиботи ногусастанӣ пайдо кунад.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мактаби аслии Пешвои миллат - таҷрибаи зиндагӣ бо хиради азалӣ ва хислати бузурги ҷавонмардӣ аст. Яке аз чунин сифатҳо тарбия кардани кадрҳо, махсусан, ҷавонон, эътимод ва бовар ба онҳост.

Мо дар замони ниҳоят пурпечутоби таърихӣ қарор дорем. Бозигарони геополитикӣ тавассути имконоти пулӣ, молӣ, идеологӣ ва шиорҳои дурӯғин мехоҳанд сарнавишти мардумони оламро идора ва ба нафъи худ ҳаллу фасл кунанд.

Аммо таҷрибаи кишварҳо гувоҳи он аст, ки меъмори ҳаёти имрӯзу фардои миллат фақат худи миллат аст. Дар ин маврид ҷавонон оянда ва қувваи бузурги тақдирсози мамлакатанд. Маҳз онҳо давомдиҳандаи ҷараёни бузурги эҳёи мардуми  тоҷик  мебошанд,  ки онро Пешвои муаззами миллат асос гузоштааст. Мо дар ҷомеаи тақдири ягона рӯзгор мебарем. Ин масъулияти умумимиллӣ моро гаштаву баргашта ба ваҳдат, сарҷамъӣ, дастгирии насли ҷавон, ки амалӣ гаштани орзуву омоли падару бобоёни мо - нақшаҳои бузурги давлатсозӣ аз онҳо вобаста аст, водор мекунад. Ва баръакс, «бояд аз дӯстони рӯякӣ, ки дар бораи принсипҳои марбута ризоияти худро иброз медоранд, аммо нисбат ба амалӣ гаштани онҳо ба баҳонаи он ки гӯё ҳанӯз вақт ба он омода нест шубҳа доранд ва худ кӯшиши кумак кардан, ёрӣ расонидан барои пухта расидани масъаларо намекунанд, ошкоро эҳтиёт кунем» (Мысли и изречения. Составитель С.Х. Карин. Алма-Ато, 1964. -С. 147).

 Вазифаи мост, ки дасти ҷавононро бигирем. Онҳоро пуштибонӣ кунем. Ба онҳо умед бандем.

Устоди беҳтарини инсон илм, маърифат, дониш ва ҷавҳари он таҷриби зиндагӣ мебошад. Сарфи назар кардани ин воқеият сабаби фоҷиаҳои бузурги инсонӣ аст: «Одамон бо як сабаби одӣ дастҳо сӯи Осмон тақдир меҷӯянд, зеро  ки онҳо дар Замин роҳи худро гум кардаанд» (Г.В. Плеханов. Сочинения. Т. 1-24. М., 1923. -С. 409).

Итминон аст, ононе, ки ба арсаи зиндагии пурмасъулият қадам мегузоранд, зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарчашмаи намунаи ҳаёти худ мешуморанд. Бо тавони таҳлил ва салиқаи муҳокимаронӣ, андеша, гуфтор, рафтор, кору пайкор ва масъулияти ватандорӣ сазовори эътимоди мардум мегарданд.

Мундариҷаи андеша ва хулосабарории инсони комил тавассути таъсири дигаргуншавии олами ҳастӣ шакл мегирад ва вобаста ба он тағйир мепазирад. Таҷриба, намуна ва далелҳои зинда омили рушди ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи одамон мегарданд.

Шаҳри Душанбе барои сокинони он ва кулли шаҳрвандони кишвар, нафароне, ки на танҳо пеш аз истиқлол, балки ҳамагӣ се-чор сол қабл меҳмони пойтахти мамлакат гаштаанд, ин падидаро намунае аз инқилобҳои шаҳрсозии олам арзёбӣ мекунанд.

Ҳар касе, ки дар зиндагӣ бо дастони худ хишт болои хиште гузоштааст, бомеро таъмир карда, дар ҳавлиаш роҳраве бунёд намуда, дарахте сабз карда, буттаи гуле шинонидааст, ба қадри ин таҳаввулот мерасад.

Ҳамаи ин иншоот ва корхонаву муассисаҳоро дар кӯтоҳтарин муддат шаҳрдорӣ, соҳибкорон, ҳазорон ҳазор ҷавонони мамлакат месозанд. Онҳо аз дуру наздик бо тарҳрезӣ, нақшабандӣ, ташаббус, даъват ва раҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба майдони корзори пойтахт ворид шуда, ин бозсозиро оғоз, идома ва суръат бахшидаанд. Ҳамин тариқ, амал «лаёқат ва истеъдод эътимодро тақвият медиҳад» (Гёте).

Бунёди корхонаву муассисаҳо, мактабу шифохонаҳо, роҳҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ бо ин бузургӣ ва вусъат дар пойтахти мамлакат - шакли воқеии зуҳурот ва далели моҳияти шахси роҳбар аст. Ин масъаларо метавон тавассути имконоти сухан ба таври ҳамвазн тафсир намуд. Аммо хубтар ба назар мерасад, ки он аз нигоҳи илмӣ арзёбӣ ва хулосабарорӣ карда шавад: Гегел дар тафсири чунин падидаи мантиқӣ таъкид мекунад: «Ҳақиқат, бидуни шубҳа, тавассути таҷриба тасдиқ мегардад. Дар таҷриба муҳим он аст, ки кадом ақл ба омӯхтани воқеият машғул мешавад. Ақли бузург назорати бузургро асос мегузорад ва дар гуногунрангии зуҳурот он чизеро мадди назар мегирад, ки аҳамият дорад. Идея дар нақд ва ҳақиқат зуҳур меёбад, на берун аз он, на баъди зуҳурот». Сухани худро давом дода, файласуфи бузург менависад: «Дар идома имкон дорад, ҳамчунон ҳақиқатро дар инъикос кардан, дар муайян кардани муносибати фикрҳо, андешаҳо шинохт, дарк кард» (Г.В.Ф. Гегель М.: Наука, 1974. -С.127).

Ин фикр, ба назари мо, ба муттасилии айният, хосияти ирсӣ ишора мекунад ва аз аломатҳои устувори моҳият ва зуҳурот низ шаҳодат медиҳад. Академик П.Н. Федосеев таъкид мекунад: «Инсон зуҳуроти ҷамъиятист, аммо ҳамчун ҷузъи табиат моҳияти биологӣ дорад» (П.Н. Федосеев. Проблема социального и биологического в философии и социологии. -Биологическое и социальное в развитии человека. – М., 1977. – С. 19). Рустами Эмомалӣ дар кору рафтор, қавлу амал ва маҷмӯи сифатҳои шахсӣ ва корӣ дастпарвари мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

ХУЛОСА

Давлат ҳамчун талабот, зарурат ва падидаи ҷамъиятӣ хосияти сирф заминӣ дорад. Барои ҳаллу фасли мушкилтарин масъалаҳои ҷомеа таъсис ёфтааст. Ба ҳамин хотир, қонунгузор ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ин ниҳодро қотеона муайян кардааст.

Дар маҷмӯи чунин масъулият ва имконот пойтахти мамлакат нақши ҳаётан муҳимро дорост. Уҳда кардани мудирияти он барои давлатмард имтиҳон ва шарафи бузург аст.

Чун анъана, одамони касбу кори гуногун дар пойтахт умр ба сар мебаранд. Кору зиндагӣ мекунанд. Дар кӯчаву хиёбонҳояш сайру гашт менамоянд.

Умдатарин сифати дарки инсон баробарвазнии инъикоси воқеият дар тасаввуроти ӯ мебошад. Ахиран, мардуми соҳибандеша ва ҳақбин пешравии куллиро дар пойтахти мамлакат хуб мушоҳида мекунанд. Рушд ва зебоии шаҳр дар дилу дидаи инсонҳо, илми таърихнигорӣ, эҷоди асарҳои бадеӣ, филмҳои мустанад, вокуниши меҳмонон аз дуру наздик инъикоси ҳақиқӣ ёфта, боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар гардидааст. Ин дастовард бо кӯшишҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мисли дигар комёбиҳои беназири кишвар таҳти ҳидояту сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифт.

Ҳама гуна амали инсон маҳсули идея, ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва андешаи ӯст. Бузургтарин тарҳҳои бунёдкорӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ ҳам, айнан, дар ҳамин шакл, аввал дар мағзи инсон ҳамчун нақша, орзу, ният ба вуҷуд меоянд. Муҳокима мегарданд. Пухта мешаванд. Баъд рӯи кор меоянд. Ба зуҳуроти материалӣ мубаддал мешаванд. Дастраси омма мегарданд. Яъне падидаи одӣ нестанд. Ниҳоят заҳматталабанд. «Агар воситае бошад, ки тавассути он дараҷаи тараққиёти ҷомеа санҷида шавад ё дар ҳадди ниҳоӣ имконоти тараққиёти он муайян гардад, ин восита аз дақиқ кардани ҳамон идеалҳое мебошад, ки дар марҳалаи кунунии таърихӣ он ҷомеа ба роҳбарӣ гирифтааст» (М. Е. Салтыков-Щедрин. Сочинение. Т. 1-12. –Спб, 1894). Чунин идеяи роҳнамо шиори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон, ба пеш!» аст.

Пойтахти давлат – гаҳвораи тақдири миллат аст. Он таҳаввулоти инқилобие, ки дар навсозии шаҳр мисли ҷаҳони муосир дида мешавад, бояд дар ботини сокинони пойтахт, махсусан, ҷавонон дидгоҳ ва ҷаҳонбинии навро тавлид намояд. Мо муътақид ҳастем: дониш, маърифат, ки асоси онро ҷаҳонбинии миллӣ ташкил мекунад, имконоти ғаразҳои геополитикиро маҳдуд месозад.

Агар ба бисёре аз иншооти хотирмони Душанбеи имрӯза назар андозем, ба тарҳ ва мантиқи ороиши дохил ва намуди берунии онҳо таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки намои шаҳр ҳазорсолаҳои гузаштаи миллати моро дар давраҳои мушаххаси таърихӣ, бо беҳтарин дастовардҳои меъмории олам инъикос менамояд. Аммо таърих борҳо исбот кардааст, ки «ҳифзи музаффариятҳои инқилоб дар рӯзи дуюми баъд аз инқилоб на камтар аз худи инқилоб аст» (М. Робеспйер).

Пас зарур аст, ки мо пойтахти мамлакатро ҳамчун гавҳараки чашм пок, беолоиш, дар сулҳу субот ва оромиву осудагӣ барои имрӯз, барои фардо, барои ҳазор соли дигар нигаҳ дорем. Аммо ин кор саҳл нест.

Таҳлили зуҳуроте, ки аксар вақт дар тарзи пӯшидани либос, намуди зоҳирӣ, гуфтор ва рафтору кирдори баъзе гурӯҳҳои ҷавонони пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он ба назар мерасад, ба таҳлили моҳияти (умқ, сират, ботин, муҳтавои ҷаҳонбинӣ, шуур) ин падида ва аз оқибати эҳтимоли зери суол рафтани вазъ ҳам дарак медиҳад. Он намунае аз тамоюли бегонапарастӣ, фосила гирифтан аз анъана, урфу одат ва ҷаҳонбинии миллии қисми фаъоли ҷомеа аст.

Ҷавонон, умуман, инсонҳо бе идеал зиндагӣ карда наметавонанд. Ин беҳтарин нишонаи одамият аст. Аммо ин идеал бояд заминӣ бошад, барои аҳли оила, хонаву дар, деҳа, барои ҳифзи сарзамин, барои миллат, барои Ватан. Пойтахти давлатро ҳам, фақат ҳамин идеал обод мекунад, осуда нигоҳ медорад. На чизи дигар.

Роҳи ягонаи раҳоӣ аз торикӣ ва раҳгумӣ, халосӣ аз гирдоб ба умеди соҳил, омиле, ки мушкилро осон мекунад ва манзилу маҳфилу аҳли дилро нигаҳ медорад, ҷоҳилро комил мегардонад, мактаб, маориф бо ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги миллӣ аст. Китоби дарсӣ «...бояд на танҳо ҳақиқатро гӯяд, балки сабаби дурӯғро ҳам тафсир кунад, фаҳмонад: ин амал боварро ба ҳақиқат қувват мебахшад. Одам бояд фаҳмад, барои чӣ як чизе дар назар ҳақиқат менамояд, ки он дар асл ҳақиқат нест. Чунин фаҳми масъала эътиқоди инсониро ба воқеият, ба дурустӣ пурзӯр мекунад» (Аристотель. Эстетика. – М., 2020. – С. 75).

Дар муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ, ки дар се-чор соли охир дар пойтахти мамлакат сохта шуданд, барои наврасон ва ҷавонон беҳтарин имконоти тарбия ва таълим фароҳам гардидаанд. Чунин боргоҳҳои илму ҳунар, воқеан, дар дунё камназиранд. Барои давлат, барои хазинаи шаҳрдорӣ ниҳоят гарон афтодаанд. Аммо маблағгузорӣ барои имрӯз ва оянда, барои рушди инсонӣ ҳамин аст. Ҷомеа, волидайн, кормандони соҳаҳои илму маориф бояд ба қадри он расанд. Фарзандон, мутахассисон, олимонеро тарбия намоянд, ки сазовори халқи хеш бошанд. Ҷаҳонбинии миллӣ, ватанпарастона ва илмӣ дошта, бо мақсаду мароми давлат, ки асоси онро амният ва рифоҳи ҷомеа ташкил мекунад, ҳамтову ҳамнаво гарданд.

Соҳаи маориф, таълиму тарбия ҷабҳаи муътақидкунонист. Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳ ба тарбияи насли нави давраи истиқлол ва давлатдории навини миллӣ аз муваффақтарин самти сиёсати шаҳрдорӣ дар давраи мудирияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Ва ин бесабаб нест. Фаъолияти Раиси шаҳр ва мантиқи амали ӯ - милликунонии тафаккур бо суханони мутафаккири бузург Аристотел алоқамандии ногусастанӣ дорад: «Ба хотири он ки тамоми давлат, дар маҷмуъ, ҳамагӣ як мақсадро мадди назар дорад, аз ҳамин сабаб барои шаҳрвандон шароити якхелаи тарбия лозим аст. Ва ғамхорӣ дар ин масъала бояд ғамхории давлат бошад, на ташаббуси шахсӣ. Зиёда аз ин, набояд фикр кард, ки ҳар як шаҳрванд худ ба худ арзи вуҷуд мекунад. Не, ҳар шаҳрванд мансуб ба давлат аст. Ҳар шаҳрванд ҷузъи давлат мебошад. Ҳамин тариқ, ғамхорӣ дар бораи ҳар як нафар, табиист, ки ғамхорӣ дар маҷмуъ, дар якҷоягиро дар назар дорад» (Аристотель. Политика. -М.: Наука. 2010. – С. 536). Чунин муносибат ба вазъи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа бесабаб нест.

Миллати тоҷик борҳо бо фоҷиаҳои сангин рӯ ба рӯ шудааст. Бузургтарин бадбахтии миллӣ шикасти давлати Сомониён буд. Ин нокомӣ ҳазор сол идома дошт. Ва мардумро тӯли садсолаҳо ба ғуломӣ кашид. Рӯҳияи онро заиф сохт. Ба ҷузъи психологияи таърихӣ мубаддал шуд. Айнан, ҳамин кӯшишро давоми ҳафтод соли охир ду маротибаи дигар (ҳаракати босмачигарӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ) хоинони ҷоҳталаби миллат зери султа ва амри бегонагон бо роҳу василаҳои нангину хунин амалӣ карданӣ шуданд.

Аммо шикоятҳо дарди моро сабук намекунанд. Бояд бидонем, ки фоҷиаву шикасту рехтҳоро сабаб чист? «Мо наметавонем, ягон хатоии худро, аз ҷумла, иштибоҳоти сиёсиро дарк кунем, агар натавонем фаҳмем, он касе чунин иштибоҳро содир мекунад, аз лиҳози умқи масъала кадом камбудии назариявиро бошуурона қабул ва гумон кардааст, ки дуруст аст ва онро содир намудааст» (Мысли и изречения. Составитель С. Х. Карин.– Алма-Ата, 1964. – С. 637). Ҳамаи он каҷравиҳое, ки боиси фоҷиаҳои миллӣ гардидаанд, асоси идеологияи хурофотӣ, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ доштанд.

Пойтахт ва умуман, кишвар зарурат ва ниёзи бемайлони ислоҳи вазъро дар самти тарбияи шуур ва маънавиёти омма дорад. Ин ҳолат бояд на танҳо ба рафти тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии миллӣ мувофиқат кунад, ҳатто аз он пеш гузарад. Сохтор, мундариҷаи ҷаҳонбинӣ, дидгоҳи қисмати фаъоли ҷомеа ва нақшаҳои ғаразноки бозигарони геополитикӣ ин масъаларо рӯзмарра ва мубрам гардонидаанд.

Ғолибияти ҷаҳонбинии миллӣ – замонати суботи пойтахт,  истиқлол,  пойдорӣ  ва  рушди Ватани азиз – Тоҷикистон аст. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ садоқати хешро дар ин пайкор ҷавонмардона нишон медиҳад.

 

 С. ЯТИМОВ, профессор

 

Бознашр аз маҷаллаи  «Илм ва Ҷомеа», № 5 (27), соли 2021

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-11-2021, 08:32:08 | Диданд: 440