МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

АМАЛҲОИ  НОМАТЛУБ

АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ Аз ҳодисаҳои даҳшатбори амалҳои террористӣ ҳамон кишваре дар амон мемонад,ки мардумаш дорои маърифати баланди ватандорӣ бошаду сарзамини худ , ва ватани худро сидқан дӯст дорад. Шукрона аз он дорам, ки мардуми тоҷдор ва ватандӯст мебошаду ин сарзамини худро сидқан дӯст медоранд. Ва дигарбоа ба доми фиреби р душманони миллат намеафтанд , зеро мо мардуми тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта бо дасисабозиҳои гуруҳҳои ифротгаро ба ҷанги таҳмили пардохтему бо чӣ мушкилоти сиёсию иқтисодӣ дучор омадем. Мо тавонистем дар андак муддати кӯтоҳи таърихи ин ҳамаро барқарор намоем вале захми дили мардум солҳо боқи мемонад. Певои муаззаи миллат мудом ба мо мардуми тоҷик муроҷиат карда мегӯяд,ки зиракиву ҳушёрии сисиро аз даст надода, бояд ватани худро дӯст дорем ва доимо аз паи ободии он бошем. Ватани кас ҳар қадар ободу зебо бошад зиндагӣ барояш ҳамон қадар зебову гуворро мебошад. Ман ҳам чун аҳли зиёи кишвар ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди тоҷик гуфтаниам, ки дар ин раванди муборизаи абарқудратҳо ба сухани дуруғини кассе гӯш надода аз паи зиндагии осоиштаи хеш бошем. Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем, Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем. Давлатҳои абарқудрат, махсусан давлатҳои Ғарб ба мақсади соҳибӣ кардан ба захираҳои нефт, фурӯхтани аслиҳаи кӯҳнашудаи худ, ки аз ин ҳисоб маблағҳои зиёдро ба даст медароранд, аз ҳисоби муҳоҷирони иҷборӣ қувваи кории арзонро муфт соҳиб мешаванд, хариду фурӯши узвҳои бадани инсон (трансплантатсия)-ро ба тиҷорати сердаромад табдил додаанд, бо баҳонаи кӯмаки башардӯстона бо ворид сохтани қӯшунҳои ҳарбии худ барои баланд бардоштани маҳорати ҷангии онҳо, дар баъзе давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Сурияву Ироқ, ки мардумашон зиндагии тинҷу ором доштанд, “Давлати исломӣ”-ро маблағгузорӣ ва ташкил намуда, мардуми ин кишварҳоро ба хуну хок оғушта намудаанд. Густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу алсиҳа. Бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд ва ба ин мақсад амал мекунанд. Давлатҳои абарқудрат маҳз ба воситаи чунин гурӯҳҳо яроқу аслиҳаи худро ба фурӯш мебароранд. Тиҷорати маводи нашъаовар ва аслиҳа яке аз сабабҳои доман паҳн кардани гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ, нодорӣ боиси норозигӣ ва гаравидани баъзе гурӯҳҳо ба экстремизм ва терроризм мегардад. Як чизи ҳайратовар низ мушоҳида мешавад, ки дар байни аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фарзандони оилаҳои сарватманд, ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набударо низ дидан мумкин аст ва инро бояд равоншиносон, сотсиологҳо ва дигар равияҳои илмҳои ҷомеашиносӣ таҳлил намоянд. Ғараз ва қастгирӣ, ғараз, хусумат. Баъзе шахсон, гурӯҳҳо, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба сари мансаб меоянд, пулу сарват ҷамъ мекунанд ва дар ҳолати фош шудан аз мансабу сарват маҳрум шудан ба гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, экстремистӣ, террористӣ пайваст мешаванд ё онҳоро дастгирӣ менамоянд. Бархе аз одамон ба хотири обрӯ, нуфуз, соҳиби мансаб, сарвату боигарӣ шудан, дин равия ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ – ифротию тундравро таъсис медиҳанд. Директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Абдуллозода Б.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-10-2024, 16:02:17 | Диданд: 104