МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ХОНА АЗ ПОЙБАСТ ВАЙРОН АСТ...

ХОНА АЗ ПОЙБАСТ ВАЙРОН АСТ...

Роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо таъсиси эътилофи сунъии дар заминаи ташкилотҳои худсохта ва рамзӣ  созмондодашуда шабеҳи меъморе аст, ки бе пойдевор хона бунёд кардааст ва акнун дар пайи нақшу нигори пештоқу айвони он аст.

Чанд рӯз пеш Муҳиддин Кабирӣ дар сатҳи эътилофи ҷиноятии худ, ки онро маҳз ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи сарпарастону маблағгузорон ва хоҷагони хориҷӣ созмон додааст, гӯё ба масоили ташкиливу кадрӣ ва таъсиси зерсохторҳо пардохт.

Бо дарназардошти фитрати ҷоҳталабиву мансабталошӣ доштани Муҳиддин Кабирӣ  аз қабл маълум буд, ки ӯ  маснади раисии эътилофи лӯхтакмонандро ба касе доданӣ нест. Дурустии ин тахмин дар ҷаласаи Шӯрои ба ном  «Паймони миллии Тоҷикистон» тасдиқ шуд.

Барои як созмони рамзиву дурӯғин ва бепояву худсохтаи террористону ҷинояткорон, ки аз 6-7 нафар иборат аст, таъин кардани зерсохторҳо бо номҳои мутантан, бешубҳа, мисли мазҳакабозие аст, ки фақат ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи мардум анҷом дода мешавад. Ин аъмоли хандахариш ва орӣ аз мулоҳизаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро дида, байти зерини Саъдии Шерозӣ ба хотир омад, ки гуфтааст:

Хона  аз  пойбаст  вайрон  аст,

Хоҷа дар фикри нақши айвон аст.

Муҳиддин Кабирӣ, ки баъд аз кудетои номуваффақи сентябри соли 2015 ба хориҷи кишвар фирор кард, ҳамеша  орзуи таъсис додани эътилофи неруҳои оппозитсионии тоҷикро дар зеҳн мепарварид ва барои ин чанд маротиба кӯшиши бебарор низ анҷом дода буд. Аҳзобу гурӯҳҳои сиёсии мухолифандеши тоҷик, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо ТТЭ ҲНИ  эътилофе бо номи ИНОТ баста буданд, дар давраи фаъолияти ин эътилоф ҳамеша шоҳиди паймоншиканиҳои ТТЭ ҲНИ ва ҳайати роҳбарии он мешуданд. Бинобар ин, аҳзобу гурӯҳҳои аслии оппозитсиони тоҷик, бо вуҷуди даъватҳои муқаррарии Кабирӣ ва ваъдаҳои бисёри ӯ, аз ТТЭ ҲНИ фосила гирифтанд ва ҳатто мухолифатро нисбат ба таъсиси эътилофи дигарбораи неруҳои оппозитсионии тоҷик таҳти сарпарастии наҳзатиҳо эълом доштанд.

Кабирӣ ва дигар роҳбарони ТТЭ ҲНИ, ки тибқи барномарезии сарпарастон ҳатман эътилофро бояд ташкил медоданд,  барои он ки аз вазъияти нохушоянд аққалан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёбанд  ва  дар назди хоҷагони хориҷӣ зарфияти хешро ҳанӯз масрафношуда нишон диҳанд, чорае ҷуз ин надоштанд, ки созмонҳои худсохта ва рамзиеро чун «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ» таъсис диҳанд.

Ҳеҷ кадоме аз ин созмонҳо на дар дохилу на дар хориҷи Тоҷикис­тон аз тарафи мардум эътироф нашудаанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишварро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин, аксарияти мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти онҳо маълумот надоранд.

Худ қазоват кунед, ки бар пояи созмонҳои рамзиву дурӯғин таъсис додани эътилофи худсохтае бо номи пур аз тафохури «Паймони миллии Тоҷикистон» чӣ ҷонибдории иҷтимоие дошта метавонад. Ин эътилоф ҷуз  табли дарунтиҳӣ нест, ки дар оянда Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун нақоранавоз аз он фақат барои ҳангома барпо кардан истифода хоҳад бурд.

Барои созмоне ба ин пучӣ таъсис додани теъдоди хеле зиёди зерсохторҳо бо номҳои тумтароқ монанд ба он аст, ки хӯсаро бо пӯшиши назарфиребона  дар миёни полиз гузоранд.

Ин эътилофи бебунёдро бо ин ороиши аҷибу ғариби зоҳирӣ мушоҳида мекунаму байти машҳури Абдулқодири Бедил ба ёд меояд, ки дар ҳаққи хурофотпарастони зоҳирпарасти фазлфурӯш гуфтааст:

Як нахӯд каллаву сад ман дастор,

Ин  каму  беш  чӣ  маънӣ  дорад?

Хусрави ШЕРЗОД, таҳлилгар

бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1123

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-10-2018, 14:13:16 | Диданд: 1202