МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

СИПАҲСОЛОРИ СУХАН

СИПАҲСОЛОРИ СУХАН

Тарҷумаи асари бадеӣ ки риштаи фарҳангии халқҳои гуногунзабонро бо ҳам мепайвандад, яке аз воситаҳои муҳимест баҳри шиносоӣ пайдо кардан ба ганҷинаи беназири адабиёти умумибашарӣ.

Яке аз шоҳкориҳои назаррасе, ки дар таърихи адабиёти ҷаҳон давраи наверо оғоз намуд, ин романи бузургтарин ва шинохтатарин нависандаи дунё Габриел Гарсиа Маркес “Сад соли танҳоӣ” мебошад.

Ин асари бебаҳо бо саъю талоши нависанда ва тарҷумони шинохта устод Абдуғаффори Абдуҷаббор соли 2010 аз тариқи нашриёти “Адиб” ба табъ расид. Аз ин пештар ин нависандаи забардаст қиссаи машҳури Маркес “Ба полковник касе наменависад”-ро дар нашриёти “Ҳумо” ба табъ  расонда буд. Қиссаи мазкур бо романи “Сад соли танҳоӣ” аз ҷиҳати сужет бо ҳам алоқаманданд. Баъди ба табъ расидани роман дар сол 1967 он ба зудӣ ба даҳҳо забонҳои дунё тарҷума ва ба табъ расида,  пояи баланди шуҳрати умумиҷаҳониро касб намуд.

Дар аввали солҳои ҳаштодум романи баъдинаи Гарсиа Маркес “Хазони умри Одамхудо” аз тарафи Нависандаи халқии Тоҷикистон ӯрун Куҳзод тарҷума ва нашр гардида, ба он олими маъруф Акбар Турсун пешгуфтор навишта буд. Агар фосилаи нашри романи “Хазони умри Одамхудо” (1975) ва тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ (1982) ҳамагӣ ҳафт солро дар бар гирад, фосилаи нашри романи “Сад соли танҳоӣ” (1967) ва тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ (2010)  43 солро дар бар мегирад.

Шояд сабаби дертар тарҷума гардидани ин роман дар он аст, ки услуб ва нигориши нависанда аз як ҷиҳат мураккаб, аз ҷиҳати дигар навоварона аст. Гарсиа Маркес дар роман ривоёту асотир, масалу афсона ва дигар маводи фолклорро  бо олами воқеият ба тарзи синтетикӣ омезиш дода, реализми муъҷизаосоро ба вуҷуд овардааст. Ҳатто дар ҳалқаҳои ба ҳам пайвасти сужетҳо хонанда ба фосилаҳои ноайёни вақту фазо рӯбарӯ гашта, ҷараёнҳои навбанавро ба хубӣ дарк менамояд. Ин аз тарҷумон масъулияти баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи фалсафӣ, назари тоза ба воқеиятро талаб мекунад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки тарҷумаи русии  роман аз тарафи ду тарҷумон сурат гирифтааст. Як қисми романро Н. Бутириной ва қисмати дигарашро В. Столбов тарҷума кардаанд.

Устод Абдуғаффори Абдуҷаббор романи “Сад соли танҳоӣ”-ро хеле барҷаста, бо забони соддаю равон ва дилкашу шоирона тарҷума намудааст. Тарҷума аз забони аслаш монданӣ надорад. Камина ин хизмати бебаҳои устоди мониқалам Абдуҷаббори Абдуғаффорро дар бобати тарҷума ва нашри ин асари безавол комёбии бузурги адабиёти тоҷик меҳисобад.

Романи “Сад соли танҳоӣ” оинаи бебаҳоест, ки хонандаи ҳар давру замон дар он паҳлӯҳои  гуногуни зиндагиро мушоҳида менамояд. Яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ин никоҳи хешутаборист. Маҳз никоҳи хешутаборӣ дар романи мазкур авлоди Буэндиаро якҷоя бо зодгоҳаш  Макондо  аз байн мебарад. Сабаби дигаре, ки боиси ба боди фано рафтани ин оилаи ба гирдоби танҳоӣ афтода ин набудани меҳру муҳаббати аҳли хонадон нисбати ҳамдигарист, ки мо имрӯзҳо онро дар ҳаёти ҳамарӯза мушоҳида мекунем. Нависанда ба хурофоту тақдирнигарӣ тамасхурона назар мекунад.

Нависандаи машҳур Чингиз Айтматов романи “Сад соли танҳоӣ”-ро бузургтарин романи асри ХХ эътироф намудааст. Бешубҳа дар асарҳои Чингиз Айтматов бахусус романи “Ва аз қарн ҳам тӯлонитар буд он рӯз” таъсири эҷодиёти Маркес бузург аст. Яке аз сарчашмаҳои  асосии образи Манқурт, ки он бозёфти эҷодии Айтматов шинохта шудааст, дар баробари ривояту асотири ақвоми туркзабон, романи “Сад соли танҳоӣ” ба шумор меравад. Исботи он ба андешаи  нависандаи ин сатрҳо яке аз сужетҳои асар аст, ки ба маризии бехобию фаромӯшхотирӣ мубтало шудани  аҳли Макондо аст, ки сараввал ёди кӯдакӣ, сониян ному рисолати ашё, баъдтар нашинохтани одамон ва дар охир гум кардани шахсияти худ мебошад.

Бисёр пешгӯӣ ва ояндабинии Гарсиа Маркес дар асарҳояш имрӯзҳо ба таври ҳайратангез дар ҳаёти воқеӣ исбот мегарданд. Аз ҷумла дар саҳифаҳои аввали романи “Сад соли танҳоӣ”аз забони пешвои лӯлиён ин суханҳо садо медиҳанд: “Илм фосилаҳоро барҳам зад. Ба наздикӣ одам аз хонааш берун нарафта, метавонад ҳар рӯйдодеро, ки дар ин ё он кунҷи дунё ба вуқуъ мепайвандад, бубинад”. Шабакаи умумиҷаҳонии интернет дар замони мо суханҳои қариб ним аср пеш иншонамудаи Габриел Гарсиаро исбот намуд.

Дили нависандаи бузург 17 апрели соли 2014 дар шаҳри Мехико дар сини 86 солагӣ аз тапидан бозмонд. ӯро асарҳои беназиру нотакрораш асрҳои аср яке аз шинохтатарин чеҳраҳои  адабиёти сайёра муаррифӣ хоҳанд кард.

Раҷаб ҒАФФОР,

омӯзгори МТМУ № 13. 

 

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-10 | Диданд: 1125