МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

НУРИ РАҲМОНИ ОМАД БА ХОНАДОНИ ТОҶИК

НУРИ РАҲМОНИ ОМАД БА ХОНАДОНИ ТОҶИК

Муборак бод бунёди Роuун ба миллати нурофари тоҷик!

                  Муборак бод оғози фаъолияти Рогун ба Сарвари ҷоннисори кишвар!

                          Муборак бод фараҳи нур ва сафои рӯшанӣ ба мардуми некманиши тоxик!

                                             Нурборон бод зиндагии халrи некӯманиши мо!

                                                                                                     Камол НАСРУЛЛО

Боиси сарфарозист, ки дар кишвари мо рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ба феҳристи Рӯзҳои ид дохил гардид ва минбаъд сокинони Тоҷикистон онро ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн мегиранд.

    Воқеан, таҷлил намудани Рӯзи Президент ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию таърихӣ барои миллати мо як амри зарурӣ маҳсуб меёбад. Зеро, сарнавишти имрӯзаву ояндаи миллати мо ва низоми давлатдории навини тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад. Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллати тамаддунофарӣ мо мебошад.

Мо бояд шукрона кунем, ки Худованд барои мо баъди беш аз ҳазор сол боз неъмати давлати соҳибистиқлолро насиб гардонид. Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузошта, онро боз ҳам барои ҳосил кардани ваҳдати миллии комил, амнияту сулҳу субот, пешрафтҳои иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон қарзи шаҳрвандӣ ҳисоб мекунад. Паямбари ислом (с) мефармоянд: “ҳуббул Ватани минал имон”, яъне дӯст доштани ватан аз имон аст. Яъне Ҳуббул-ватан ин муҳофизат кардани марзу буми Ватан аст. Хизмати шоиста бар Ватан-модар кардан аст. Ин садоқат ва ростӣ аст. Ин ободу гулгулшукуфо кардани Ватан аст. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафту гулгулшукуфоии ватанамон мо бояд аз сиёсату низому дастуроти Пешвои миллат ҷонибдорӣ кунем. Мувофиқи таълимоти дини мубини ислом итоат ба Худо ва паямбару фармонравоён воҷиб аст. Шукрона кунем, ки Худованд бар мо Пешвои боадлу хирад ва одилро арзонӣ фармуд.

             Худованд ба мардуми Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда, барояш роҳбареро сари давлат овард, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллати моро аз вартаи ҳалокат ва фаношавӣ наҷот дод. Худованд бар мо Пешвоеро ато кард, ки ғамхори мардмуми кишвар мебошанд. Он кас тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, ки мардуми кишвар тинҷу осуда ва зиндагии шоиста дошта бошанд. Бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ақлу тадбир ва хиради худододи Пешвои миллат тоҷиконро сарҷамъ ва дар як мизи мудаввари сулҳ шинонида, сулҳи ногузир ва нодирро барои тамоми ҷаҳон нишон ва таълим доданд.

Сарвари давлат бо зиракии хеш дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро барои дидаи мардуми ҷаҳон, ҳамчун давлати тинҷу орому тараққикарда ва миллати тоҷикро сулҳпарвар ва меҳмондӯст муаррифӣ намуданд. Дар робита ба дини мубини ислом, чи гуна таҳаммулпазир ва сулҳҷӯ будани он ва дифо аз шаъну шарафи он, аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳон арза доштанд, ки террорист ватан, миллат ва дин надорад. Роҳбари давлат дар дохили Байтуллоҳ даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи ватану миллат дуои хайр карданд. Имоми Аъзам мефармоянд: Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар баъди вай дурӯғ нагӯ!

Инак, баъди заҳматҳои зиёд, рӯзи 16-уми ноябр дар рӯзи фархунда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин чархаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Пешвои миллат ба гардиш даромад. Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукрона мекунем, ки Худованд бароямон чунин Пешвои додгустарро арзонӣ дошт.

           Президенти мо барои мардуми тоҷик Пешво, роҳбар ва мояи ифтихори миллат мебошанд. Таманно аз даргоҳи Худованд дорем, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро абадӣ гардонад ва сарзамини биҳиштосои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ дар таъмини сиёсати ватандӯстона ва бунёдкоронаи роҳбари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намуда, барои рушду нумуи Тоҷикистони азиз дар тамоми ҷабҳаҳои  ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Имрўз мавзўи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рўз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷўҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мўҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.

         Имрузхо барои мардуми точик давраи исботи ору номус, вичдону химматбаландй. исботи точдорй расидааст. Миллати химматбаландро фурсати исботи химмати баланд омадаст. Нахустин бор Президенти давлат Эмомалии Рахмон ба халк бобати кумаку дастгири бахри сохтмони ин иншооти бузург мурочиат кард, ки ин мурочиати у ба кулли мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, хамагон онро хуб пазируфтанд, дастгири намуда истодаанду хамагй чонибдоранд.

Хар як ватандор шабро шаб, рузро руз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, карзи ватандорй адо карда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузург сахм гузошта, сахмияхо харида. маблагхо мегузаронанд. Имрузхо модарони точик кулчаи ширмоли худро ба коргарони НБО-и Рогун мефиристанд. Имруз хар як пиру барной миллат бо кадом рохе ки набошад, дастгири ободонии НБО-и Рогун аст. Имруз Рогун майдони захматхои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори сохибватанон, хастии шучоату мардонагй ва шарафмандии миллати точик гаштааст. Имруз ин миллати бузург шохсутуни маъбади бузурги мехру мухаббатро бино мекунанд. Имруз хар як харфи ин иншоот ифодакунандаи як мафхуми бузург гаштааст.
           Нерўи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли Шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ зарурияти Роғунро хубохуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишон дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бонангу номуси кишвар аст.

 

Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабурўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.

Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Дарки оқилонаи масъала ба хасташавии пирони кор имкон намедиҳад. Баръакс, парчами номуси миллат фазои фароғати эшонро зиннат медиҳад.

          Дар  даврони  соҳибистиқлолӣ  кишвари   азизамон  рӯз  то  рӯз  ободу  зебо гашта ва сокинони  кишвар  самари  истиқлолро  чашида ва  ормонҳои  ҳазорсолаи  ин  миллат  ҷомаи  амал  пӯшида  истодааст.

Ба   ҳамагон   чун  оина   равшан  аст,   ки  халқи  тоҷик  дар  тӯли  27-соли  баъди истиқлолият ба чӣ дастоварду зафарҳои  бемонанди меҳнатӣ,  иқтисодӣ   ва  иҷтимоиву  фарҳангӣ   комёб   гардидааст.

          Ҳукумати  кишвар    бо  сарварии   Асосгузори   сулҳу   ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат,  ПрезидентиҶумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон   дар  роҳи  расидан  ба   ҳадафҳои   олии  Истиқлолияти  давлатӣ   ва  ғояву  манзалати   Ваҳдати 

миллӣ  се  ҳадафи  стратегӣтаъмини  амнияти  озуқаворӣ,   баромадан   аз  бунбасти   коммуникатсионӣ  ва  расидан   ба  истиқлолияти   энергегикӣ    кӯшишу  заҳмати   зиёд   ба  харҷ  медиҳанд.

Дар  даврони  соҳибисиқлолӣ  сохтмони  иншооти  ҳаётан  муҳим-НБО  Роғун 

 оғоз   гардид. 

НБОРоuун  ин  орзуи   деринаи  миллат  буд.Инак,  баъди  заҳматҳои  зиёд  дар  саҳифаи  навини  таърихи  тоҷикон   боз  як   дастоварди  бузурги  миллат   сабт   хоҳад   гашт.     

Зеро  дар  ин   рӯз  ин  Кохи  нур  ба  нурафшонӣ шуруъ менамояд.  

Ба  ибораи  дигар   гӯем, нур  болои  нур аст. Зеро дар ин рӯз расман Рӯзи Презденти Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҷлил  карда  мешавад.

НОБ-и  Роuун  дуррӣ  нурафшонест,  ки  дар  Рӯзи   Президент  ба  мардуми  

кишвар   ҳадя  карда  шуд.

Хулоса, иншооти Роuун хамчун неругохи баркй -обй на тан[о барои миллати тоxик нуру зиё, балки баракату фаровонй, якдигарфа[мй, э[тироми миллат ва [амбастагиро ато фармуд. Бо оuози ин иншооти бузург миллати тоxик боз аз со[ибточй, бузургдилй, саховатмандй ва [унари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, [амчун маъхази гарон баробари ба анxом расидану қад афрохтан кулли хушихои олам, [амчун э[сон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро хувайдо мегардонад, зеро он аз итти[оди бузурги миллати баору номус ва аз са[ми хурду бузурги ин сарзамини офтобй ба авч сар кашида.

 

Шарифхон Тиллоев-рeзноманигор

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-11-2018, 11:11:05 | Диданд: 574