МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи 24 ноябри соли 2018 дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар ин чорабини раиси ноҳияи Восеъ М.Ғафурзода ҳозиринро бо ин ҷашн табрику таҳният намуд. Сипас ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии ноҳия ба нафароне, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат кардаанд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид. 

Кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия бо сурудҳои худ дар васфи Парчам, Ватан ҳунарнамоӣ намуданд.  

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-11-2018, 09:35:40 | Диданд: 421