МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кор бо усули заҳмати мўрчаҳо

Кор бо усули заҳмати мўрчаҳо

              (Назаре ба сохтмони НБО Роғун, ки ояндаи Тоҷикистон аст )

     Қаҳрамони марказии НБО – Роғун  Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ  Рахмон мебошанд.

  Боре рўзноманигори Ватанӣ аз устод Бозор Собир (ёдаш ба хайр бод) мепурсад:

   - Устод, оё дар сифоти Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон шеъре бахшидаед ? Шоир нихоят некбинона ва воқеан хам ҷавоби шоирона медихад: 

     Агарчӣ ў мухтоҷи шеъри ман нест, вале  касе  ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роху нақб кушодааст, ман бо ўям. Касе ки НБО- и Роғунро сохта истодааст, боз хам ман бо ўям. Касе ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри  корхонаҷот аст,  ман бо ўям.

    Воқеан хам бо ўем. 26 июли соли равон Пешвои муаззами миллат- мухтарам Эмомалӣ Рахмон ба НБО – Роғун ташриф оварданд. Хар вақт, ки Пешвои миллат ба ин коргохи азими аср қадам ранља менамоянд, кор нихоят дар ҷўш аст ва баракати кор меафзояд. Хар бинанда ба хулосае  меояд, ки кор дар ин ҷо бо усули захмати мўрчахо ташкил карда шудааст. 24 соат  шабу рўз кор  дар харакат- дар ҷўшу хурўш аст. Мошинхои хузарби сангу шағалбари вазнинбор  шабу рўз дутарафа мўрчахо барин дар рафтуоянд.  Онхо ба пешбандии дарғот машғуланд. Чун корро аз наздик ё аз тариќи телевизион тамошо мекунӣ, боварат намеояд, ки инсон қудрати чунин сохтмони азимро дошта бошад. Мардум хуб медонанд ва ифтихорманданд, ки дар саргахи ин шохкори азими аср Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст. Воқеан хам захматхое, ки дар рохи бунёди давлати Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ карданду карда истодаанд, бегонахо ангушти хайрат газидаанд. Бубинед, ки адиб, сиёсатмадор, журналист ва публисисти рус Александр Проханов яке аз мақолахояшро, ки ба Тоҷикистон ва сарвари сарсупурдаи миллати тоҷик Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон – мухтарам Эмомалӣ  Рахмон  бахшидааст,  чӣ ибрози ақида мекунад: « Президент Рахмон – сарвари маънавӣ ва сиёсӣ, ки миёни сўхторхо, ҷанги шахрвандии бародаркўш тавлид шуд, ҷангро қатъ карда, кишварро  барои пора – пора кардан ба ифротиёни ақлбохта надодааст. Дар замони рохбарии ў тирпаронихо қатъ шуданд. Ў ғолиби қасдгир нашуд, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттахид кард ва Душанберо ба шахри бинохои тасхиркунанда, донишгоххо ва осорхонахо табдил дод». Дар ин андешахо хар хел оханги тамаллуқ дарк карда намешавад ва аз мо манфиатдоре  хам нестанд. Барои мо, алалхусус барои ҷавононамон чунин бахогузорихо мояи ифтихор хасту бояд бошад.

     Президент Эмомалӣ Раҳмон. Воқеан хам Пешвои миллатанд. Хар омаданашонро коргарон  интизорӣ мекашанд. Мулоқоту вохўрихояшон бо коргарони НБО- и Роғун дар сатхи олӣ ва нихоят самимӣ мегузаранд.Баъд аз он ки мутахассисон ахборот доданд, ки алхол  барои пешбандӣ ба миқдори 50 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсхои кўхӣ захира карда шудааст, Президент аз коргарон арзи сипос ва миннатдорӣ намуданд.

    Бигузор чашмони душманони миллати мо ба монанди Муҳиддин Кабирӣ барин хоинон кур шавад.

     Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки рўзи 26.07. 2018 дар шахраки Роғун баргузор гардид, Пешвои муаззами  миллат, мухтарам Эмомалӣ Рахмон аз пешрафти хуби корхо дар хама самтхои нерўгох, ки Директори генералии ҶСК Нерўгохи барқӣ – обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода ва намояндагони ширкати «Салини Ипреҷило» Лучако Чиконя ахборот доданд, хеле мамнун ва розӣ шуданд. Охир, тибқи нақшахои пешакӣ ниммаи аввали мохи ноябри соли 2018 агрегати аввали НБО – Роғун  ба истехсоли барқи тозаи экологӣ бояд шурўъ кунад.

     Бо ту мефахрад Ватан, то он даме дунё биност,

     Мо дуогўи туем , эй сарвари ободкор.

Солеҳ  Ҳотам, нафақахур

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-11-2018, 12:45:37 | Диданд: 378