МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АЗ «ҲИЗБУЛЛОҲ» ТО «ҲИЗБИ ШАЙТОН»

АЗ «ҲИЗБУЛЛОҲ» ТО «ҲИЗБИ ШАЙТОН»

Ҳизби хоини ба ном «Наҳзати исломӣ», ки ҷанини фитнаву хиёнат ва мазҳабфурӯшиву миллатфурӯширо ҳанӯз аз даврони шӯравӣ дар батни худ мепарварид, тифлҳои шайтониашро ба тадриҷ тавлид кардан гирифт.          Гандкориҳо ва хиёнатҳои тифлони тавлидкардаи ҳизби мазкурро миллати тоҷик тӯли чандин солҳо таҷриба кардааст, ки ҷанги таҳмилии бародаркушӣ, гуреза шудану овораи дигар давлатҳо гаштани қисми зиёди сокинони кишвар, нақшаву тарҳрезиҳои террористии Ҳоҷӣ Ҳалиму Муҳиддин Кабирӣ барои сарнагун кардани Давлати миллиамон, аз ҳама муҳимаш, халалдор кардани ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар, мазҳабфурӯшиҳои Қиёмиддини Ғозӣ ва ғайраро метавон мисол овард.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар мавриди хиёнатҳои ҳизби маънуъ ва террористии ба ном «Наҳзати исломӣ» фармуда буданд: «Моро доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо суииистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд.

         Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд.

         Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои навадумашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша ба решаи хеш мезананд.

         Мардуми тоҷик инро бояд донанд. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем».

         Чи тавре ки дар боло зикр кардем, ТЭТ Наҳзати исломӣ дар замони иттиҳоди шӯравӣ аз ҷониби иддае аз исломгароёну мутаассибон монанди Мулло Абдуллои Нурӣ, Ҳимматзода, Мулло Абдуғаффор, Давлати Усмон, Қиёмиддини Ғозӣ ва дигарон барои барпо кардани давлати исломӣ таъсис ёфтааст ва то кунун ташкилоти террористии мазкур чор марҳиларо аз сар гузаронидааст:

         Марҳилаи якум: Солҳои 70-уми асри гузашта баъди таъсиси ташкилоти мазкур саркардаҳои наҳзати исломӣ роҳи таблиғу ташвиқро пеш гирифта, доираи ҳаммаслаконашонро васеъ мекарданд, ки ба хотири рафторҳои ғайриқонуниашон аз ҷониби мақомоти шӯравӣ боздошт гардиданд.

         Марҳилаи дуюм: Дар ин марҳила Мулло Абдуллои Нурӣ бо пайравонаш барои таъсиси давлати исломӣ ва сарнагункардани ҳукумати шӯравӣ муқобили ҳукумати ваќти шӯравӣ бархост, ки дар натиҷа аз ҷониби мақомоти шӯравӣ боздошт ва зиндонӣ гашт.

Марҳилаи сеюм: Пош хӯрдани ҳукумати шӯравӣ барои даву тозҳо ва амалӣ гардонидани ағрози палиди ҳизби мазкур ва хоҷагони хорҷиашон ба маврид омад. Дар натиҷа намояндагони ТЭТ Наҳзати исломӣ аз дину эътиқод ва майдонбозиҳо истифода намуда, авзои кишварро ноором ва мардуми зиёдеро ба қатл расониданд.

         Марҳилаи чорум: ТЭТ Наҳзати исломӣ бо баҳонаи сулҳу субот вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва намояндагонаш хостанд Ватани азизамонро аз дохил ноором карда, зимоми ҳукуматро ба дасти хоҷагони хориҷиашон диҳанд. Мисоли инро мо дар ҳамлаҳои террористии намояндагони барҷастаи ин ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷӣ Ҳалим ва дигарон дидем, ки хушбахтона, бо ҷонбозиҳои шермардони мақомоти қудратии тоҷик ба амалӣ гардонидани нақшаҳои палиду тахрибкорашон муваффақ нагаштанд.

         Ногуфта намонад, ки ташкилоти мазкур дар ибтидо ҳамчун «ваҳҳобигаро» муаррифӣ мегашт, ки яке аз ҳиллаҳои сиёсии ба роҳ мондаи хоҷагони хориҷии ташкилоти мазкур ба ҳисоб мерафт. Ҳол он ки ташкилоти мазкур аз ҷониби кишвари бароямон маълум роҳандозӣ гашта, тамоми саркардагону пайравони ин ташкилот дастомӯзи хоҷагони шиа буданд (ҳоло ҳам ҳастанд) ва аз сӯи кишвари мавриди назар сармоягузорӣ мегардиданд (ҳоло ҳам мегарданд). Исботи ҳамаи ин гуфтаҳоро мо дар филми мустанади «Решаҳои ноаён», ки чанде қабл аз шабакаи телевизионии Тоҷикистон пахш гардид, бо эътирофи яке аз саркардагони хоини ТЭТ Наҳзати исломӣ –Ќиёмиддин Ѓозӣ тамошо кардем.

         Таҳлилҳо аз таърихи ташкилоти ба ном «Наҳзат исломӣ» ба он ишора мекунанд, ки ташкилоти мазкур аз дину мазҳаб ва эътиқоди мардум сӯйиистифода карда, ба миллати тоҷик, дини ислом, мазҳаби ҳанафӣ ва ҳатто мардуми шарифи тоҷик хиёнатҳо ва ҷиноятҳои сангин кардааст. Бо боварии тамом гуфта метавонем, ки намояндагони ин ташкилот зархаридони хоҷагони берунӣ буда, миллат, давлат, дин, мазҳаб ва ору номуси худро бо онҳо фурӯхтанд. Ҳарчанд дар гузашта хиёнатҳо ва ҷиноятҳои ташкилоти мазкур ва намояндагону пайравонаш мавриди авф ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат қарор гирифта бошанд ҳам, боз ба қадри ин ғамхориҳо нарасида, хиёнат ба миллату Ватан карданд.

         Дар мавриди ин тоифаи пасту сифла, ки ислоҳ намеёбанд, Устод Рӯдакӣ фармудааст:

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,

Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.

Сифла табъи мор дорад бехилоф,

Ҷаҳд кун, то рӯйи сифла нангарӣ.

 

         Дар охир, ҳаминро гуфтаниам, ки мардуми тоҷик дигар ба фиребу дасисаҳои намояндагони ТЭТ «Наҳзати исломӣ» ва умуман, он ташкилотҳои зархариду супоришие, ки аз номи дини ислом ва эътиқодоти мардум баромад мекунанд, дода намешаванд. Чунки мардум тамъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хиёнатҳои чунин душманони дӯстошноро чашидаасту наздикону пайвандонашонро аз даст дода, тарсу ваҳм ва бараҳнагиву гуруснагиро таҷриба кардааст. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки мардуми тоҷик сулҳу субот ва осоиштагиву ободии бо заҳамоту фидокориҳои зиёди ба дастовардаи абармарди Ватани азизамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷону дил ҳифз мекунад ва чи тавре ки Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳояшон таъкидан мефармоянд: «Мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем».

 

Шарифхон Тиллоев

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-02-2019, 13:32:01 | Диданд: 476