МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АРЗИ МИННАТДОРӢ

АРЗИ МИННАТДОРӢ

30-август. Саҳни ҳавлии тарабхонаи боғи истироҳату фароғати шаҳри Кӯлоб. Дар ин ҷо собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ҷамъ омадаанд. Ҳама бо либоси идона. Инҳо он фардонеанд, ки ҳар яке дар вазифаҳои гуногун кору заҳмат кашида, дар рушду нумуи ноҳияи худ шаҳри худ саҳми муносиб гузошта, дар тарбияи шогирдону ҷавонон саҳми арзандае гирифтаанд. Заҳмату меҳнати онҳо аз тарафи Сарвари давлатамон қадрдонӣ гардида, онҳоро имрӯз сарҷамъ намудаанд.

Дар ин  нишасти идона, ки ба шарафи 24-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоикистон созмон ёфта буд, аз ноҳияи мо низ домони 30 нафар пирони рӯзгордида ширкат варзиданд. Аз ташаббуси Сарвари давлат хеле шод гардидем. Зеро ин нишаст имкон дод, ки мо собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру навоҳӣ бори дигар сари як дастурхон ҷамъ омада, дидорбинӣ намоем. Аз зиндагию фаъолияти якдигар бохабар шуда, баробари ин оиди масоили гуногуни рӯзгор суҳбат намуда, фикри якдигарро шунавем.

Мо, собиқадорони ҷангу меҳнат аз ин иқдоми Сардори давлатамон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле шод шудем. Бори дигар эҳсос намудем, ки меҳнати хоксоронаи мо аз тарафи давлату ҳукумати ҷумҳуриамон қадр карда мешавад.  Барои ин қадрдогнӣ изҳори сипос намуда, Роҳбари давлатро бовар мекунонем, ки минбаъд низ тамоми қувваю ғайрат ва таҷрибаи андӯхтаамонро баҳри пешрафти ҷамъият, тарбияи насли ҷавону наврас сарф хоҳем кард.

 

Бо арзи садоқату эҳтиром

Қурбон САФАРОВ,

раиси собиқадорони ҷангу

меҳнати ноҳияи Восеъ.

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 1062