МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ХИЁНАТКОРӢ ДАР ҲАР ДАВРУ ЗАМОН

ХИЁНАТКОРӢ ДАР ҲАР ДАВРУ ЗАМОН

Дар  таърихи башарӣ мусаллам мегардад, ки баъзе аз гурӯҳҳо бо мақсад ба даст овардани давлатдори аз гурӯҳҳо истифода мебурданд. Ҳатто дар замони ҳамаи обшинаи ибтидои давлатхоҳии гуруҳҳо дар таърихи инсоният сабт гардидааст.

Миллати тоҷик, ки таърихи ҳазорсола дорад ва дар ин муддат бо мушкилиҳои зиёде ру ба ру гардидааст. Қабл аз замони Шӯрави дар қаламрави Тоҷикистон босмачигарӣ мавҷуд буд.

Босмачиён кӣ буданд? Қабл аз ҳама онҳо амалдорони давлатии Аморати Бухоро буданд, ки манзурашон барқарор кардани мансаб ва салтанати пешина буд. Худи амир дар бораи ду нафар саркардаи босмачиҳо - Иброҳимбек ва Давлатмандбек, ки ҳамчун хизматгорони ҷонсупор барои пойдорию бақои Аморати Бухоро кӯшиш ба кор мебурданд, дар ёддоштҳои парешонаш навиштааст: "Аз вилояти Ҳисор ба вилояти мазкур Мулло Муҳаммад Иброҳимбек ва Давлатмандбек девонбегӣ сарлашкар, аз ҷамоаи ӯзбакияи Шарқии Бухоро буд, хеле ба давлати Бухоро хидматҳои лоиқ  ва ҷонсипориҳои содиқ намуда, ризомандии ин бандаи оҷизро бозёфт карда буд. Лашкарбошии мавсуфҳоро ба ҳузурам восил гардонида, супориш намудам, ки ин бандаи оҷиз ба доруссалтанаи Кобул рафта тараддуди имдоду кӯмак саъй намоям. Агар аз ҷое барои ман кӯмаку ионат расад, то сарриштаи онро дида омаданам, Шумо ҳамроҳи асокирини худ пеши душманро нигоҳ дошта ба саришта истед".
Падари Иброҳимбек низ яке аз амалдорони ҳукумати Аморати Бухоро буда, Чақабой ном дошт. ӯ дар паноҳи падар дар ҷавонии худ ба дуздию ғоратгарӣ ба сар мебурд. Маҳз амир Олимхон аввал ба Иброҳимбек унвони  қаровулбегӣ, сипас унвони мири сардори қӯшуни тӯпзан ва сарлашкариро арзонӣ дошт. Вақте ки амир фирор кард, ӯ дар Бухорои Шарқӣ - марказ ва дар ҷануби Тоҷикистони кунунӣ ҳаракати босмачигиро ташкил намуд. Пайваста бо амири фирорӣ тавассути нома ва одамони худаш робита дошт, халқро тороҷ карда,  ба амир маблағҳои зиёд мефиристод ва аз номи  ӯ яроқу аслиҳа мегирифт.
Азбаски Иброҳимбек сарвари қӯрбошиҳо ва дигар босмачиён буд, ҳамчун вакили амири гуреза генерали турк Анварпошо ва шарикони ӯро пешвоз гирифт. Анварпошо бошад, соли 1921 барои барқарор кардани ҳокимияти амирӣ аввал ба Бухоро омад ва аз он ҷо қадами номубораки ӯ ба Шарқи Бухоро расид. 
Амир Олимхон навиштааст:  "Ман аз ин хабар воқиф гашта, ба Иброҳимбек фармон навиштам, ки Анварпошо дар хусуси муҳориба шахсан соҳибтадбир ва коргузор буда, лозим, ки Шумо дар иззатдорӣ дар назди худ оварда пурсед, агар хизмати миллати исломро хоҳиш дошта бошад, аз тарафи зоти олии мо ваколати хизмат ва илло, ба хубӣ аз дарё гузаронида, бо ин сурат равона намоед".
Анварпошо ба ҷо овардани "хизмати миллати исломро" пазируфта, ҳамроҳи Иброҳимбек алайҳи аскарони сурх ва халқи тоҷик меҷангад. Мақсади ӯ ҳифзи ислом ва озод кардани ранҷбарон аз асорати "болшевикони кофир" набуд, балки манзури асосиаш бо кӯмаки нерӯҳои иртиҷоии  мамолики Ғарб дар ҳайати Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Закавказия, Қрим ва Туркия ташкил кардани империяи "Туркияи бузурги султонӣ" маҳсуб мешуд. Иброҳимбек дар шахси ҳамин моҷароҷӯи байналмилалӣ пуштибон ёфта, ба вилояти Ҳисор ҳуҷум мекунад. Баъди ғанимат гирифтани хазина ва олоти ҳарбӣ Ҳисорро ба худ марказ қарор дода, ҷониби Деҳнав, Бойсун, Ғузор, Шеробод, Қаршӣ ҳаракат карда, ғоратгарӣ, дуздӣ ва кушторро ба авҷ мерасонад. ӯ аз ин "комёбиҳояш" амирро огоҳ месозад.
Анварпошо ба ҳадафи худ нарасид ва 4 - уми августи соли 1922 дар деҳаи Обдараи вилояти Хатлон бо ёрии халқ аз ҷониби аскарони сурх кушта шуд. Иброҳимбек  бо дастгирии амир қатли ом ва ғоратгариҳои худро давом дод. Аммо ба зарбаҳои аскарон ва калтакдорони сурх тоб наоварда, моҳи июни соли 1926 ба Афғонистон фирор кард. Вай дар он ҷо бо кӯмаки Олимхон ва дигар ҷонибдорони хориҷиаш қувваи нав ҷамъ оварда, соли 1931 боз ба Тоҷикистон тохтутоз кард. Вале,  ин дафъа ҳам сахт шикаст хӯрд. Дастаи ихтиёриёни мардумӣ - муҳофизони Ватан бо сардории Муқим Султонов (1894-1975) нерӯҳои Иброҳимбекро торумор намуда, худи ӯро 23 июни соли 1931 дар деҳаи Хоҷабулбулон маъюб ва асир гирифтанд.
Дар адабиёти таърихӣ ва бадеӣ чеҳраи босмачиён бо рангҳои гуногун инъикос ёфтааст. Дар ёддоштҳои амир Олимхон "Таърихи ҳузн - ал - милали Бухоро" (Порис,1927), ки бо саъй ва эҳтимоми вакили амир генерал Ҳоҷӣ Юсуф  Муқим-бий интишор ёфта буд, сардорони босмачиён - Иброҳимбек, Давлатмандбек, Мулло Абдулқаҳҳор, Анварпошо таърифу тавсиф шудаанд. 

Ҳоло бошад ҷомеаи моро боз баъзан гурӯҳҳои бадкирдори характери терроризму экстремизмдошта мехоҳанд ноамн сохта мақсадҳои худро амалӣ созанд. Вале дар ин самт аз ҷониби шаҳрвандон ҳамрӯза дар шабакаи ҷаҳонии интернет зидди хиёнаткорон мубориза бурда мешавад.  

 

Рустами Солеҳ сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-05-2019, 14:11:36 | Диданд: 878