МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Устувории Ваҳдати мо пояи абади давлатдорист

Устувории Ваҳдати мо пояи абади давлатдорист

Ба ҳамагон маълум аст, ки гуруҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин хеҷ алоқамандӣ надорад.

Асосгузорӣ сулҳу Вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистои бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳони ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Мо ҳамеша ба суханони Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон пайравй намуда. терроризм ва экстремизмро шадидан махкум менамоем. Инчунин барои хифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмамдонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекумем.

Ходисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Либия, Тунис, Сурия, Ирок, Миср ва дигар давлатҳо ба вуқуъ омадаанд, хеч як шахси солимфикру солимаклро бетараф гузошта наметавонад.

Амалиёти охире, ки террористон ба анчом доданд, боиси нигаронии чомеаи чахонй шуд, ки ин катли модар аз тарафи фарзанд буд. Ин амали аблахонаи гуруххои террористонро мардуми Тоҷикистон дар қатори дигар халқхои ҷахон маҳкум намуданд.

Имрӯз коршиносон бар ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар чавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои араб ҷалб мешаванд. Барои чалб кардани онхо аз шабакахои интернетй ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз чумла, барои чалби чавонони минтакаи Осиёи марказй сомонахои мухталифи интернетй воситаи асосй мебошанд. Тавре тариқи шабакаҳои телевизиони як гурух чавонони точикиро бо гуруҳи исломии Узбекистон пайваст шуданро намоиш доданд, дар он падари яке аз ин ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз рӯи замин нест созед, то ин, ки ман хамчун падар пагох дар назди миллату давлатам сархам ва ба чавобгарй кашида нашавам. Чуноне, ки вактхои охир аз воситахои ахбори оммавӣ-сиёсӣ ва дигар ахборотхои сохторхои қудратӣ маълум гардид, ки дар ҷумхури 14-гурӯҳи муташаккили террористӣ аз чониби неруҳои кудрати маҳв гардида, фаъолияти 12-харакат, хизб ва гуруххои экстремистӣ-ифротӣ, тундгаро дар қаламрави кишвар манъ гардид. Бархе аз ҷавонон-шахрвандони чумхурие, ки аз номи гурӯҳи давлати Исломии Шому Ирок меҷанганд, муайян гардида, нисбати онхо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Барои пешгирй намудан  ин вабои аср мақомотхои қудратии кишвар чораҳои мушаххасро андешидаанд, то имруз 1190 нафар чавонони чумхурй дар сафхои созмонхои террористи ошкор карда шуданд ва нисбати онхо тафтишот бурда шуда истодааст ва зиёда аз 150 нафар шахрвандони чумхурӣ ба халокат расиданд.

Чунончи тахлилҳо нишон доданд, ки сабабхои шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама паст будани савияи дониш, гумрохӣ, надоштани зиракии сиёси ва тайёр набудан ба мухоҷирати мехнатй мебошад.

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон ба Точикистон овард, нодиртарин ва кимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст. ки ин вахдати миллй ва сулҳро чун гавҳараки чашм хифз кунем ва хама аз як гиребон cap бароварда, барои химояи манфиатхои миллӣ камар баста, дар муқовимат бо афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафи дар лахзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Мо бошандагони сарзамини Тоҷикистон зери шиори ягонаги бояд дар пайи ободию созандагӣ бошем. Яке аз гӯшаҳои зебои кишври мо ВМКБ ба ҳисоб рафта дар ин минтақа ҳамасола ҳазорҳо саёҳони дохилию хориҷи барои зебогиҳои табиаташ тамошо мераванд. Баъзан ҳоллатҳо маҳз гурӯҳҳои нохалаф мехоҳанд мардуми ин диёрро бо ҳукумат носоз сохта, амният ва ваҳдатро пароканда кунанд. Лекин сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми ВМКБ шароити мусоид фароҳам оварда имрӯз ин мардум аз давлат рози буда, саҳми худро дар тамоми соҳаҳо гузошта истодаанд.

 

 

        Раҷабова Ш-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-05-2019, 13:58:18 | Диданд: 605