МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

“Наҷоти Ватан” ё лашкари Аҳриман

“Наҷоти Ватан” ё лашкари Аҳриман

Яке аз саҳифаҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистони навин ин ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 мебошад, ки дар матбуот ба номҳои “ҷанги бародаркуш” ё “ҷанги хонумонсӯз”ҳам ёд шудааст

 

. Заминаҳои ба вуқуъ пайвастани чунин фоҷеа ҳанӯз аз солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шуда буд. Он замон, вақте ки Ҳукумати Шӯравӣ ба мазҳабиёни ифротӣ озодии фаъолият дод, аллакай маълум буд, ки ин гуна гурӯҳҳо ба ифрот мераванд ва рӯзе бар сари мардум ягон даҳшату бало меоранд. Албатта он замон  миқёси он фоҷеаро касе пешгуӣ карда наметавонист. Ё касе бовар намекард, ки дар натиҷаи амалҳои ҷинояткоронаи ин мазҳабиёни ифротӣ (наҳзатиҳо)  ҷанги калоне метавонад ба вуқуъ пайвандад, ки ҷони 150 ҳазор инсонро рабояд.Мутаассифона, ҷараёни ҳаводис ба суйи фоҷеаи вазнине ҳаракат мекард, ки оғози он таъсиси ташкилоти ифротиву экстремистие бо номи “Ҳизби наҳзати исломӣ” буд. Ин гурӯҳи ифротӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши худ дар фикри ғасби ҳокимият  ва ташкили давлати теократии асри миёнагие  ба монанди ДИИШ буд. Ба дунболи ҳамин аҳдофи аҳримании худ, онҳо чун диданд бо роҳи интихоботҳои қонунӣ наметавонанд ҳукуматро ба даст оваранд, дар интихоботи президентии соли 1991 номзади  худро пешниҳод накарданд. Тамоми қувваи худро барои ташкили як лашкари мусаллаҳи аҳриманӣ сарф карда, дар рӯзҳои аввали даргириҳо дар ҷануби ҷумҳурӣ, онҳо лашкари аҳримании худро бо номи “Наҷоти Ватан” дар санаи 19 июни соли 1992 дар шаҳри Душанбе таҳти сарварии муовини собиқи раиси Ҳизби террористии Наҳзати исломӣ  Давлат Усмон ва собиқ раиси кутоҳбини бетаҷрибаи Ҳизби демократии Тоҷикистон Шодмон Юсуф, таъсис доданд. Ин сана ва ин воқеа оғози ҷанги воқеии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Аввалин тирҳоро дар ҷанги бародаркушӣ маҳз ҳамин ҷангиёни “Наҷоти Ватан” ба сӯи ҳаммилатони худ равона карда буданд. Аввалин мақтулони ҷанги дохилии Тоҷикистон аз дасти ҳамин қотилон буд.

Албатта, баъди ба даст овардани қудрат бо таъсиси ин лашкари аҳриманӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо Шодмон Юсуф ба канор гузошта шуд ва ҳама ҷангу хунрезии баъдина ба сарварии садорати Ҳизби наҳзат анҷом гирифт. Демократҳои вақт аз ҳамкорӣ бо онҳо танҳо руйи сиёҳ ба даст оварданду халос. Ҷангиёни ситоди  “Наҷоти Ватан” тули панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ бо дасти террористҳои наҳзатӣ чунон бераҳмиву хунрезӣ карданд, ки назирашро танҳо солҳои минбаъда дар симои террористони Толибон ва дар чанд соли охир дар симои террористони даҳшатафкани ДИИШ дида метавонем.

Воқеан ҳам агар хоҳем барои ТЭТ ҲНИ ва “Наҷоти Ватан”-и он намунае дар асри 21 ёбем, ҳамин ДИИШ беҳтарин намуна аст. Ҳар ду оғози ҷангу хунрезии худро бо нирӯҳои мухолифи ҳукумати вақти худ оғоз карданд, ҳар ду ба нируҳои демократии ҳамкорашон хиёнат карданд ва ҳама қудратро ба даст гирифтанд, ҳар ду шумораи зиёди инсонҳои бегуноҳро бо усулҳои ваҳшиёна куштанд, ҳар ду мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ ва ба ғулом табдил додани мардумро доштанд ва ҳар ду ҳам шикаст хурданд ва шармандавор майдонро тарк карданд.

Хушбахтии тоҷикон дар он буд, ки баъди муддати кутоҳ лашкари аҳриманиро шикаст доданд ва солҳои баъдӣ онҳо танҳо бо ҷиноятҳою террорҳои алоҳида қодир буданду халос. Баъди чанд муддате ҳам ин мардуми шарафманд, чун ҳарвақта, олиҳимматию шердилӣ карданд ва он ҷинояткоронро бахшиданд. Ҳарчанд ифротиҳои наҳзатӣ бори дигар дар сентябри соли 2015 кӯшиши оғози ҷанги навро карда бошанд ҳам, Тоҷикистони ин давра қудрати зуд амал кардан ва хунсо кардани кӯшиши мазкури онҳоро дошт ва онҳоро бори дигар шармандавор шикаст дод. Вале мутаасифона мардуми Сурия чунин тақдирро надоштаанд ва ҳанӯз ҳам қисмате аз лашкари аҳримании онҳо, ки намое аз лашкари аҳримании ТЭТ ҲНИ аст, хунрезӣ карда истодааст.

Ёдоварии мо аз пайдоиши лашкари аҳримание, ки ба худ номи зебои “Наҷоти Ватан”-ро гузошта, дар асл даст ба куштори сокинони ин сарзамин ва ғорати дороиҳои ҷамъиятиву шахсӣ зада буд, танҳо барои он аст, ки мо симои ососии чунин аҳриманзодагон ва сарварони ташнаи хуни онҳоро фаромуш накунем. Фаромуш накунем, ки онҳое ки имрӯз дар Аврупо ба руйи худ ниқоби демократӣ кашида, даъвои озодиву ободиро мекунанд, дар асл қотилону ғоратгароне ҳастанд, ки агар фурсат ба даст оварданд боз ҳам лашкари аҳримании худро ташкил карда, даст ба харобкорӣ мезананд. Боварӣ дорем, ки ин нерӯи аҳриманӣ дигар ҳеҷ гоҳ мақсаду ҳадафҳои шуми худро амалӣ карда наметавонад.

Хуршеди Мурод

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-06-2019, 06:18:17 | Диданд: 428