МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кӯмак ба хона интернати бемориҳои руҳии ноҳияи Восеъ

Кӯмак ба хона интернати бемориҳои руҳии ноҳияи  Восеъ

Бо максади  дастгири  аз  сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниходи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, бахши дин, танзими анъана ва чашну маросимҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон  «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»    бо дастгирии соҳибкори маҳалли оилаи Шокировҳо    барои бошандагони  Хона-интернати бемориҳои руҳии ноҳияи Восеъ, кумаки хайриявии  яквақта расонида шуд.  Дар хона интернати бемориҳои руҳии ноҳияи Восеъ, 220 нафар беморони руҳи ба табобат фаро гирифта шуда зиндаги доранд.  Барои   зиндаги ва табобати беморон  аз чониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи  шароитҳо  муҳаё карда шудаанд. Дар ин рӯз  барои бошандагони хона интернат дастархони идона  кушода шуда, хӯроки нисфирузи  иборат аз таомҳои милли  пешниҳод карда шуданд.

Баъди хӯроки нисфирӯзӣ,  барои болидагии хотири бошандагон  дар  хона интернат консерти идона  баргузор гардид. Оилаи Шокировҳо   дар ин сол маротибаи дуввум аст, ки  ба аёдати бошандагони хона интернати беморихои руҳи омаданд.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-07-2019, 06:13:56 | Диданд: 481