МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо солимфикрем

Мо солимфикрем

Ҳар як инсони солимфикрро водор месозад, ки баҳри суботи оромии ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро руйдодҳои солҳои охир моро водор месозад, мо бояд зиракию ҳушёриамонро аз даст надода ай паи ободии Ватанмон бошем. Ҳодисаи ҳамла ба хориҷиҳо дар ноҳияи Данғара як сол пеш хело нангин буд. Албата ин амали бераҳмонаро ҳеҷ кас ҳатто тасаввур карда наметавонад, ки роҳгузари бегуноҳро зери нақлиёт карда боз ба онҳо дигар намуди зарар расонанд. Ин воқеъа рӯзи 29 июл, дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод. Гурӯҳи ҳафтнафарии сайёҳони хориҷӣ, ки савори велосипед аз ҳудуди ҷамоати Себистон убур мекарданд. Дар натиҷа, чор нафар кушта ва се нафар захмӣ шуданд. Кушташудаҳо ду амрикоӣ, як ҳоландӣ ва як шаҳрванди Швейсария мебошанд. Маҷрӯҳон шаҳрвандони Фаронса ва Ҳолланд ҳастанд. Фоҷеа бо саёҳони хориҷӣ ин ташкилшуда аз ҷониби душманон барои давлати Тоҷикистон буд, ки маҳз ҳамон сол соли рушди сайёҳӣ буд. Дар онҷо шахсиятҳое ҳастанд, ки нотинҷии ин кишвари азизи моро мехоҳанд. Лек зиракии сиёсии мо метавонад дар чашми хоинон хок пошад.    

Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалї Рањмон ҳамеша таъкид менамояд, ки њамеша тарафдори сулњу оромии љомеа, бошем.

Мо бояд ба фитнаангезии баъзе нохалафон аҳамият надиҳем чунки онҳо шахсоне мебошанд, ки Ватани худро қадр намекунанд, шахсе, ки ватани худро қадр намекунад дар осмони софи беғубор, тинҷиву осудагии ватанамон ҳақи истиқоматро надорад.

Дар солҳои соҳибистиқлоли кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, шароити рафтуомад ба ВМКБ беҳтар гардид. Имрӯзҳо дар вилояти дуртари мо ВМКБ иншоотҳои азим сохта ба истифода дода мешаванд, ки ҳамаи он меваи Ваҳдат мебошад.

 

Назарова Ҳамида-сокини ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-07-2019, 13:51:36 | Диданд: 433