МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МО ҶАВОНОН ДАР ПАҲЛУИ ШУМОЕМ!

МО ҶАВОНОН  ДАР ПАҲЛУИ ШУМОЕМ!

Мо ҷавонони ноњияи Восеъ  аз моҷарое, ки санаи 22 июли соли 2019 дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ҷамоати деҳоти Ворӯхи шаҳри Исфара ба амал омад ва боиси талафоти ҷонӣ, ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Тоҷикистон гардид, сахт андӯҳгинем ва амали мазкурро, маҳкум менамоем.

Ҷавонони ноњияи Восеъ  доимо омодаанд, барои таъмини оромӣ, субот ва ваҳдат, пешрафту тараққиёт, бурдани корҳои тарғиботӣ ва баргузории чорабиниҳо дар паҳлӯи аҳолии шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Ворӯх бошанд.

Мо ҷавонони ноњияи Восеъ  дар пешрафти соҳаҳои гуногун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, ҳифзи сарҳад, волоияти қонун бо нерӯи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, дар пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорем.

Мо бояд хуб донем, ки баъзе шахсиятњое, ки берун аз Ватанамон зиндагони мекунанд нотинљии худамонро мехоњанд. Мо якљо бояд сиёсати зиракии худамонро аз даст надињем ва њолатро чандон маротиба бадтар накунем, љанги байни њамсоя њељ ваќт ба ягон кас фоида наоовардааст.

 

Фируз Холов сокини ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-08-2019, 09:15:36 | Диданд: 392