МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

«ПРОЕКТИ ИСЛОМӣ»-И КАБИРӣ ВА НАЌШАҲОИ НОПОКИ ТЭТ ҲНИТ

«ПРОЕКТИ ИСЛОМӣ»-И КАБИРӣ ВА НАЌШАҲОИ НОПОКИ ТЭТ ҲНИТ

        Пахши филми мустанади Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 8-уми августи соли 2017  оид ба аъмоли хоинонаи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИТ дар бораи кўштори чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон нафрату кинаро на танҳо дар дили сокинони кишвар, балки дар дили бо ном мухолифони тоҷик низ зиёдтар намуд.

        Ахирин дар сомонаи мустаќили «Ҳамсинф» раҳбари  бо ном «Анҷумани нирўҳои созандаи Тоҷикистон»  Додоҷони Атовуллоҳ мавќеашро нисбати сардори ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИТ  Кабири муайян сохт.

         Аз ҷумла, раҳбари  бо ном «Анҷумани нирўҳои созандаи Тоҷикистон»  Додоҷони Атовуллоҳ нисбати амалҳои зишт ва «проекти исломӣ»-и Кабирӣ чунин ибрози андеша намудааст: «Ман бар ин ҳастам, ки дар ин айём, дар ин замон, проекти исломӣ ҳамаро бачоҳ мекашад. Зеро на минтаќа, на ҷаҳон ва на мардуми Тоҷикистон ончуноне модидем, наҳзати исломии Тоҷикистонро ќабул надоранд. Ман тасаввур мекунам, ки эътилоф бо ҲНИТ ба суди мардум ва кишвар нест. Ончунон ки ман ҳис мекунам, ҲНИТ мехоҳад сарлашкари мухолифат ё эътилофи нав ҳамин ҳизб бошад, ҳизбе, ки ҳамаи шансҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун осон аз даст дод

      Шабаҳе болои Тоҷикистон пар мезанад. Дар он чеҳраи ғализи толибонӣ, чашмони хунгирифтаи доъишӣ, галстуки рангоранги Кабирӣ ва садоҳои хашин, дашному нафрини хайле бадҳайбату бадсиголу пажогин падид меояду маҳв мегардад. Шумо он шабаҳро мебинед

        Оре, мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аввали солхои 90-и асри гузашта ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин «шабаҳ»-и манфурро дар смои ҷелаку риш ва майдонкашию куштори мардуми осоиштаю ва чеҳраҳои мондагогри миллат дида буд.

        Акнун бо иќрори худи Додоҷони Атовуллоҳ ин чеҳраи ғализи толибонӣ, чашмони хунгирифтаи доъишӣ, ва садоҳои хашин, дашному нафрини хайле бадҳайбату бадсиголу пажогини сардори  сардори ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИТ дар Аврупо падид омадааст, он маҳв мегардад.

       Ҳанўз ҳам дастони пурхуни наҳзатиён,  бўи хун мекунад, ҳанўз ҳам бо «проектҳои нави исломӣ» мехоҳанд, вазъи минтаќаро ноором созанд.   Новобаста аз рўи  кадом «пректи исломӣ» руи кор гирифтани Кабирӣ, ин ташкилоти террористӣ ян наќшаи нопок дорад, яъне «инқилоби исломӣ» дар минтаќаи Осиёи Миёна.

       Мардуми шарифи Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта ҳангоми майдоншинии наҳзатиён эҳсос кардаанд, ки дар пушти ин чеҳраи манфур ки меистад. Шиорҳои ҳамон ваќтаи наҳзатиён бо номи «Золимин, золимин марг ба найрангатон, хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон» нусха бардори аз шиорҳои инќилоби исломии кадом давлат буд.

       Филми мустанади Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар телевизиони «Тоҷикистон» ошкоро муайян сохт, ки маблаггузори асосии ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИТ ва «фармоишгар»-и кушторҳои чеҳраҳои миллат кист.

         Филми мазкур, низ ошкор сохт, ки  аст, ки роҳбарони ваќти ҲНИТ  аз хориҷи кишвар дастгирӣ меёфтанд, дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори демогогӣ (авомфиребона) дар байни аҳолии камсавод то андозае нуфуз пайдо намуданд. ҲНИТ пурра методҳои инќилоби исломиро истифода менамуд ва дар аксар маврид аз усули «инқилоби исломӣ» истифода намуда, дар саросари Тоҷикистон ячейкаҳо ва гуруҳҳои худро таъсис дод. Ҳамчунин тиҷоратҳои гуногун ташкил карда, барои афкори ҷомеаро дар зери нуфузи худ нигоҳ доштан воситаҳои ахбори умумро сармоягузорӣ мекард ва шахсиятҳои мазҳабӣ ва  ва тарзи рўзгори мазҳабӣ, аз ҷумла пўшиши сатру ҳиҷоб ва амсоли инро таблиғ менамуд. Ҳамин аст, ки  наҳзатиҳо дар тўли фаъолияти худро  дар оғуши Эрон ва гоҳ дар оғўши Туркия ва дигар кишварҳо қарор дода, ахиран ба ҳамин кишварҳои фирорӣ гардида, минбарҳои «таблиғотӣ»-и хешро таъсис доданд.

    Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода  дар суханронии хеш зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Восеъ (24 августи соли 2017) диќќати аҳли маорифи ноҳияро ба он равона намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи худро барои тарбияи насли наврас-ҷавонони ояндасози миллат равона намоянд.

Мо омўзгорон, имрўз вазифа дорем, ки ҳузури ҷавонони огоҳу ватандўстро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар гардонам, то онҳо бо ҳамсолони худ бо забони ҳам суҳбат кунанд, оқибатҳои фалокатбори нақшаву ниятҳои гурўҳҳои даҳшатафкану ифротгароро бо мисолҳои мушаххас фаҳмонанд.

 Дар ин росто, моро зарур аст, ки дар таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, рушди тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати динию ҳуқуқии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузорӣ намоем. Барои пешгирӣ ва рафъи чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат ва давлати тоҷикон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум, махсусан наврасону Ҷавонон, тақвият бахшем.

 

                                                     Зафар Очилов

                                                     директори муассисаи таҳсилоти  

                                                      миёнаи умумии №16-и ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-12-2017, 10:31:13 | Диданд: 819