Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8834]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5854]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5245]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4698]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4017]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4017]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4002]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4000]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3691]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 55258
Найрангҳои бе фоидаи ҲНИ
Бо тамоми кушишҳо ва саҳначаҳои таъсисдодаашон аъзоёни ҲНИ дар Варшава даъвои онро доранд,ки гӯё онҳо дар Тоҷикистон ягон гуноҳеро содир накардаанд. Агар дар ҳамон лаҳзае ки ин тоифа баромад мекунанд мо як навори майдони шаҳидон, ки аз ҷониби ҲНИ ташкил шуда буд тамошо кунем кофист ки бифаҳмем онҳо ки мебошанд. Тамоми куштор ва вайронакориҳое, ки дар сарзамини мо сар зада буд маҳз дасти ҲНИ буд .
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки пештар дар чорабиниҳои САҲА иштирокчиён, аз як зумра расмиёти қатъӣ пешакӣ гузашта, номнавис мешуданд.Сипас номзадҳо ҷиддан интихоб, муҳокима ва арзёбӣ мешуданд. Ҳоло вазъ дар САҲА ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Яъне САҲА бар асоси принсипи «Шаҳри бедарвоза» фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки ҳар хоҳишманд новобаста аз обрӯю эътибор, вазъи иҷтимоӣ, қонуншиканӣ ва даст доштанаш дар терроризм ё ҷинояткор имконияти иштирок ва ҳатто аз ин минбари байналмилалӣ суханронӣ карданро дорад.
Ин гуна мисолҳо оид ба фаъолияти САҲА дар давлатҳои алоҳидаи пасошӯравӣ ва манотиқи даргир маълуманд. Чунончӣ, чанде пеш намояндагиҳои САҲА дар қаламрави Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларусия, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ тамоман баста шуданд, зеро роҳбарияти онҳо зарурати фаъолияти САҲА-ро дар кишварҳои худ намебинанд ва намехоҳанд, ки намояндагони «мустақил»-ро дар худ навозиш диҳанд. Бо баробари ин фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳдуд гардида, идораҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Рашт ва Шаҳритус баста шуданд. Ҳамзамон, то ба ҳол ба САҲА ҳуқуқ дода шудааст, ки якчанд лоиҳаро дар ҷумҳурӣ амалӣ намояд.
Бо назардошти масъалаи матраҳгардида намояндагони САҲА бояд дар хотир дошта бошанд, ки фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин нукта муҳим аст, ки то тавонанд санъати бо ҷомеаи ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзанд. Қабл аз ҳама зарур аст, ки аз истифодаи “меъёрҳои дугона”дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро даст кашида шаванд. Террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест. Воқеияти имрўза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгаройӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.
Зоҳиров И-сокини н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-09-2019, 11:22:37 | Диданд: 807