МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳангомаҷуён дар САҲА

Ҳангомаҷуён дар САҲА

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақте тамошо кардам дар ҳақиқат пай бурдам, ки хоинони мардуми Тоҷикистон ягон тарафдор надоранд. Далел он аст, ки дар наворҳои гузоштаашон шумораи тамошобинон 50-60 нафар мебошад, ки ин ҳам шояд ҳамон дасти се чор нафари худ бошанд. Албатта дар хориҷи кишвар инро ҳамагон медонанду лек бо таъсири хоҷагонашон афроди мухолиф талош менамоянд, ки худро нишон диҳанд. 

Агар онҳо ҳазор даъво ва шикоят кунанд ҳам лек мардуми Тоҷикистон онҳоро заррае пуштибони намекунанд. САҲА бигзор дар ҳудуди кишвари мо оид ба мухолифин аз мардум пурсад ё наворҳои солҳои пешинро бинанд, ки онҳо чи гунна ашхос буданд. 

Ҳангоматалабон ҳеҷ вақт ба мақсадашон намерасанд зеро нияти онҳо ба ватани аҷдодиашон бад аст, ки онҳоро ношукри мезанад.

Имрӯз сулҳу осоиштагӣ дар мамлакати мо пойдор аст. 

Хатлоншоҳи М-сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-10-2019, 08:41:38 | Диданд: 431