МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм сабабгори бадбахтиҳост!

Терроризм сабабгори бадбахтиҳост!

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Дар асрҳои миёна бошад, дар кишварҳои аврупоӣ терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Худи амали қатли расмии ҷиноягкорон дар кадом шакле ки набошад, бо мақсади тарсонидани одамон ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ воқеӣ гардонида мешуданд.

Зӯригарии канора ки бо мафҳуми «террор» ифода карда мешавад, дар замони нав дар таърихи сиёсии Франсия бештар рух додааст. Ҷонибдорони ислоҳот тавассути террор ҳимояи манфиатҳо ва озодиҳои шахсро воситаи самараноки муборизаи сиёсӣ медонистанд. Аммо баъдтар дар зери мафҳуми мазкур амалҳои манфӣ дониста мешуд ва террорро ҳамчун ҷиноят бар зидди ҳукумат муаррифӣ менамуданд. Яъне аз охири асри 18 cap карда, мафҳуми «террор» дар маънои манфӣ истифода мегардад.

Махсусан дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидаанд.

Ҳар як сокини ватанхоҳу озодихоҳ бояд роҳ надиҳад, ки дар кишвари азизаш террористон ва экстремистон ҷой гиранду амалҳои хоинона ва даҳшатангези худро пиёда созанд. 

 

Бахтиёр Султонов сокини н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-10-2019, 09:05:52 | Диданд: 400