МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲНИТ ТАРРОҲ ВА МУҶРИИ ҲАВОДИСИ "БАҲМАНМОҲИ ХУНИН"

ҲНИТ ТАРРОҲ ВА МУҶРИИ ҲАВОДИСИ

Мусаллам аст, ки аз нимаи дуюми садаи нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ ҳамоҳанг сохтани хурофоти динӣ аз силсилаи барномарезиҳои калидӣ дар бозиҳои геополитикӣ маҳсуб ёфта, бо андухтани таҷрибаю собиқа минбаъд истифодаи дин ва мазҳаб дар шикастани камари ҷомеаҳои мусулмонӣ амри зарурӣ шуда монд. Ин раванд дар ибтидои асри бист ба стратегияи сиёсати хориҷии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили динӣ - исломӣ аз ҳисоби насли ҷавони ифротгаро ва дар ин замина дар ҳоли парешонӣ нигоҳ доштани давлатҳои вопасгарои шарқи мусулмонӣ ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ - мазҳабӣ дар маҳдудаи мамолики шарқи исломӣ таҳти назар ва ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ амал карда, баҳри бароварда сохтани манофеъ ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии онҳо  хизмат кардаанд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ касб намуд, аз назари динӣ - мазҳабӣ дар таносуб бо дигар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ сироятпазиртар буд, зеро ки дар ин минтақа нуфузи қобили мулоҳизаи рӯҳонияти муҳофизакор, консерватив, фурсатталаб, бехабар, ноогоҳ, ки тору пудашро хурофоту таассуби мазҳабӣ ташкил медод, ба мушоҳида мерасид. Мусалламан, ин тоифа таҳти назари хадамоти истихборотӣ ва ҷосусии беруна қарор гирифта, ба таври худогоҳу нохудогоҳ бо намояндагони онҳо дар минтақа робита доштанд. Омӯзиш ва таҳлили фаъолияти созмони махфии динии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ), ки соли 1973 таъсис ёфтааст ва усулҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ - ифротӣ собит месозад, ки ҳанӯз дар солҳои ҳафтодуми асри бистум дар ҷумҳурӣ ҷараёни решаёбии афкори тундгароёнаи мазҳабӣ ва тарғиби мураттаби он таҳким ёфта, ин ҳолат роҳи минбаъдаи муносиботи сиррии наҳзатиҳоро бо созмонҳои истихборотии беруна таҳкиму тақвият бахшид. Аз мусоҳибаҳои пайравону асосгузорони наҳзатӣ, ки дар китоби ҷашнии «Зодаи ормони мардум» (китоби мазкур соли 2003 ба ифтихори 30 - солагии таъсисёбии ТЭТ ҲНИТ дар Душанбе интишор ёфтааст), гирдоварӣ шудаанд, бармеояд, ки пайваста гӯш додани барномаҳои форсии шабакаи радиоии «БИ - БИ - СИ» ва дигар каналҳои дар муҳити шӯравӣ мамнӯи радиоӣ, ки ғолибан, бо супориши хадамоти ҷосусии хориҷӣ барномаҳо пахш мекарданд, боиси қиёми равонӣ, фикрӣ, идеологӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии наҳзатӣ гардиданд. Гузашта аз ин, роҳбарону масъулони калидии наҳзатӣ дар пайи иҷрои нақша - чорабиниҳои мудавоми бозигарони минтақавӣ қадамҳои устувор бардоштанд. Ба назари мо, маҳз дар заминаи неруманд шудани созмони махфии наҳзатӣ дар миёни табақаҳои иҷтимоии вақт, воқеаи муҳими сиёсӣ, ки дар муҳити мустақили расонаӣ бо номи «баҳманмоҳи хунин» васеъ инъикос ёфта буд, дар моҳи феврали соли 1990  иттифоқ афтод.  
Агарчи дар бораи иллату сабабҳои сар задани ҳодисаҳои февралӣ (баҳманмоҳи соли 1990) зиёд навиштаву гуфтаанд, ҳанӯз ҳарфе барои гуфтан ва навиштан вуҷуд дорад. Махсусан, дар заминаи ба бозӣ кашидани созмони махфии ифротии наҳзатӣ, ки минбаъд бо номи ТЭТ ҲНИТ байни ҷомеаи вақт маълум шуд, ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои февралӣ суҳбат кардан зарур аст. Зотан, ТЭТ ҲНИТ бо султагирӣ ва султадорӣ иртибот мегирад, хоҳ инро бипазирем ва хоҳ напазирем, чаро ки сардамдорони наҳзатӣ ҳамеша ба нуқтаи асосӣ – зери таъсири идеологии исломӣ қарор додани  ҷомеа ва тадриҷан ба қудрати сиёсӣ расидан таваҷҷуҳ мекарданд (ва имрӯз ҳам ҳамин нуқтаи меҳвариро пайгирӣ мекунад).  Агар ба таърихчаи ТЭТ ҲНИТ ҳамчун ташкилоти динӣ - сиёсӣ назар афканем, дармеёбем, ки аз ибтидои солҳои ҳафтодум то охири солҳои ҳаштодум наҳзат то ба ҳадди қудратмадории сиёсӣ расида, миёни табақаҳои иҷтимоӣ аз нуфузи қобили мулоҳиза бархӯрдор гардид. 
Дар марҳилаи ахирӣ (манзур нимаи дуюми солҳои ҳаштодум ва ибтидои навад аст) ТЭТ ҲНИТ нуфузи бештар  пайдо  кард ва дар кашидани тарҳи ҳаводиси февралӣ ва амалӣ сохтани он ба таври бевосита ва бавосита ширкат варзид.  Шоҳидони ҳол умдатан бар ин назаранд, ки воқеоти февралӣ, ки таҳти баҳонаи бо хона таъмин намудани арманиҳо пӯшиш ёфта буд, маҳсули фаъолиятҳои махфии ТЭТ ҲНИТ аст. Ба чӣ далелҳо?  
Якум, созмони ифротии махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон аз оғози солҳои ҳафтоди садаи бист барои омода намудани кадрҳои наҳзатӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ иқдом гирифт ва ҳатто ҳаракати сиёсию иҷтимоии худро баъдан ба унвони ҳаракати таҳаввул дар дину маросимот муаррифӣ намуд, то мардум ва ҷомеаи мадании вақт, ки аз неруҳои демократӣ ва озодандеш таркиб ёфта буд, аз асрори қудратталабӣ ва султахоҳии ТЭТ ҲНИТ ва тарҳи фоҷиаи сиёсӣ бохабар нашаванд. Бар илова, ташкил намудани гурӯҳҳои тадрисӣ - таблиғӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ (бахусус, дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт) ва дар баробари тадриси улуми муқаддамотии динӣ (сарфу наҳви арабӣ, мабдаъ-ул-қироат, мухтасар ва амсоли инҳо), мударрисини наҳзатӣ муридонро ба тамрини усулҳои ҳарбу зарб ҷалб менамуданд. Бавижа, тамрини усулҳои муҳорибавии намуди «карате» (каратэ) дар миёни муллобачаҳои ҳавзаҳои дарсии вилояти Хатлон маъмул буд. Ҳамаи ин тадобир маънои омодагӣ ба даргирӣ ва ба истилоҳ, инқилоби исломиро далолат мекард, ки мебоист дар наздиктарин фурсат иттифоқ меафтод ва наҳзат дар он пирӯз гардида, қудратро комилан рӯйи даст гирифта, низоми ҷумҳурии исломиро дар мамлакат татбиқ  менамуд.
Дуюм, ТЭТ ҲНИТ ба воситаи роҳандозии тарҳи ҳаводиси февралӣ (албатта, аз тариқи ба низоъ ва даргириҳо мувоҷеҳ кардани насли ҷавон ва оростани таҷаммуоти гурӯҳҳо) мехост дар ибтидо қудрати ҳукумати марказиро дар симои Маскав бисанҷад ва ҷараёни воқеоти минбаъдаро ояндабинӣ намояд. Ҳарчанд ки қувваҳои интизомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пеши роҳи бетартибиҳои гурӯҳҳоро  гирифта, вазъияти ҷумҳуриро таҳти назар қарор дод, заъфияти элитаи ҳамонвақтаи ҳукмрони кишвар ва баъзе ниҳодҳои интизомӣ барои наҳзат ошкор гардид. Ҳамчунин, ба василаи роҳандозӣ намудани бетартибиҳо дар пойтахт – шаҳри Душанбе, он ҳам дар назди бинои Кумитаи марказӣ дастандаркорони ҳодисаҳои февралӣ ҳолу ҳавои сиёсии кишварро омӯхтанд ва таносуби қувваҳоро дар ҳолатҳои даргирию низоъ мушаххас намуда, ҷиҳати пиёда кардани барномаҳои баъдина тасмимгирӣ карданд.  
Сеюм, ҲНИТ мебоист аз пушти парда манзараҳои даргирию низоъҳоро тамошо мекард ва ҷараёни задухӯрдро аз берун идора менамуд.  Ин нақша амалӣ шуд, вале  қишри рӯҳониёни муҳофизакори наҳзатӣ  ба эҳсосот роҳ дода, баъзан ба маърака шарикӣ намуданд. Ин буд, ки изи пойи дастбакорони ин бозии шум дар ҷойи ҳодиса ба мушоҳида расид. Ҳасрати мансаб ва ҷоҳу ҷалол онҳоро ором нагузошт ва ба таври нохудогоҳ ба саҳнаи сиёсӣ раҳнамунашон кард. 
Чорум, собиқ Президенти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати ихтисосиаш дар маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо» - и Иброҳим Усмон дар иртибот ба ҳаводиси февралӣ таъкид карда буд, ки: «ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар наравед, занатон талоқ!». Бубинед, чӣ гуна василаҳои таъсиррасонии динӣ - мазҳабиро барои ҷалби мардум ба эътирозот истифода бурданд. Сари мавзӯи мазкур дигар коршиносон, аз ҷумла генерал Амирқул Азимов, ки ба ҳайси роҳбари бригадаи тафтишотии вақт ҳодисаи баҳманмоҳи хунинро мавриди санҷиш қарор дода буд, аз назари тахассусӣ ба масоили марбута таваҷҷуҳ намуда, ба ҷузъиёт ва куллиёти ҳаводиси гузашта аз дидгоҳи сирф касбӣ ва инсонӣ расидагӣ кард ва дар ҳаводиси февралӣ даст доштани муллоҳои наҳзатиро эълом дошт.  Аз ин ҷост, ки ТЭТ ҲНИТ дар ба вуҷуд омадани даргирию низоъ ва бетартибиҳо дар шаҳри Душанбе на танҳо манфиатдор буд, балки худ ҷараёнро таҳти назар қарор дода, таҷаммӯотро идора ва ба сифати муҷрӣ  иштирок мекард.  Бо таваҷҷуҳ ба ин,  ТЭТ ҲНИТ - ро метавон яке аз тарроҳон  ва муҷриёни ҳаводиси февралӣ  шинохт.
Панҷум, таърих ва вақт довари ҳама чиз ва ҳама кор аст ва аз ҳақиқати талхи таърихӣ ҷойи гурез нест. Ҳарчанд ки наҳзат имрӯз дар Аврупо бо ширингуфторӣ ва фазлфурӯшӣ дам аз бегуноҳӣ мезанад ва худро мусичаи бегуноҳ вонамуд мекунад, аммо дар воқеаҳои февралӣ ва баъдтар дар ҷанги бародаркуши Тоҷикистон гунаҳкори асосӣ будани он комилан исбот шудааст.  
Фаридун ОРИЁӢ,

бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-02-2018, 07:53:04 | Диданд: 842