МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сафари кории Пешвои миллат ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо натиҷаи мусбӣ медиҳад.

Сафари кории Пешвои миллат ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо натиҷаи мусбӣ медиҳад.

Таи чанд рӯз тариқи телевизион сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо намоиш дода шуд. Ман ҳамчун шаҳрванд шод аз он мегардам, ки ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷии худ як қатор санадҳои расмиро ба имзо расониданд, ки ҳамаи онҳо ба манфиати шаҳрвандони мо хоҳад буд. Албатта вақте, ки шоҳид мешавем, ки бо роҳбарии Сарвари давлат ҳайати расмии Тоҷикистони азизи мо барои беҳбудии тамоми соҳаҳои ҷомеа талошҳо меварзанд.

         Мо ҳамчун тамошобин интизори мекашем, ки дар ин сафарҳои корӣ бештар кадом масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Мулоқот бо роҳбари давлати Фаронса ва дигар ташкилотҳои бонуфузи Аврупо барои беҳбудии тамоми соҳаҳои кишвари азизи мо заминаи устувор хоҳад гузошт.

 

 

Раҷабов С-сокини н.Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-11-2019, 14:38:34 | Диданд: 333