МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД.

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД.

              Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Терроризм ва экстримизм” (ифротгароӣ)-и  хушунатомез”

         Дар ҳақиқат имрӯзҳо дар гушаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳо фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Мушоҳидаҳои амалиётҳои террористӣ бисёртар дар давлатҳои Ироқ, Афғонистон ва инчунин дар баъзе давлатҳои Аврупо ба назар мерасанд. Мо медонем, ки баъзе давлатҳои Шарқи наздик ва Африқо аз кишварашон фирор карданд ва ба касоне, дар ин ҷанг чандин бадбахтиҳоро аз сар гузарониданд, кафолати сулҳро ваъда намуданд.

           Бояд гуфт, ки ҳар яки мо дар сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон саҳмдор бошем ва талаботро дар ин самт бояд ба сифати баланд расонем. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Мақсади ибтидоии терроризм ин ба халалдор сохтани амнияти терроризм ин ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути ин фишор овардан ба мақомоти давлатист.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулагрову” “тундгаро” буда наметавонад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро”.

            Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем, дар ҷамъомадҳо тӯю маъракаҳо ва маросимҳо байни аҳолӣ вобаста ба мубориза бар зидди ин вабои аср- “Терроризм –экстремизм (ифротгароӣ)-и хушунатомез ” ташвиқоту тарғибот бурда мардумро аз оқибатҳои ҳалокатовару харобиовари ин падидаи номатлуб огоҳ созем.

         Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон  ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем.

 

 

Назарова  Ҳамида -  сармутахассиси шуъбаи занон 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-02-2020, 09:36:20 | Диданд: 455