МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

интихоботи шаффоф

интихоботи шаффоф

Интихобот шаффоф

Мо бояд дар интихоботи дар пешистода, бетарф набошем зеро як овози мо тақдири ояндаи миллати тамадунофари тоҷикро ҳал хоҳад кард. Аз ин рӯ овози мо ба ҷониби шахсияти арзанда ва шаффоф гузаштани интихобот тақдири миллатро дурхашонтар месозад. Баҳри ободию озодии миллати тоҷик душманони миллат, ки мехоҳанд ин сарзамини биҳиштосоро ба харобазор табдил диҳанд. Вале ҳеҷ гоҳ ба нияти нопоки худ намерасанд, зеро, ки миллати тамадунофари тоҷ ик баҳри ободию оромии ин сарзамини биҳиштосо сайю талош менамоянд, ки бо оромиш дар фазои кишварии азизамон дар хиёбону кучаҳои Ватанамон сайру гашт намоянд. Миллати овозадори тоҷ ик барои шаффоф гузашатани интихоботи дар пеш истода саҳм гузор мебошанд, зеро ин маъракаи сиёсї ояндасози миллат аст.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар авҷ мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон мисли пештара ба ҳайати мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ беҳтарин фарзандони арзандаи худро пешбарӣ намуда, умед доранд, ки онҳо дар атрофи Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид гардида, барои амалӣ намудани азму талоши ӯ, ҷиҳати ба ҳар як сокини мамлакат фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста кӯшишу ғайрат ва маҳорату қобилияти худро равона мекунанд.

Интихобот ва раъйпурсӣ шакли олии изҳори иродаи халқ буда, ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ халқ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Шаҳрванде, ки ба боварии халқ сазовор гардидааст, вакил интихоб мешавад ва аз номи халқ идораи давлатро амалӣ менамоянд. Дар ҷараёни интихобот набояд ба ҳодисаҳои фишороварию таҳдид ва вайрон намудани раванди демократии ташкил ва ҷамъбасти он роҳ дода шаванд. Дар ин хусус дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар зикр шудааст, ки иродаи халқ бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад. Маҳз, вакили дар интихоботи озод ва шаффоф интихобшуда дар мақомоти намояндагӣ салоҳияти қонунӣ дорад.

 

Аз номи   Т. Давлатов

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-02-2020, 15:46:14 | Диданд: 367