МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳамроҳ якҷоя бемории нави “коронавирус”-ро пешгирӣ менамоем!

Ҳамроҳ якҷоя бемории нави “коронавирус”-ро пешгирӣ менамоем!

Ҳамроҳ якҷоя бемории нави “коронавирус”-ро пешгирӣ менамоем! Дар васоити ахбори омма дар сархати аввал танҳо далел ва рақамҳо оид ба бемории нави “коронавирус” мебошад. Тамоми кӯчаҳо ва роҳравҳо маводҳои иттилоотӣ дар мавзӯи риояи қоидаҳои гигиенӣ оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ насб карда шудааст. Яъне ҷомеа дар маҷмӯъ бар зидди ин бемории ноаён мубориза мебарад. Шумораи гирифторон ҳамарӯз дар афзоиш аст. Тарсу ваҳм ва хабари нохуши ин беморӣ бештари нафаронро озурда кардааст. Ҳатто кӯдакон низ аз ин вазъият дар ташвишанд. Дар якҷоягӣ бо ҳамкорон мо кушиш кардем, ки дар пешгирии ин беморӣ масъулияти худро низ нишон диҳем. Ҳамарӯз садҳо варақаҳои иттилоотӣ ба шаҳрвандон тақсим намуда онҳоро оид ба ин беморӣ маълумот медиҳем ва ба ҳар як саволҳои онҳо ҷавоб мегардонем. Вақте, ки дари хонаро мекубем ва худро масъули КИ ҲХДТ муаррифӣ мекунем шаҳрвандон хурсанд мешаванд, ки мо онҳоро дар ин вақтҳо хабар мегирем. Барои бештар иттилоотонии шаҳрвандон нақлиёти махсуси таблиғотӣ ташкил намуда, ба воситаи он дар кӯчаву роҳравҳо корҳои таблиғотӣ бурда, диққати шаҳрвандонро ҷалб намудем. Ҳар як дӯстон ва нафароне, ки имконият доранд хоҳиш ва илтимос кардем, ки ба мо ба ғайр аз ниқоб ва маҳлулҳои безараргардонӣ дигар чизе надиҳанд. Ин таклифи моро ҷавонтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ғафоров Сайдумар ҷонибдорӣ карда зиёда аз 2200 адад ниқоб, 35 литр маҳлули безараргардонӣ таъмин намуд. Ҳамарӯз наздики 100-150 км роҳҳро тай намуда ба воситаи баландгӯяк мардумро аз ин беморӣ бохабар намуда ба онҳо қоидаҳои гигиениро дар ин вақт мефаҳмонем. Дар давоми андеша ман аз иҷрои корҳо худро таъриф кардани нестам, танҳо ба он хотир ин матлабро манзури хонанда мегардонам, ки агар ҳамаи мо якҷо бошему дастгирӣ кунем ин бемориро метавонем пешгирӣ намоем. Ҳарчанд шумораи гирифторони беморӣ ру ба афзоиш бошад ҳам аммо мо бояд пешгирӣ кунем ки бештар доман паҳн накунад. Ҳар як шаҳрванд дар назди худ бояд масъалаеро гузошта дар пешгирии ин беморӣ саҳмгӯзорӣ намояд. Вақте расидааст, ки ҳасос аст. Ҳар як амали неки мо барои пешгирии ин беморӣ нақши муҳимро мебозад. Вақте, ки мо як ниқоб барои як нафар тақдим мекунем ва ё хайр менамоем шояд, ки садҳо нафарро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорем. Аз ин рӯ бо истифода аз таҷрибаи дигар давлатҳо хоҳиш менамоям, ки биёд ҳамроҳ, якҷо амал карда ин бемориро пешгирӣ менамоем. Мирзоев Сафаралӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-05-2020, 13:18:08 | Диданд: 331