МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Изҳорот ба фитнаҳои навбатии Кабири

Изҳорот ба фитнаҳои навбатии Кабири

Изҳорот ба фитнаҳои навбатии Кабири Рўз аз рўз дар Тоҷикистони азизи мо пешравиҳои зиёде ба назар расида, ободу зебо, мардумаш худро озодтару хушбахт, дар фазои тинҷу ором умр ба сарбурда истодаанд. Ин ҳама пешравиҳову хушбахтиҳо душманони ин миллатро ба кибру ғурур оварда, дур аз Ватани азизи мо бо пайравии хоҷагонашон истода, чи гуфтану кор карданашонро баҳри халалдор намудани амнияти миллии мо намедонанд. Ман ба душманони миллат аз ҷумла хоини ватанфуруш Муҳиддин Кабири муроҷиат карда гуфтаниям беҳуда ғолибият ба даст овардану ба ин давлат бар гаштану ҳукмрони карданро фикр накунед, чунки халқи тоҷик он ҳама мусибатҳое, ки солҳои 90-ум ба сарашон овардед фаромуш накардаанд ва намехоҳанд бори дигар он рўзҳои сахтро дубора бубинанд. Халқи тоҷик хизматҳои Асозгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон-ро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунанд. Мақсаду мароми Пешвои миллат амнияти миллиро барои мардуми Тоҷикистон таъмин намудан ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро баланд бардоштан аст. Пешвои миллат он ҳама дастуру супоришҳое, ки ба мақомоти қудрати дар вилояти Бадахшон доданд барои амнияти мардуми Бадахшонро таъмин намудан буд. Бояд қайд намуд, ки мақомоти қудрати шабу рӯз баҳри амнияту субботи мардуми кишварамон хизматҳои шоиста намуда, талош бар он менамоянд, ки он шахсоние, ки бо ниятҳои ғаразноки худ дар ин ё он минтақаи Тоҷикистони азизи мо баҳри халалдор намудани амнияту субботи мардум таблиғоту ташвиқот бурдан мехоҳанд мубориза бурда тамоми чораҳоро меандешанд, то ин ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин ҳавои беғубори ин Ватан озодона умр ба сар баранд. Султон Бахтиёр – корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-05-2020, 14:55:48 | Диданд: 497