МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Муҳофизати сарҳад-вазифаи ҷонии мост!

Муҳофизати сарҳад-вазифаи ҷонии мост!

Муҳофизати сарҳад-вазифаи ҷонии мост! Дар ҳақиқат ҳам, ҳифзи Ватан, муҳофизати сарҳад, пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот ва тартибот дар мамлақат вазифаи муҳиму асосӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар яқ ҷавон, хусусан, ҳар яқ сарбози қишвар ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, қи миллати тоҷиқ дар ҳеҷ як давру замон –дар масири таърих аз сари кибру ғурур ва кинаю адоват ба хеҷ як сарзамин, ё худ давлатҳамсояҳо сар надаровардааст, ба ғасбу тороҷгариҳо машғул нашудааст, ба хунрезиву қатли ом даст назадааст, хар чанд давлатҳои бузургеро ба мисли давлати Сомониёнро роҳбари ва идора менамуд. Солҳои охир сарбозони мо ҷиҳати муҳофизати сарҳад ва таъмини сулњу оромӣ тамоми кушишҳои худро ба харҷ дода истодаанд. Тибқи мушоҳидаҳо солҳои охир вазъият миёни марзи қишвари мо –Тоҷиқистон ва Қирғизистон қаноатқунанда набуда, нофаҳмиҳо миёни марзбонони Тоҷиқистон ва Қирғизистон сар зада истодааст , ки мутаассифона, боиси ба ҳалоқат расидани сарбозон ва шаҳрвандони деҳаҳои Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфараи мамлакати мо гардид. Сабаби сар задании ин муноқишаҳо пеш аз ҳама аз тарафи шаҳрвандони Чумҳурии Қиргизистон аз худ намудани заминҳои чарогоҳе, ки ба кишвари мо тааллуқ дорад, ба шумор меравад. Ҳарчанд, гуфтушунидҳо миёни роҳбарияти давлату Ҳукумати мо ва Қирғизистон якчанд маротиба шуда гузашт, лекин аз ҷониби Ҳуқумати Ҷумҳурии Қирғизистон тадбиру чораҳо ҷиҳати ин мушкили андешида нашудааст. Бояд тазаккур дод, ки хатти марзи байни Тоҷикистону Қиргизистон 976 км буда, то кунун танҳо 504 км он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Назарова Сайёҳат- аъзои маҳфили Пайравони Пешвои миллат аз ноњияи Восеъ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-06-2020, 11:53:36 | Диданд: 287