МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнат ба ватан гуноҳи нобахшиданист.

Хиёнат ба ватан гуноҳи нобахшиданист.

Хиёнат ба ватан гуноҳи нобахшиданист. Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъияти мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминонпайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чунин мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовидпайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихию фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Мову шумо аз фарози қарни XXI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқадастарин ва волотарин дастоварди милат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо ба хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудааст. Аз ин лиҳоз истиқлолияти мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Қаҳрамониҳои Спитамен, Абумуслим, ватанхоҳиву муборизаҳои Темурмалику Шерак, исёни адолатхоҳонаю озодихоҳонаи Восеъ ва даҳҳо дигар мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият мебошанд. Аз ин рӯ, тавре баъзе муҳақиқон ишора менамоянд, истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхурии Итиҳоди Шӯравӣ нест. Ҳаракати озодихоҳии ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо идома ёфта, дар ибтидои асри XX шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Дар назари аввал чунин менамояд, ки дар ҷомеаи имрӯзаамон, ки ғояйи ваҳдати миллӣ ва ризоиятбарқарор аст, барои муборизаи мафкуравӣ ҷой нест. Вале тавре дар боло ишора рафт аксарияти мардуми мо эътиқодманди дини мубини исломианд ва ашхосе аз ин ҳолат истифода бурда мехоҳад мардумро гумроҳ намояд. Яке аз ин ҳизбҳои зиддидавлати ТТЭ ҲНИ мебошад. Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқи инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсонири ботил месозад ва нафари хоин сифати инсонири аз даст медиҳад. Ватан нишон медиҳад, ки дар асл иҷрокунандаи дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва сарпарастони хориҷи бо ҳамроҳии А. Назарзода ин ҳодисаҳоро собит сохт. Барои он, ки онҳо хешро аз падидаҳои номатлуб эмин дошта бошанд, ба музмуну муҳтавои дунявияту диният сарфаҳм раванд. Имрӯз мардуми ҷумҳурии азизамон зери осмони соф дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рӯҳияи ободкориву созандагӣ зиндагӣ мекунанд. Барои ифротгарову террорист, ба он, ки нону намаки ин сарзаминро хӯрда, кӯрнамакӣ мекунаду нияташ халалдор кардани оромии кишвар аст, гузашт нест. Хиёнат ба ватан гуноҳи нобахшиданист. Сарварон ва аъзои ТТЭ ҲНИ ба ба давлату милати худ хиёнат кардаанд. Онҳо ба ин кирдорашон бояд дар назди мардум ва Ватан ҷавоб диҳанд. Сокини ноҳияи Восеъ: Ёқубҷон Ализода

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-06-2020, 09:57:17 | Диданд: 331