МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Меҳри Ватан ҳамеша дар дилу маъвои мост.

Меҳри Ватан ҳамеша дар дилу маъвои мост.

Меҳри Ватан ҳамеша дар дилу маъвои мост. Даме, ки ман Ватан гӯям, ба васфи он сухан гуям, Бале ҳар даме, ки мо Ватан мегӯем ва бар васфи он сухан меронем, пеши назарамон диёри сарсабзу хурраму обод ҷилвагар мешавад. Ва ин диёри арҷманд – Тоҷикистон ном дорад. Барои ободиву оромӣ, ҳифзу нигаҳбони он сарбозони Ватан, ҳомиёни марзу буми кишвар ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарону аскарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штати худ машғул шуданд. Таҳкурсии моддии техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо эҳсос мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо, ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андухт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Мардуми тоҷикистон марҳилаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад. Чунин шароитҳои хуби хизмати аз ҳар як афсар ва сарбозони содики Ватан такозо менамояд, ки хизматро баҳри ободи ва тинҷию аммонии кишвар сидқан баҷо оварда, он вазифаҳое, ки дар назди онхо гузошта мешаванд, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди Ватандусти иҷро намоянд. Сокини ноҳияи Восеъ: Ёқубҷон Ализода

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-07-2020, 13:03:31 | Диданд: 749