МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲИЗБГАРОӢ ВА ТАФРИҚА АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

ҲИЗБГАРОӢ ВА ТАФРИҚА АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

Парвардигори оламро ҳамд ва ситоиш мекунем, ки ӯ розӣ шуд, ислом дине бошад ва ба василаи он моро як маҷмӯаи воҳид дар роҳи мустақим қарор дод ва дастур дод, ки бародарвор дӯстдори ҳамдигар бошем ва моро аз тафриқа ва ихтилоф дар дин барҳазар дошт. Ва салот ва салом бар расули амине (с), ки баъд аз худ ҳуҷҷати қотеъ ва далели равшанро бар ҷой гузошт чизе, ки ҷуз ҳалокшудагон аз он мунҳариф намешаванд. Ва дуруд ва салом бар хонадони покаш ва бар асҳоб ва ёронаш.

Дар замони муосир ба назар мерасад, ки балоҳои ҷомеаро фаро гирифта, саркашӣ ва нофармониҳое мунташир гашта ва ҷомеаи исломӣ ва мусулмонон дучори тафриқа ва табдил ба гурӯҳҳо, фирқаҳо ва ҳаракатҳои гуногун гаштаанд. Бештари мусалмонон саргардон ва ҳайрон шудаанд, намедонанд ба кадом гурӯҳ пайравӣ кунанд. Ин тафриқа ва ҳизбгароӣ дар ислом ҷамол ва зебогии исломро тира сохта, монеи пешрафти муслимин шудааст. Оё ислом ҳамин аст? Ҳукми ихтилоф ва тафриқа ва ҳизбгароӣ дар дин чист?  Роҳи раҳоӣ аз ин дарди сӯзнок чист?

Оё ҳизбҳои исломӣ ва гурӯҳҳои исломии муосир бар сироти мустақим қарор доранд ё ҷузъи фирқаҳои гумроҳ аз ҳафтоду ду фирқа мебошанд?

Ихтилоф ва тафриқаву ҳизбгароӣ аз ислом нест, балки аз ҷумлаи чизҳое ҳаст, ки Худованди мутаъол ва расулаш аз он наҳй ва онро ҳаром хондаанд. Ва мефармоянд: “Аз мушрикин мебошад, онҳо ки динашонро мутафарриқ карда ва табдил ба гурӯҳҳо шудаанд, ки ҳар кадом ба ончи дошт, хушҳол буд” (сураи Рум, 31-32). Ва дар ҷои дигар мефармояд: “Чун касоне набошед, ки баъд аз он ки оёти рушан барояшон омад, мутафарриқ шуданд ва ихтилоф карданд, барои онҳо азоби бузурге мебошад” (сураи Оли Имрон, 105). Ва мефармояд: “Онҳо, ки дини худро тафриқа карданд ва ба гурӯҳҳо табдил шуданд, дар ҳеҷ ту бо онҳо нестӣ” (сураи Анъом, 159). Худованди таъоло мефармояд, ин роҳи рости ман аст. Аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои дигар пайравӣ накунед, ки боиси тафриқа шудани шумо аз роҳи Худованд хоҳад шуд. Ин чизе аст, ки шуморо ба он амр  мекунам, умед аст, ки тақво пеша гиред (сураи Анъом, 153). Тафсири ин ояти карима дар ҳадиси ибни Масъуд (р) омадааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) бо дасташ хатеро расм кард, он гоҳ фармуд, ин роҳи мустақими Худост, сипас аз рост ва чап он хатҳои дигарро расм кард, он гоҳ фармуд, ин роҳҳои дигар аст, ки бар ҳар кадоме аз онҳо шайтон қарор гирифтааст ва ба сӯяш даъват мекунад. Сипас ин оятро хонд: Ин роҳи рости ман аст аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои дигар пайравӣ накунед (ривояти Аҳмад). Ҳузайра писари Ямон (р) гӯяд: Марде дар мавриди хайр аз Расулуллоҳ (с) саволе мекарданд, вале ман аз шар ва бади ӯ мепурсидам аз тарси ин ки мабодо дучори он шавам, аарз кардам: Расули Худо, мо дар ҷоҳилият дар шар будем, Худованд ин хайрро бар мо ирсол дошт, оё баъд аз ин хайр ва ҳидоят шарре хоҳад омад? Дар ҷавоб фармуд: Оре, гуфтам оё баъд аз он шар хайр хоҳад омад? Фармуд: Бале, вале дар он навъе олудагӣ вуҷуд дорад. Арз кардам, ки олудагии он дар чист? Фармуд: Қавме хоҳад омад, ки ба ғайр аз ҳидояти ман дигаронро роҳнамоӣ мекунанд, баъзе аз масоилашон маъруф ва баъзе дигар аз он мункар аст. Гуфтам: Оё баъд аз он хайр шарре хоҳад омад? Фармуд: Бале, даъватгароне ҳастанд, ки бар дарвозаҳои ҷаҳаннам қарор доранд, ҳар кас даъвати онҳоро бипазирад, ӯро дар он меандозанд. Аарз кардам: Эй расули Худо (с), онҳоро бароямон сифат кунед. Фармуд: онҳо аз ҷинси мо ва бо забони мо сухан мегӯянд. Гуфтам: агар онҳоро ёфтам, чи дастуре дар он маврид ба ман медиҳед? Фармуд: Бо ҷамоати муслимин ва пешвояшон бош. Гуфтам: Агар мусулмонҳо ҷамоат ва пешво надошта бошанд. Фармуд: дар он сурат аз ҳама гурӯҳҳо ва фирқаҳо дурӣ гузин, агарчи лозим бошад, бар решаи дарахте газ бигиред ва то вақти мурдан зиндагиро ба ин сурат идома диҳед. Эй Ҳузайра агар дар ҳоле ки бар решаи дарахти газ гирифта бимирӣ, бароят беҳтар аз он аст, ки то ба яке аз онҳо пайравӣ кунӣ (ривояти Бухорӣ).

Имом Табарӣ (р) мефармояд: Замоне мардум пешво надошта бошанд ва ба ҳизбҳо ва гурӯҳҳо ҷудо шаванд, набояд яке аз онҳоро пайравӣ кард, балки бояд дар сурати имкон ба хотири тарс аз афтодан дар шар аз ҳолати онҳо дурӣ кард. Пайғамбар (с) безор аст аз касе, ки тафриқа ва ҳизб эҷод мекунад дар дин (Имом Аҳмад).

Ин хусус ва касҳои дигар ҳамагӣ ихтилоф ва тафриқа ва ҳизбро ба сароҳат аз ислом наҳй мекунанд ва бар ҳаром буданашон далолат менамоянд ва соҳибашро ба ҷаҳаннам таҳдид мекунад ва роҳнамоӣ мекунад, ки роҳи ҳақ як аст, сиротулмустақим.

Файзулло Саъдуллоев,

имомхатиби масљиди мањаллаи Маяковскийи ш. Душанбе

Бознашр аз сомонаи http://din.tj

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-03-2018, 09:25:49 | Диданд: 734