МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ! Ин ҳама пешравиҳову хушбахтиҳо душманони ин миллатро ба кибру ғурур оварда расонда аст, ки дур аз ватани азизамон дар пайравии бадхоҳон истода, чигуфтану чикор карданашонро баҳри халалдор намудани амнияти миллии мо, ҳастиии миллати мо сайу талош менамоя, ки бар ин Ватани биҳитосори мо зарау хиёнати худашонро расонанд. Чунки бадхоҳон барои бадбини ва нооромии миллати мо сайю талош доранд вале ба мақсади худ намерасанд. Дар сатҳои гуногуни иҷтимоӣ гурўҳу ҳаракатҳои манфиатў ба хотири пиёда намудани идеяҳои худ, ҳар гунна маълумотҳои беасос ва бардурӯғи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Аксарияти гуруҳҳои террористиву ифротӣ, махсусан ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзат, «Гурӯҳи 24» ва «Давлати исломӣ» зиёд намудани пайравони худро маҳз таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ бо усули шўстани мағз ба роҳ мондаанд. Пас мо ҷавонон бояд зираку доно бошему хабарҳои бардурӯғи хоинони миллатро бовар накарда аз тинҷиву аммонии кишвари азизамон назди Худованд шукргузор бошем. Мардуми шарифи тоҷик ва хосса ҷавонони саодатёри он шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти меҳан менамоем, рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро бо чашми худ мебинанд ва аз сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ мекунанд. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузи ва шуҷоати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад. “Беҳуда шоирони бузурги мо гуфтаанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила Шарифова Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-12-2020, 12:20:13 | Диданд: 228