МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Амалҳои Муҳаммадиқболи Садриддин то ба бешарафи бурда расонид.

Амалҳои Муҳаммадиқболи Садриддин то ба бешарафи бурда расонид.

Амалҳои Муҳаммадиқболи Садриддин то ба бешарафи бурда расонид. Муҳаммадиқболи Садриддин воқеан нафари беномус, иғвоангез ва ҳангомаҷӯй буда, имрӯз дар хориҷи кишвар зист карда, зери супориши хоҷагони хориҷиаш аз паша фил сохта гаштааст. Ӯ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ аз пеши худ ҳар чи мехоҳаду мебофад ва бо ҳамин аз хоҷагонаш маблағи гирифтаашро рӯпӯш намуда, худро дар назди хоҷагонаш шахси муҳим нишон доданист: “Чун гӯянд бо моҳ шини моҳ шавӣ, бо дег шини сиёҳ шавӣ”. Муҳамадиқболи Садриддин мисли як лухтак асту чизе нест. Вақт нишон медиҳад, ки хар нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, беномус, нопок, бадсиришт ва бешараф буда, оқибат шармандаю шармсор мегардад. Яке аз онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бо амалҳои разилонаю хиёнаткоронаи устоди бешарафашро зери ниқоби динни мубини ислом амалӣ менамояд. Аммо миллати тоҷик набояд фаромӯш созад, ки оқибати хиёнаткорон хориву зорӣ аст. Моро зарур аст, ки пеши роҳи онҳоро гирифта нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли ояндасози миллат таъсири манфии хешро расонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар вохӯриашон бо ҷавонон таъкид менамоянд, ки бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд. Мирзоева Г-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-02-2021, 14:27:21 | Диданд: 202