МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Радиои озодӣ – ба мардум танҳо хабарҳои манфӣ пешниҳо менамояд.

Радиои озодӣ – ба мардум танҳо  хабарҳои манфӣ пешниҳо менамояд.

Радиои озодӣ – ба мардум танҳо хабарҳои манфӣ пешниҳо менамояд. Радиои озодӣ яке аз шабакаҳои байналмилалӣ буда, дар бисёр давлатҳо кору фаъолият намуда, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам фаъолят менамояд. Шабакаи мазкур аз ҳама пешравию бунёдкориҳое, ки дар Тоҷикистон ба анҷом мерасанд бохабар аст, аммо мутаасифона ахборотҳое, ки аз ҷониби шабакаи мазкур ба мардум пешниҳод мегардад, ки характерҳои манфӣ доранд. Вобаста ба озодии сухан ва фаъолияти ошкорои ВАО дар Тоҷикистон Ҳукумати мамлака ва тамоми сохторҳои давлати бетараф нестанд ва ҷонибдори чунини арзишҳои демократии мебошанд. Аммо як чизро бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Радиои озоди мутаасифона ба мардум мунтазам ахборотҳои манфӣ пешкаш карда мешавад, ки чунини ахборотҳо метавонанд ақидаи мардумро нисбати давлату ҳукумати дигар кунанд. Ҳамарӯза дар ҳудуди Тоҷикистон корҳои ободонӣ бомаром дар тамоми деҳаю маҳаллаҳо идома доранд, аммо дар қатори ҳама пешравиҳо мушкилоҳое ҳастанд миёни мардум, ки аз ҷониби масъули қадам ба қадам бартараф мешаванд. Хабарҳои манфие, ки аз ҷониби Радиои озоди барои мардум пешниҳод карда мешаванд хатарҳам доранд, зеро, ки баъд аз мунтазам пешниҳоди чунини ахборотҳои манфӣ, ки Радиои озодӣ пешниҳоди мардум менамояд симои давлат дар назди мардум танҳо бо чунин ахборотҳо манфӣ қолаб мегиранд. Маълум ҳаст, ки тамоми шабакаҳо барои манфиатҳои ин ё он давлат ё ташкилотҳои байналмилалӣ кору фаъолият менамоянд, аз ҷумла Радиои озодӣ яке аз чунини шабакаҳои фаъоли рӯи олам ба шумор рафта аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ мешавад. Корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Султон Б.Ғ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-02-2021, 12:25:15 | Диданд: 255