МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МУҲИДДИН КАБИРИ

МУҲИДДИН   КАБИРИ

МУҲИДДИН КАБИРИ Муҳиддин Кабири бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боаклтар ва ҳатто аз давлат худро донотар шуморид. Дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳиддин Кабири ва ҲНИ сарчашмаи маблағгузории Муҳиддин Кабири ва ҳизби ӯ ошкор шуд. Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабири маълум ва мардуми Тоҷикистон уро ҳамчун як нафари хоин, ватанфуруш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабири аз вақте, ки аъзои собиқ Ҳизби назҳати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Муҳиддин Кабири муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обурую нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳони паст кардааст у бо аъзоёни ба номи ҳизби назҳати ислом аммо дар асл ташкилоти терористи ХНИ солҳои 90-асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротиба дуюм Муҳиддин Кабири ва ҳамаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши кард, ки Тоҷикистони гул-гул шукуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунад аммо халқи бо шарафи тоҷик ин гуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигир ба доми фиреби онҳо намеафтанд. Мо халқи шарафманду бо нангу номуси тоҷик ҳамеша барои пешрафти ватани хеш барои аз байн бурдани хоинони миллат саҳм гузор буда ҳеҷгоҳ намегузорем, ки ватани тинҷу ороми худамонро ноором созанд. Мутаъсифона аъзоёни собиқ Ҳизби террористии Наҳзати Ислом дар шахсияти М. Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигар ҳаммаслакони инҳо ба динни мубини Ислом қабои сиёси дода нисбат ба динни мубини Ислом кур-курона муносибат мекунанд. Онҳо доимо худро зоҳиран пайрави асилли динни Ислом нишон дода, вале амалашон бошад ба ин дин тамоман робитае надорад. Ҳар як фард имрӯз хуб дарк менамояд, ки динни мубини Ислом амалҳои аз қабили куштор, фиребу найранг, рехтани хуни бегуноҳ ва дигар амалҳои номатлубро маҳкум менамояд. Аммо аламовараш онаст, ки имрӯз ин шахсиятҳо чунин кирдорҳоро нисбати мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷумла нисбати занону модарон содир карда истодаанд. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон талаботи ҲНИ, ки хилофи дини мубини Ислом ва давлати демократи ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ мебошад, қабул намекунем. Ба шумо муроҷиат менамоем, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои хоҷагони хориҷиатон ҳеҷгоҳ манфиатҳои миллии худро паст назанед. Вақтҳои охир бо мақсади бадномсозии кишвари аҷдодии худ аз ҳар роҳу восита истифода мебаранд. Аз ҷумла дар атрофи чизе набуда овозаю ҳангома паҳн месозанду аз дур истода натиҷаи онро тамошо мекунанд. Мухолифони давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол умед ба он доран, ки бо туҳмату буҳтонҳои бофтаю хаёлиашон як навъ карда вазъи ҷомеаро ноором месозанду аз ин истифода бурда ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ 20 сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Ёрмадова. М

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-03-2021, 15:02:02 | Диданд: 232