МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ворух сарзамини аҷдоди мо тоҷикон аст!

Ворух сарзамини аҷдоди мо тоҷикон аст!

Ворух сарзамини аҷдоди мо тоҷикон аст! Сокинони ноҳияи Восеъ аз вазияти руҳдода дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон огоҳ гашта, амалҳои ноҷавонмардонаи қирғизҳоро маҳкум менамоянд. Чунин вазъият бори дигар собит намуд, ки сокинони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон Ваҳдатӣ миллӣ ва истиқлолияти давлатиро муқаддас ҳисобида, аз ҳар вақта бештар бо эҳсоси баландӣ ватандорӣ ва садоқад ба Ватан далериву шуҷоатро аз фазилатҳои мардӣ ҳисобида ҳамеша муттаҳид ва дар роҳи дифои марзи мамлакат омода ҳастанд Мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ваҷаб обу хоки мукаддас Ватани азизамонро ҳифз мекунем ва баробари ободу зебо гардонидани ин гўшаи кишвари азизамон-Ворухро дар оянда ба насли ҷавон мерос мегузорем. Дар саҳифаҳои таърих як пораи Тоҷикистон будани Ворух дарҷ гардидаас. Ин ҳақиқатан бе баҳс аст, ки мутасифона, қирғизон, бея гон асос даъвои заминҳои мазкурро доранд Ҷавонмардони ноҳияи Восеъ низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва нангу номуси миллӣ ҳамеша бо бародарони Исфара ҳастанд, онҳоро ҳеҷгоҳ танҳо намегузоранд ва барои ҳимояи марзи Тоҷикистон доимо омодаанд. Халқи Вилояи Хатлон ва аҳли Ворух яктан аст Зонки Ворух марзи поки меҳан аст! Корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Иброҳимов А

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-05-2021, 08:06:00 | Диданд: 295