МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МО ҶАВОНОН БА НАЙРАНГУ ДАСИСАҲОИ ХОИНОН ФИРЕФТА НАХОҲЕМ ШУД.

МО ҶАВОНОН БА НАЙРАНГУ ДАСИСАҲОИ ХОИНОН ФИРЕФТА НАХОҲЕМ ШУД.

МО ҶАВОНОН БА НАЙРАНГУ ДАСИСАҲОИ ХОИНОН ФИРЕФТА НАХОҲЕМ ШУД. ВОКУНИШ: Муҳиддин Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро дар осудагиву амонӣ зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш ҳаргуна табрикоту изҳороташ мехоҳад вазъи оромро халалдор созад. Ҳизби ифротии наҳзат бо ҳамфикрони нопокаш солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, ҳаммиллатони моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм бошад, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш карданд, ки ба хоку хун оғушта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хубӣ шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд. Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омада бошанд ҳам, вале то ба ҳол чораҳои андешидашуда кофӣ нестанд. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯ, дар мисоли Кабирӣ дар оғози амалҳои ғаразноки худ сараввал арзишҳои фарҳангию-маънавиро (бештар ахлоқию диниро) коҳиш медиҳанд, фалаҷ мегардонад, сипас ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зӯроварӣ, нафратро тарғибу ташвиқ намуда, баъд ба амалҳои фаъоли хавфнок даст мезананд. Тарғибу ташвиқи ин гуна андешаронӣ, шомил кардани ҷавонони кишвар ба ҳаракатҳои экстремистӣ бештар бо воситаҳои ахбори умум аз хориҷи Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Аз ҷониби дигар, воситаҳои ахбори давлатҳои ҳамсоя дар паҳн намудани чунин ақидаҳо дар канор нестанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳадафи ин гуна гурӯҳҳо дар зери пардаи шиорҳои сохта, ниқобҳои бофтаю хаёлӣ, фирефтаи таълимотҳои «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ даст мезананд, амалҳои худро ба «қаҳрамонӣ», «фидоӣ» ташбеҳ дода, мехоҳанд бо ҳамин роҳ ба ҳадафҳои худ ноил шаванд, аниқтараш супоришҳои хӯҷаини хориҷии худро иҷро менамоянд. Аксари фирефташудагони ин равияҳои нопок, шахсони дур аз камолоти маънавӣ буда, вуҷудашонро (ботинан) нобоварӣ, норозигӣ ва эътирози ниҳоӣ фаро гирифтааст, онҳо аз ҳадафҳои ниҳонии таҳрибкорон-пешвоёни худ ғофиланд, ба онҳо ғайр аз тақлидкорӣ, худфидокунӣ, тобеъияти қатъӣ чизи дигареро ҳам талқин намекунанд. Агар ақлу хиради худшиносӣ, заковати солим медоштанд, аз таъриху фарҳанг огаҳӣ медоштанд, шукргузориро пеша карда, қалби худро аз ғарази амволпарастӣ, кинаву адоват озод мекарданд, албатта афтору муносибати онҳо нисбати худ, ҳаёти осоиштаи мардум, дастовардҳои халқу миллати худ, наслҳои оянда дигар мешуд. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди афкори созандагию бунёдкорӣ, Пешвои миллат хеле бамаврид изҳор доштанд, ки «Мақсади мо бунёд кардани амнияти мутараққӣ аст. Вай аз таҷрибаи бойи ба дастовардаи давлатҳои пешрафта баҳра бардошта, ҷавобгӯйи омолу ормонҳои мардум хоҳад буд…. Ормони мо давлатест, ки ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳукми қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ менамояд, ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ мусоидат менамояд». Аслан Симои аслии Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ошкор буд ва ошкор аст. Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ҳизби ифротӣ асту баҳри расидан ба мақсади худ ҳам ифротиву ҳам иртиҷоӣ аст. Мо ҷавонон набояд ба найрангу дассисаҳои ин хоин бовар кунем, чунки ҳадафу мақсади асосии ин палид иғво ангехтан, ноором кардани ҷомеа ва ба даст овардани ҳокимияти қонунӣ аст. МИРЗОЕВА Г, МУДИРИ ШУЪБАИ ТАБЛИҒОТ ВА ИТТИЛООТИ КИ ҲХДТ ДАР Н. ВОСЕЪ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-06-2021, 14:29:16 | Диданд: 32