МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Вазъи имрӯзаи Бададхшон

Вазъи имрӯзаи Бададхшон

Вазъи имрӯзаи Бададхшон Баҳри тинҷу ором нигиҳ доштани вазъ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон он лидерони ғайрирасми ва он гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ бояд аслиҳаи худро супоранд ва дар назди қонун ҷавоб гуянд. Аз тарфи роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва ҳам мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкӯҳ, талаб карда шуд, ки барои барқарор намудани фазои амну суботи ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гуруҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд. Ва шукргузор аз он ҳастем, ки айни ҳол Бадахшон тенҷу ором буда дар ҳолати пешин баргашт мо мардуми якдилу соҳибтамаддун аз як гиребон сар бароварда ҳамеша барои пешрафту оромии халқи кишварамон саҳмгузор мебошем. Ба ҳамагон маълум аст, ки минтақаи зебоманзар, халқи соҳибмаърифат, соҳибтамаддун, соҳибҳунар ва сарбаландӣ Помир бо урфу одатҳои гуногуни худ ҳамеша таваҷӯҳи на ин ки халқи Осиё, балки сайёҳони дигар давлатҳоро ба худ ҷалб мекунад. Сайёҳон ба минтақаи Тоҷикистон ташриф орварда, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмил муарифи менамояд. Дар ҳақиқат вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои саёҳати аз ҷиҳати табиати экологи тозаву табобатӣ ва кӯҳӣ минтақаи беҳтарин маҳсуб мешавад. Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори сеюм аст, ки ба рӯйхати “100 манзари беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардид. Дар ин кӯҳҳо на ин ки боигариҳои таббии, сангҳои “Лаъли Бадахшон” балки ҳалқҳои бо урфу одати гуногун ҷойгир шудааст, ки дар ҷаҳон бо овозаи “Бадаҳшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” машҳур аст. Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии ахолии Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат дар солҳои охир ҳамаи соҳаҳои ҳайати вилоят тағийроти кулли ба амал омадааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 30 соли охир қатори дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар корҳои зиёди созандагӣ ва ободонӣ ақиб намонда, ба якчанд иншшотҳои замонавӣ ва хизматрасон ба монанди нерӯгоҳи барқии обии хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи дурдасти баландкӯҳи Мурғоб, ки аз сатҳи баҳр 3500 м баланд сохта шудааст ва ғайра соҳиб шудааст, ки симои маркази Бадахшон ва шаҳру ноҳияиҳои онро ба як шаҳри замонавӣ табдил додааст. Аммо таҳавуллоти ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир ба амал омада моро ба ташвиш андохтаст. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Сокини ноҳияи Восеъ Неъмонова Н

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-01-2022, 12:45:37 | Диданд: 144