МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

БЕДОРӢ МЕБОЯД!

БЕДОРӢ МЕБОЯД!

 

Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

 

Эмомалӣ Раҳмон

 

Асри хх1 асри пешрафту рушди бемайлони илму техника буда, рӯз аз рӯз дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд ва ин дигаргуниҳо ба ҳама қишрҳои зиндагӣ таъсири худро мерасонанд. Аз ҷумла ба ҷодаи дину фарҳанг. Аз ин рӯ, ҳар як фарди солимақл, бахусус, ҷавононро зарур аст, ки аз рӯи мақоли «аввал бубин ҷои худ, баъд бимон пойи худ» амал намоянд, то дар зиндагӣ ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Зеро ақидаҳое ҳастанд, ки реша аз берун доранд ва ҳарчанд қонун манъ карда бошад ҳам, бо кӯмаки омилҳои дохилӣ ҷойгоҳ пайдо намуда, «олами маънавӣ»-и камсаводону сустиродаҳоро махлут месозанд. Ҳамчунин, баъзе аз ҷавонони камтарбияву камсавод ба равияҳои гуногуни динӣ тамоюл доранд ва ба таври пинҳону ошкоро дар таблиғу ташвиқи иттилооти ҳангомаҷӯёна ва ғаразнок кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо як нав иртиботи қавии байни мазҳабҳо ва мусулмонони мамлакатҳои гуногун ба назар мерасад.Равобиту муносибати фарҳангии байни кишварҳои исломӣ торафт авҷ мегирад, ки ин як падидаи ногузири замони мост. Баробари ҷиҳатҳои мусбӣ, мутаассифона, баъзе ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки он ба зуҳури ихтилофоти фикрӣ ва ақидагӣ боис мешаванд. Ҳар як фардро зарур аст, ки тавассути ақлу дониш ва хиради солим амал намуда, мӯйро аз хамир ҷудо карда тавонад. Дар шоҳроҳи зиндагӣ, ки пур аз шебу фарозҳост, қадами устувор гузошта, монеаҳои сунъии барпо намудаи ноҷавонмардони дохилӣ ва хоҷаҳои хориҷиро тавассути ақли расо пушти сар гузорад.
Баъзе аз ҷавонони камхираду аз донишу фарҳанг дурмонда ба доми ифротиён афтода, ба ҳаракатҳои ифротгароию моҷароҷӯи шомил гардида, ҷони худу ҳазорони дигарро зери хатар мегузоранд. Ба пиндори мо, чунин ашхос на танҳо таълим нагирифтаву тарбия надидаанд, балки ҷоҳилу аз Худои худ бехабаранд.      Ҷавонон магар аз падару модарон ва ё бузургсолон нашунидаанд, ки солҳои 90-уми асри хх ин қабил тоифаҳо мамлакати осоиштаи моро ба чи ҳол расонида буданд? Гумроҳии баъзе аз «табаддулотчиён», «дилсӯзиҳои падарону модарони миллат» ва дастгирию дасисабозии хоҷаҳои хориҷии онҳо буданд, ки Тоҷикистони азизамонро муддате хароб, тифлонро ятим, модарони хушрӯзро берӯзию бешавҳар ва ҳазорҳо нафарро гурезаю дарбадар карда буданд. Мардуми бохираду дурандеши мо чӣ ва кӣ будани дасисаю дасисабозон, мақсади «падару модарони миллат», чӣ будани низову даргириҳои қавмӣ, гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар солҳои навадуми асри рафта хуб дарк карда, аз нӯшобаи заҳрогини он нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ бурда истодаанд.Сад шукр, ки ақлу хиради волои мардуми мо ғолиб омад ва, хусусан, тавассути ҷаҳду талошҳои беохири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан ҳақиқат ва сулҳу ваҳдати миллӣ мутантан гардид.
Дурӯғ, хиёнат, ватанфурӯшӣ яке аз воситаҳои сиёсатбозиҳост, ки ҳамқадами ҳаёти рӯзмарраи инсонҳост. Хиёнаткорону дурӯғгӯён ва ғуломони ҳавою ҳавас, хушомадгӯёни хоҷаҳои хориҷ пайрави маъбуди худ-Шайтон мебошанд. Ана ҳамин тоифаҳо ба доми шайтонҳои одамсурат, ки дар либоси дину мазҳаб худро оро додаву панаҳ бурдаанд, мардумро бо як маккории махсус ва дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронида, онҳоро дар нимароҳ монда, худ ба хориҷи кишвар, ба Амрикою Олмон ва дигар кишварҳо фирор карда буданд, афтида, аз дурӯғу хиёнат гузашта, даст ба куштор ва ба рехтани хуни ноҳақ зада, моҷароҷӯю қотил шуданд. Айни замон ифритиёну ифротиён ҷавонони сустирода, гаправ, бесаводу камтарбияро ба майдони набарди ноҳақ раҳнамун карда, худ дар бӯстонсаройҳову курсиҳои мулоими хориҷӣ нишаста, аз «шаҳид» шудани «муҷоҳидон» ифтихор мекунанд. Ифтихор аз он доранд, ки чунин гумроҳон зуд ба доми тазвири онҳо меафтанд ва ба ваъдаҳои пучу подарҳавои онҳо бовар доранд ва ҳатто дар ҷойҳои ҷамъиятӣ-байни анбуҳи мардум даст ба худкушӣ зада худро метарконанд. Ба ин васила гӯё ба биҳишт мераванд ва ин ҷанобони моҷароҷӯю муҷоҳидони «шаҳидшаванда» магар фаромӯш кардаанд, ки худкушӣ гуноҳи кабира аст ва Аллоҳ таъоло худкушро дар оташи ҷаҳаннам месӯзонад, на ба ҷаннат мебарад…
Ин зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ боре андешидаанд, ки аз рехтани хуни ноҳақ ҳатто Худованд розӣ нест. Ноҳақона куштани инсон низ аз гуноҳҳои кабира мебошад. Аллоҳ таъоло дар сураи Нисо-93 мефармояд: «Ва касе, ки мекушад муъминро қасдан, пас ҷазои ӯ ҷаҳаннами ҷовидон аст ва ғазаб кардааст Аллоҳ бар ӯ ва лаънат кардааст ӯро ва омода кардааст барои ӯ азоби бузургро». Ва Расулуллоҳ( саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам) гуфтаанд: «Парҳез кунед аз ҳафт ҳолоккунанда… ва зикр карданд хуни ноҳақ рехтанро». (Бухорӣ ва Муслим).
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шудааст: «Аз назди Паёмбар (с) харе гузашт, ки дар бадани ӯ бо оташ нишонае (соҳибони ҳайвонҳо бо оҳани дар оташ сурхкарда ба ҷисми онҳо нишона-тамға мегузоштанд), буд. Паёмбар (с) гуфт: лаънати Худо бар касе, ки ин корро кардааст».
Модоме ки Паёмбар (с) дар бадани ҳайвоне гузоштани нишонаро ба ҷони онҳо ҷабр дониста, ба нишонагузор лаънати Худовандро раво дида бошад, пас ба онҳое, ки хуни ноҳақ мерезанд, чӣ қадар лаънатҳо интизор бошад? Рехтани хуни муъмин аз тарафи муъмин аз нигоҳи Худованд қатъиян манъ аст. Дар ҳеҷ куҷои Қуръон наомадааст, ки хуни ноҳақ рехта шавад.
Бе ягон ҷурму сабаб қатл намудани инсонро «Қуръон» маҳкум кардааст. Худованд дар ояти 32-юми сураи «Моида» қатли як инсонро ҳаммонанди куштани ҳамаи инсонҳо шуморидааст.
Вақте мусулмоне муқобили бародари мусулмони худ яроқ ба даст мегираду хуни ноҳақ рехта, қатли бегуноҳон мекунанд, ӯро на падару модар,на ҷомеа ва на Худояш мебахшад. Худованд ҳам чунин бандагони аҳриманиро хуш надорад ва қотилеро, ки қатли ноҳақ мекунад, ҳеҷ гоҳ ӯро авф намекунад. Дар дигар ҳадис аз Расулуллоҳ (с) ривояте омадааст, ки «Нисбат ба ҳамаи гуноҳон умеди авфи Худованд вуҷуд дорад, магар касе, ки дар ҳолати куфр бимирад ё ба ноҳақ дида ва дониста қасдан мусулмонеро бикушад». Дар тақвияи ин ояти фавқ дар ҳадиси шариф Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Вайронии ҳама ҷаҳон дар назди Худованд осонтар аз ин аст, ки муъмине ба ноҳақ кушта шавад». Модоме ки барои Худованд вайронии дунё осонтар бошад аз ноҳақ куштани кас, пас киро ҳад аст, ки аз гуфтаву фармудаи Худованди худ берун барояду ба куштори ноҳақ даст занад. Магар шумо, ҷанобони террористу экстремистонро хоҷаҳоятон боре нагуфтаанд, ки аз фармудаҳои Худованд сар тофтан ҷоиз нест. Рехтани хуни ноҳақ нобахшиданист.

 

Ҷаҳд бинмо, хуни ноҳақ кам бирез,

 

Бар сари худ лаънати дунё марез.

 

Қотилон, албатта, мақтул мешаванд,

 

Рӯсиёҳи ҳарду олам мешаванд.

 

Вақтҳои охир тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ гардида, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо-Афғонистон вазъиятро боз ҳам тезу мураккабтар гардонида истодааст.
Терроризм ва экстремизм ба амнияти ҷаҳон ва ҳаёти осоиштаи ҳар як сокини осоиштаи сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз яроқи ядроиро дорад. Паҳн гаштану домон паҳн кардани терроризм даҳшатест барои сокинони кулли сайёра.
Террористону экстремистони ифритсурат аксаран зери даъвату шиорҳои диниву мазҳабӣ панаҳ бурда, худро ҳомиёни роҳи дину шариат эълон намуда, исломро ҳамчун яроқи идеявӣ, расидан ба мақсади олии хеш медонанд. Ҳол он ки дини мубини ислом аз терроризму экстремистӣ фарсахҳо дур буда, ба он ҳеҷ иртиботе надошту надорад. Терроризм ва экстремизм сарчашмаест барои заиф гардонидани ин ё он мамлакат ва бадбахту сарсон гардонидани аҳолии осудаи он. Пайомадҳои чунин вазъи ногуворро дар мисоли Сурия,Ироқ,Судон,Филиппин,Тунис ва Лубнону Афғонистон дидан мумкин аст.
Тоҷикистони азизи мо шаҳди ин фиребу найрангҳоро солҳои навадуми асри гузашта чашида, муқовимат ба табаддулотчиёни дасисабоз, терроризм, экстемизм, бахусус, мансабталошию мансабталабиро, ки мақсади асосии «падарону модарони миллат» аслан ҳамин буд, аз сар гузаронида, аз имтиҳони ҷиддии дасисабозону ноҷавонмардони дохилӣ ва миёнаравони хоҷаҳои хориҷӣ, ки бархе аз кӯтоҳандешонро ба доми худ афтонда буданд, ин зуҳуроти даҳшатноку нафратоварро тавассути ақлу хиради Худодод пушти сар намуданд.
Ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта сабақест барои мардуми осудаҳолу сулҳдӯсти мо, алалхусус, барои ҷавонон.
Ба ҷавонон, зарур аст, ки пайи осудагию шукуфоии ватани азизи худ бошанд, ба ҳеҷ гуна гуфтору амали террористон, экстремистону дасисабозон, ки эшон раҳгуму оқи ватаншудаанд, бовар накунанд. Нагузоранд, ки шайтонҳои бекалушу маҳсӣ тоҷику тоҷикистониён ва Тоҷикистони ободу озоди моро ба бозичаи дасти дасиссабозон ва ифритиёни хориҷ табдил диҳанд.
Ҳимояи марзу бум, ҳимояи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳисса гузоштан дар шукуфоӣ ва рушду нумуи ватани азизамон, маҳкум намудани терроризм, экстремизм ва нагаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ташкилотҳои ифротгарову ғайридавлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди солимақл, бахусус, ҷавонони даврони мост.
Ҷавонони ҳушманд, биёед, зери Парчами муқаддаси Ватани азизамон муттаҳид гардида, таълимоти хирадмандонаи Сарвари муаззами мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори зиндагӣ намуда, террор алайҳи бесаводӣ, бекорию танпарварӣ намоем, террор алайҳи ақидаҳои фиребандаю дасисабозони кӯрдил ва нотавонбинони тангназар корбаст намоему ақлу дониш ва хиради волоро муқобили таълимоти онҳое равона созем, ки Тоҷикистони озоду рӯ ба тараққӣ овардаи моро чашми дидан надоранду аз ободии кишвари комилҳуқуқи мо дар ҳаросанд.Ҷаҳд барои побарҷову бардавомии ваҳдати миллии кишварамон ва мутантании сулҳи ҷаҳон намоем. Нагузорем, ки ҳеҷ яке аз шаҳрвандони сарзамини муқаддасамон, алалхусус, ҷавонони ояндасози миллати бофарҳангу тамаддунпарвари мо ба доми ифритиёну ифротгароён афтида, дар ду ҷаҳон сияҳрӯз гарданду гирифтори лаънати ҷаҳониён шаванд.

Бознашр аз http://kgu.tj/donishgo-i-mo/?ELEMENT_ID=785

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-08-2018, 09:43:45 | Диданд: 724