МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бадахшон: ба қонуншиканиҳо ҷой нест.

Бадахшон: ба қонуншиканиҳо ҷой нест.

 

Ҳодисае чанд рўзи охири вилояти Бадахшон дар гирди забони ҳама мардуми кишвар мебошад. Пахши намоиши махсус ба воситаи шабакаҳои телевизиони кишвар бори дигар собит сохт, ки сатҳи зиндагии мардум ва оромию суботи мо дар маркази диққати Пешвои муаззами миллат мебошад. Мо мардуми тоҷик ғамхории Президенти кишварро нисбат ба ин минтақаи дурдасти кўҳистон борҳо дидаем.

Воқеан имрўз гуруҳе, ки осоиши ин мардумро намехоҳад аз чунин тарзи кор ва риояи реҷаи он норозиги доранд, зеро майдони ҷинояткриҳои эшон маҳдуд мегардаду охирон вано мешавад.

Таърихан медонем, ки он инсоне хушбахтона хаёт ба сар мебарад, ки пойбанди қонун аст. Мо дар намоиши шабакаҳо дидем, ки ҷавонон дар ҳолати  мастӣ паси чамбараки мошин нишаста онро дар кучаҳои шаҳр бо суръати баланд меронанд, ки боиси ҳодисаҳои нохуш мегардад. Оё сади роҳи чун ашхосон шудан хатост. Ин ба ҳамаи тоифа одамоне писанд намеояд, ки аз ин ҳама бо низомию қонуншиканиҳо фоидае ба даст меорад.

Насли калони Бадахшонро лозим меояд, ки бо ҷавонон бошанду ба онҳо фаҳмонанд аз амалҳои бади сархушкунанда даст кашида ба корҳое машғул гарданд, ки оянда арзи пушаймони накунанд.

Мо бо воситаи шабакаҳо мебинем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Бадахшон чи қадар иншоҳотҳои фарҳангию варзиши сохта ба истифода додаасту боз сохтумони даҳҳо чунин иншоотҳо бо суръат идома дорад.

Бадахшон бо фарзандони бо нангу номуси худ овозманд буд боз  мешавад.  

Солеҳов Р-корманди шуъбаи маорифи ноҳия

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-10-2018, 12:45:46 | Диданд: 711