МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ОИЛА РУКНИ МУҚАДДАСУ АРЗИШМАНД

ОИЛА РУКНИ МУҚАДДАСУ АРЗИШМАНД

Масоили маърифати оиладорӣ, омода намудани насли ояндасози кишвар ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд беш аз ҳар вақти дигар дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва доираҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтаанд.

Ин бесабаб нест. Зеро таи солҳои охир вайроншавии оилаҳо, никоҳи хешу таборӣ, таваллуди кӯдакони маъюб зиёд шуда, боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Борҳо мушоҳида шудааст, ки баъди бекоршавии ақди никоҳ кӯдакон дар нимароҳ мемонанд, азоби руҳию ҷисмонӣ мекашанд. Иддае аз онҳо, ки дар оила тарбияи хуб надидаанд, ба доми фиреби гуруҳҳои ифротию террористӣ афтида, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, назири муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба аҳамияти ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз пошхурдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол меафзояд, изҳори  нигаронӣ намуд. Бо таассуф зикр кард, ки танҳо дар соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи бақайдгирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст.

Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки соли 2015 «Соли оила» эълон карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ ёфт. Дар воситаҳои ахбори омма перомуни ин иқдоми неки Сарвари давлат матолиби зиёди таҳлилӣ бо пешниҳодҳои мушаххас нашр шуданд. 3- феврали соли ҷорӣ таҳти рақами 352 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила» ба тасвиб расид. Боварӣ дорем, ки аз ин баъд сокинони кишвар дар ҳалли мушкилоти мавҷуда бетарафӣ ихтиёр намекунанд ва бо саъю талоши доимӣ дар таблиғи устувории оила ва рушди фарҳанги оиладорӣ саҳми назарраси худро мегузоранд.

Масъалаи дигаре, ки Президенти мамлакат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон мебошад. Воқеан яке аз сабабҳои асосии пош хурдани оилаҳои ҷавон дар он аст, ки бисёр аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, агар фарзанд пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузарад, бо ин амали худ барои бунёди оилаи хушбахт ва ба дунё омадани кӯдаки солим, ки меваи ширини умри одамӣ мебошад, замима мегузорад. Никоҳи хешу таборӣ бошад, боиси вайроншавии оилаҳо ва ба дунё омадани фарзандони маъюбу носолим мегардад.

Дар иртибот ба мавзуъ яке аз саҳобагони паёмбари ислом ривоят овардааст, ки: «Ба хешу ақрабои худ издивоҷ накунед, вагарна фарзандони шумо лоғар ба дунё меоянд».

Унсурулмаолии Кайковус менависад, ки: «Зан аз қабилаи дигар интихоб намо, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту аҳли ту бошанд».

Ба гуфтаи Сарвари муаззами кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «… ба мо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ талош намуда, симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманди халқамон устуворона ҳифз ва нигаҳдорӣ намоем».

Дар ин росто кормандони дастгоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бар меоянд, нақша – чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намуд. Гузаронидани ҷамъомадҳо дар мавзуи «Соли 2015 «Соли оила», пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, фаҳмонидани оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, ҳифзи муносибатҳои оилавӣ, баромаду вохурӣ дар маҳаллаҳои истиқоматӣ, дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди деҳоти ҷамоат  ташкил карда гузаронида истодааст.

Дастгоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев боварӣ дорад, ки дар соли 2015 «Соли оила» ҳар як фарди бонангу номӯси Ватан, ниҳодҳои дахлдор дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, маърифати ҳуқуқии аҳоли, такмили оила, танзими муносибатҳои оилавӣ саҳми муносиб мегузоранд ва ба ин васила мақоми зан модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд.

М. ОРИФОВ,

раиси ҷамоати деҳоти ба номи

Миралӣ Маҳмадалиев. 

Илова кард: Бобоев Аҳмад | Илова шуд: 2015-10-12 | Диданд: 1476