МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

САРВАРИ МО ИФТИХОРИ МОСТ

САРВАРИ МО ИФТИХОРИ МОСТ

Мардуми шарифи ноҳияи Восеъ чун дигар сокинони ҷумҳурӣ  қабул гардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»  эътироф намудани Сарвари давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуш пазируфта, онро иқдоми саривақтӣ ва хоҳишу дархости кули мардуми Тоҷикистон медонанд.

Ба ифтихори қабул гардидани қонуни мазкур ва ҷонибдорӣ аз он дирўз дар боғи фарҳагу истироҳати маркази ноҳия ҷамъомади сернуфузи сокинони ноҳия ва кормандони корхонаю ташкилот баргузор гардид.  Ҷамъомади тантанавиро ба ин муносибат мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия узви кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ Субҳони Раҷаб ифтитоҳ намуд. Сипас, Раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф баромад  намуда, аз фаъолияти сиёсию меҳнатӣ, ҳамчун роҳбару роҳнамои мардуми тоҷик, саҳмгузори оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ, баҳамоварандаи мардуми тоҷик аз дурру наздик сухан ронд ва афзуд, ки мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, ки он шакли қонунӣ гирифтааст мувофиқи дархости мардуми тоҷик ва халқи Тоҷикистон аст ва мо сад дар сад аз он ҷонибдорӣ менамоем. Ҳамчунин дар ҷамъомад  раиси суди ноҳия Далер Холиқмуродзода, раиси ветеранҳои ҷангу меҳнати ноҳия Қурбон Сафаров, собиқадори меҳнат Хатичамоҳ Ҷолматова,  омўзгори Литсейи касбии техникии ноҳия, падари шодравон Рустам Амакиев Холалӣ Амакиев ва як зумра донишҷўёну хонандагони макотиби ноҳия баромад намуда, қабул гардидани Қонунро «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат» эълон доштани сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, мардуми шарифи ҷумҳурӣ ва кули тоҷикони ҷаҳонро ба ин муносибат шодбош гуфтанд.   

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2015-12-15 | Диданд: 1235