МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МУСО ҒАФУРЗОДА

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МУСО ҒАФУРЗОДА

Табрикоти Раиси ноҳия Мусо Ғафурзода ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи ноҳия

 

 

Ҳамдиёрони  азиз!

Боиси шодию фараҳ ва ифтихори бузург аст, ки Тоҷикистони азизамон, мардуми шарифи он зери ливои озодӣ, соҳибихтиёрӣ баробари мамолики дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқ қадам зада, дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ саҳм мегирад. Ҳамаи ин ба шарофати дастоварди таърихӣ, барои инсоният аз ҳама неъмати воло -Истиқлолияти давлатӣ аст, ки 24 сол муқаддам  насиби миллати тоҷик гардид. Ва метавон гуфт, ки ин воқеаи ниҳоят муҳим дар даҳаи асрҳои сипаригардида барои миллати тоҷик назир надорад. Аз ин лиҳоз ин санаи муҳим – 9 сентябрро мардуми Тоҷикистон ҳар сол чун ҷашни олишон бо рӯҳияи баланди сиёсӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ бо тантана ҷашн мегиранд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, мардуми шарифи ноҳияро ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз самими дил табрик гуфта, таманнои он дорам, ки тамоми хушиҳои зиндагӣ насибашон гардад ва парчами сулҳу дӯстӣ, рафоқату ягонагӣ ба сӯи ояндаи дурахшон  роҳнамун бошад.

Бояд тазаккур дод, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар муддати кутоҳ хеле пеш равад. Нишондиҳандаҳои бадастомада давоми зиёда аз ду даҳсола шаҳодати онанд, ки ҳаёти кишвар чи аз лиҳози сиёсию чи аз лиҳози иқтисодӣ хеле боло рафт. Аркони давлатдорӣ, таҷриба дар ин бахш ба зинаи навин баромада, сатҳи зиндагии мардуми кишвар то рафт рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Танҳо овардани як рақам - баланд шудани сатҳи зиндагии мардум давоми ду даҳсола ин гуфтаҳоро исбот менамояд. Агар сатҳи камбизоатии мардум соли 1992-1994 ба 80 фоиз мерасид, пас ин ракам имрӯз 34 фоизро ташкил медиҳад, ки ин шарофати дастовардҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мутаассифона, бояд тазаккур дод, ки ин пешрафту дигаргуниҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ноил шудан ба ин дастовардҳо ҳам мардуми  Тоҷикистон ва ҳам Сардори давлатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу меҳнати зиёде ба харҷ доданд.

Мардуми калонсол воқеаҳои солҳои навадумро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Ҷангҳои бародаркӯш, бародар муқобили бародар буду маҳал муқобили маҳал. Шумораи қурбониён, фирориён, ятиму бесарпаноҳ мондани тифлон ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд. Ҳамаи инро барои мо душманони миллат, онҳое ки истиқлолияти комили миллати тоҷикро намехостанд, рӯи кор оварданд. 

Бо вуҷуди мушкилиҳои сахту сангини он солҳо мардуми тоҷик тавонист зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба оину суннатҳои давлатдорӣ,  ва фарҳангу анъанаҳои пурғановати миллиамон асосҳои давлати муосирро фароҳам созад. Ва, хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳони имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф карда, ба мақоми он арҷ мегузорад ва ташаббусҳои созандаи онро ба хотири ҳаллу фасли  масоилу мушкилоти гуногуни сайёра дастгирӣ менамояд.

Боиси сарфарозӣ ва хушбахтии мост, ки муносибати Тоҷикистон бо кишварҳо ва манотиқи гуногуни дунё торафт торафт вусъат пайдо карда, акнун Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз равандҳои олами муосир берун буда наметавонад. Ва ин ҳолат моро водор месозад, ки ҳадафҳои пешрафти кишварамон, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатамонро дар арсаи байналмиллалӣ беҳтару хубтар дарк намоем.

Вақте ки дар бораи нақши сарнавиштсози истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа сухан меравад, моро зарур аст, ки масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зурурати ҳифзи ин неъмати олиро аз мадди назар дур накунем. Вазифа ва қарзи ҳар як фарди солимфикри кишвар ин аст, ки ин дастовардҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ ва ҳифз намоем. Зеро имрӯз ҳам онҳое, ки ба чашми бад сӯи кишвари мо нигоҳ мекунанд кам нестанд. Ҳатто бархе қисман ҷавононро ба роҳи хато мебаранд. Шаҳодати ин ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангу ошӯбҳои мамолики араб мебошад, ки имрӯз натиҷаи талх ба бор оварда, боиси қурбониҳо гардидааст. Аксари ин ҷавононе, ки дар ин муҳорибаҳо иштирок мекунанд ҷавононанд, қисме ҳамсоли истиқлолият бошанд, бархе ҳангоми бархурдҳо наврас буда, аз харобиҳои ҷангҳо ноогоҳ мебошанд. Вале бо фиребу найранг ва бо маблағҳои пулӣ ҷавононро аз роҳ бароварда, ба оташхонаҳои ҷанг мефиристонанд. Мо бояд ба амалу фаъолияти ҳар як гуруҳу ҳаракати тунраву ифротгаро зарбаи ҳалокатовар зада, нагузорем, ки ҷавонон ба ин гуруҳҳо шомил шаванд.

Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат,  ва суботи сиёсию иҷтимоӣ асоси шоҳсутуни ҷомеа ва истиқлолияти давлат аст ва онро мо бояд зиракона посбонӣ намоем.

Итминони комил дорем, ки ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номус ба қалдри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасад, истиқлолияту озодии  сарзамини аҷдодиро чун гавҳараки чашм, неъмати азизу муқаддас нигаҳбонӣ ва эҳтиёт менамояд.

Бигузор Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамеша пойдор  ва мардуми шарафанди он сарбаланду сарфароз бошад. Ва бо ин ниятҳои нек бори дигар мардуми шарифи ноҳияро ба ҷашни олишон табрику таҳният гуфта, барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҷашни истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

Бо сурат

 

АНДАЛЕБИ ТОҶИКИСТОНЕМ МО

 

 

Сокини Фирдавсу Ризвонем мо,

Андалеби Тоҷикистонем мо,

Ин ҷаҳон гар гулшани хушрангу бӯст,

Ғунчае дар ин гулистонем мо.

 

Гаштаем аз ҷоми истиқлол маст,

Фориғ аз ғамҳои давронем мо.

Дар тамаддун ҷои мо минбар бувад,

Мухлиси урфи ниёгонем мо.

 

Ҳарфи воло гуфтаву дар баҳри он,

Гавҳари нодиру рахшонем мо.

Сар бурун аз як гиребон кардаем,

Сулҳро ҳар дам нигаҳбонем мо.

 

Пухт андар боғи мо ҳар хом бар,

Дида ҷову гом мемонем мо.

Ҳамчу шерак ҳар тане  андар дифоъ,

Муҷиби дафъи ҳазоронем мо.

 

Ҳар кӣ шуд ҷӯё зи мо ному насаб,

Дар насаб аз пури Дастонем мо.

 

Абдуҷаббор РОЗИҚӢ,

омӯзгори МТМУ № 15

 

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 931