МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Андешаи “Трамп” нисбати фаъолияти сипоҳи посдорони кишвари Эрон

Андешаи “Трамп” нисбати фаъолияти сипоҳи посдорони кишвари Эрон

Доналд Трамп нафарест, ки як давлати муттаҳидаи абарқудрати ҷаҳониро роҳбарӣ мекунаду дар масъалаҳои сиёсӣ нисбати баъзан давлатҳо интиқоду эродҳо мегирад. Дар масъалаи фаъолияти давлати исломии Эрон, ки баъзан гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ менамояд, мехоҳам назари худро нависаму пешниҳоди хонандагон гардонам.

Дар урфият мегӯянд, ки “дӯстро дар сафар мешиносӣ..” дар ҳақиқат дар масъалаҳои гуногун солҳои зиёде бо касе кору фаъолият намоӣ  мефаҳми, ки дар кадом вақт нафари наздикат дӯсти ҷони аст ё нониву забонӣ. Баъди солҳои 90-ум бештари мардуми мо таваҷҷӯҳи бештар нисбати мардуми форсизабони дигар давлатҳо мекард. Дар асл вақте, ки ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёти моро зиён расонид мо фаҳмидем, ки ба мо ки дӯст будаасту ки душман. Ҳодисаҳои террорестиву экстремистӣ ва ташкили дигар гуруҳҳои мазҳабгаро низ мо фаҳмидем, ки аз куҷо маншаъ мегираду ба онҳо ки дастур медиҳад. Ҳамаи ин ба воситаи телевизион ба мо маълум гашт. Аз ин лиҳоз давлатҳои мутарақии ҷаҳон доимо бо мақсади амну тинҷии дунё ба дигар давлатҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар масъалаи фурӯши яроқу аслиҳа, ташкили гурӯҳҳои террористӣ мубориза баранд. Баҷои ҳамовози баъзан давлатҳои дигар баръакси ҳол мекунанд.

Аз ин лиҳоз ҷомеаи башарирозарур аст, ки дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҷиддӣ кору фаъолият намуда, нисбати корҳое, ки ба ҷамъият зарар меорад чораҷӯи намоянд.   

 

Абдулҳақзода Д-сокини Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-04-2019, 13:21:43 | Диданд: 426