МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм бадбахти меорад

Терроризм бадбахти меорад

Қуввахои экстремистӣ дар ҳолатҳои муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, бо шиору тавсияҳои ғаразнок онҳоро ба вартаи фалокату ҳалокат кашида, фазои сиёсии кишварҳои алоҳидаро муташанниҷ мекунанд.

Ғайр аз ин экстремизм берун аз сиёсат низ арзи вуҷуд карда метавонад.

Ислом-барои халқи тоҷик ҷахонбинӣ, фарҳанг, тарзи ҳаёт ва арзиши ахлоқӣ аст.

Радикализм ва амалхои таҷовузкорона барои ислом хос набуда, он ба мақсад ва моҳияти аслии ислом созгор нестанд.

           Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи гуногун иброз доштаанд, ки "терроризм ватан, миллат ва мазҳаб надорад" ва аз ин ру "мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешоруи ин хатари умумӣ тақозо мекунад" (Паёми Президенти ҶТ. аз 20.01.2016).

           Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар дар байни ҷавонон шуури динӣ ру ба инкишоф ниҳодааст, ин раванди хатарнок на танҳо барои ҷамъият ва давлат, балки барои исломи анъанавии мазҳаби ҳанафӣ низ бетаъсир намемонад.

 

Раҷабова Ш-сокини ноҳияи Восеъ
 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-05-2019, 11:13:48 | Диданд: 434