Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3937]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3927]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 53569
ТАНЗИМ БА ВАЗЪИ ИҶТИМОӢ БАРАКАТ МЕОРАД
Ҳар як халқу миллат дорои одату анъанаҳои хосса мебошад, ки он як унсури фарҳанги ниёгони ӯст. Зеро анъанаю маросимҳо табиатан аз ибтидои таърих миёни ҷомеа ба вуҷуд омадаю дар давраҳои минбаъда ташаккул ёфтааст. Ва яке аз унсурҳои асосии фарҳанги халқи тоҷик ин ҷашну маросимҳои гуногун мебошад, ки чун анъана то замони мо боқӣ мондааст.
Умуман ҳама гуна анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Бинобар ноогоҳию зоҳирпарастии бархе аз шаҳрвандон тайи солҳои охир маъракаҳои серхароҷоту берун аз меъёри маросимҳои миллӣ баргузор мегаштанд, ки барои дигарон бори сангинеро эҷод менамуданд. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузарондани тӯю маъракаҳо сабаби исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро бошад, ба бори гарони зиндагӣ табдил додаанд.
Пешвои миллат ҳамчун роҳбари мушфиқу ғамхор барои таъмини зиндагии осудаю шоистаи мардум тамоми чораҳои заруриро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар вохӯрӣ ва машваратҳо намуда, ба хулосае омаданд, ки бояд ҳар чи зудтар пеши роҳи хурофотпарастиҳо гирифта шавад. Чи тавре ки худи Сарвари кишвар қайд намуда буданд: «… То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳи назаррас ноил шуда наметавонем». Ҳамчунин, таҳлилҳо нишон дод, ки Тоҷикистон воқеан ба қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ниёз дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ваколати дар моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда истифода намуда, ҳамчун субъекти ташаббуси қонунгузорӣ ва бо дастгирии мардум дар санаи 8 июни соли 2007 ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 боб ва 16 модда иборат мебошад, муваффақ шудаанд.
Вазифаи қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамзамон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2007 дар доираи сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди махсусе бо номи «Раёсат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Ба ғайр аз раёсати зикршуда дар маҳалҳо низ комиссияҳои ҷамъиятӣ доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ташкил шуданд.
Ин ва дигар чорабиниҳои ҳуқуқию ташкилӣ василаи беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар буда, ибтидои таҳаввули афкор аст, ки дар озодшавии мардум аз хурофот, одатҳои нолозим ва анъанаҳои нораво мебошад.
Бознашр аз рӯзномаи Ҷумҳурият аз 02.02.2018 №: 26
Мастура ХОЛОНОВА,
омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқи гимназияи № 53
ба номи М. Маҳмудова, шаҳри Душанбе
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-02-2018, 09:22:36 | Диданд: 953